Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз нисф зиёди тоҷикистониён ёди СССР мекунанд. ВИДЕО


Пурсишҳои афкори умум нишон медиҳад, ки баъди 25 соли фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам шумори тарафдорон ва ҳаводорони ҳукумати шӯро дар Тоҷикистон хеле зиёд будааст.

Ҷомеашиноси тоҷик Музаффар Олимов, раҳбари маркази таҳқиқотии “Шарқ” мегӯяд, охирин пурсиши онҳо нишон додааст, ки тахминан аз 10 сокини Тоҷикистон 5-6 нафарашон имрӯз ҳам ёди СССР мекунанд. Ӯ гуфт, дар ин замина солҳои охир ҳарчанд пурсиши махсусе анҷом нашудааст, вале дар чаҳорчӯби пурсишҳои дигар соле пеш ин савол ҳам матраҳ шуд ва маълум шуд, ки тахминан 50-60 дар сади аҳолии Тоҷикистон даврони СССР-ро ба некӣ ёд мекунанд.

Музаффар Олимов гуфт, эҳсоси носталгия ва ё ёди даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бештар дар зеҳнҳои онҳое вуҷуд дорад, ки аз 25-сола боло ҳастанд, дар даврони шӯравӣ таваллуд шудаанд ва дар бораи ин низом ва ин кишвар маълумот доранд.

Музаффар Олимов.
Музаффар Олимов.

Ӯ гуфт, дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мизони муҳаббату дилбастагӣ ба низоми шӯравӣ баландтар аз дигар манотиқ будааст. Аз сӯи дигар, аз назари демографӣ сокинони то 29-солаи Тоҷикистон аз 70 % зиёд ҳастанд, ва вақте онҳо СССР-ро ба некӣ ёд мекунанд, эҳтимол назари онҳо воқеӣ набошад. Онҳое, ки ҷавонанду нақлҳои даврони СССР-ро бештар аз волидону бобоҳои худ шунидаанд, камтар эҳсоси дилгармӣ ба гузашта доранд.

“Шарики стратегии Тоҷикистон будани Русия ҳам ба ин ақидаҳо таъсиргузор мешавад. Қишри муҳими мардуми кишвар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд, онҳо дар симои Русия ҳамон кишвари собиқи бузурги пешина (СССР)-ро мебинанд. Ва дар назари мардум ҳам Русия, ки ҳамкори стратегии Тоҷикистон аст, ин андеша бештар ҷой дорад”.

СССР – “давраи серию пурӣ”

Коршиносон мегӯянд, муҳаббат ба даврони СССР дар назари бисёриҳо ба он хотир баланд аст, ки ин марҳиларо онҳо ҳамчун даврони бидуни мушкил, суботи иқтисодиву иҷтимоии худ, набуди бекориву бепулӣ ва дилпурӣ аз ояндаи худу фарзандонашон арзёбӣ мекунанд. Бахусус онҳое ин ҳарфҳоро мезананд, ки дар солҳои охир бо мушкили пайдо кардани ҷои кори собиту даромади доимӣ рӯбарӯ шудаанд, дар дарёфти хадамоти тиббӣ азият мешаванд ва фарзандонашон имкони таҳсил дар мактабҳои хубро надоранд.

Баъди пошхӯрии шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки як омили ҷиддии дигари ноумедии мардум гардид, ҳамасола беш аз 1 миллион ҷамъияти ин кишвар дунболи кору даромад дар шароити душвор дар Русия дар ҷустуҷӯи кор мегардад. То 10 соли пеш мизони фақр ё бебизоатӣ дар Тоҷикистон 60 дар садро ташкил медод ва имрӯз ин нишондод то 30 дар сад поин оварда шудааст.

"Беловежская пуша" ва суқути шӯравӣ дар 25 соли пеш

8 декабри соли 1991 дар мавзеи Беловежская пуша созишномаи фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ имзо шуд. Раҳбарони вақти Русия, Украина ва Беларусия - Борис Елтсин, Леонид Кравчук ва Станистлав Шушкевич дар мазрааи Вискули Беловежская пуша санади поёни мавҷудияти СССР, ё Иттиҳоди Шӯравиро, ҳамчун ниҳоди ҳуқуқии байналмилалӣ имзо карданд.

Банди аввали ин санад таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мутақилро эълон кард. 12 декабри соли 1991 Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ санади Беловежскро тасвиб кард. Сарфи назар аз ин ки 17 марти соли 1991 бахши умдаи шаҳрвандони Шӯравӣ дар реферундуми умумӣ ба тарафдории Иттиҳод овоз доданд, вале суқути аслии он пештар оғоз шуд. То моҳи декабри соли 1991 ҳамаи 15 ҷумҳурии узви Иттиҳоди Шӯравӣ мустақилияти худро эълон карданд. Бинобар ин имзои созишномаи Беловежск бисёр вақт ҳамчун як расмият арзёбӣ мешавад.

Соли 2005 президенти Русия Владимир Путин суқути Шӯравиро "фоҷеаи бузурги геополитикии асри 20" унвон кард. Бино ба назарсанҷии "Левада" -, бунгоҳи омӯзиши афкори умум дар Русия, ки дар остонаи солгарди созишномаи Беловежск анҷом шудааст, 56 дарсад аз суқути Шӯравӣ изҳори таассуф кардаанд. Танҳо 12 дар сад гуфтанд, ки мехоҳанд СССР бо шакли қаблияш барқарор шавад.

25 сол пеш Шӯравӣ расман суқут кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Тоҷикистони соҳибистиқлол вориди марҳилаи нав ва мушкил шуд

Сокинони Тоҷикистон соли 1991 ҳам дар як пурсиш мухолифати шадиди худро бо фурӯпошии СССР баён карданд, вале, тавре таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, «ночор» ва «муфт» ин ҷумҳурӣ дар қатори 14 республикаи дигари шӯравӣ соҳибистиқлол шуд. 9 сентябри соли 1991 Шӯрои олии Тоҷикистони шӯравӣ қарори «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва 25 декабри он сол ба узвияти Созмони давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ ё СНГ шомил шуд.

Марти соли 1992 Тоҷикистонро ба унвони як давлати мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон СММ пазируфт. Худи ҳамон сол Тоҷикистон ба гирдоби ҷанг афтод, ки ғайрирасмӣ то солҳои 2000-ум идома кард, вале паёмадҳои иқтисодиву сиёсии он то имрӯз дар ҳаёт ва зеҳнҳои мардум таъсиргузор шудааст.

Ҷомеашиносон мегӯянд, дилгармии мардум ба даврони СССР пеш аз ҳама аз назари суботи иқтисодиву иҷтимоӣ арзишманд аст, чунки то имрӯз ҳам бисёри онҳое, ки ба низоми шӯравии зиндагӣ одат карда буданд, наметавонанд чолишҳои замони имрӯзро қабул ва аз рӯи қонунҳои бозор зиндагии худро ба роҳ монанд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG