Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зиёрати қабри Каримов" - ибораи нав дар бахши сайёҳии Узбакистон. ВИДЕО


"Зиёрати қабри Ислом Каримов" ба ибораи наве дар бахши сайёҳии Узбакистон табдил шудааст. Даҳҳо нафар ҳар рӯз ба назди қабри ӯ рафта, дуову фотиҳа мехонанд ва ҳатто шӯхиомез сафар ба Самарқандро "ҳаҷҷи асғар" меноманд.

Каримов рӯзи 2 сентябри имсол бар асари сактаи мағзӣ дар синни 78 даргузашт ва баъди як рӯз дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд. Ӯро ба роҳи охират ҳазорон сокини Узбакистон, намояндагони мақомот, наздикон, сафирон ва раҳбарони баъзе аз кишварҳо гусел карда буданд.

Бо гузашти бештар аз як моҳ аз марги Ислом Каримов шаҳри Самарқанд аз “сайёҳони” дохилӣ пур шудааст. Аксари онҳо эътироф мекунанд, ки барои зиёрати қабри раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон рафтаанд. Сокинони Самарқанд мегӯянд, бори аввал аст, ки чунин теъдоди бузурги “сайёҳони” дохилӣ ба шаҳри онҳо сарозер шудаанд. Ба қавли онҳо, бештари ин сайёҳон аз вилояти Қашқадарё ва водии Фарғона ҳастанд.

Зиёрати қабри Каримов - вожаи нав дар бахши сайёҳии Узбакистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00

Яке аз сайёҳон дар суҳбати видеоӣ гуфтааст, ки “мо барои зиёрати қабри Ислом Каримов омадем”. Сайёҳи дигар гуфтааст, онҳо ҳафт ҷои муқаддасро гаштанд ва дар баробари он оромгоҳи Ислом Каримовро низ зиёрат карданд.

Бештари сайёҳон аввал қабри Ислом Каримовро зиёрат карда ва сипас ба манзиле мераванд, ки Каримов дар онҷо ба дунё омадааст. Ин хона дар маркази шаҳри Самарқанд ва дар паси мадрасаи Бибихонум ҷойгир аст. Дуову фотиҳа хондан дар сари қабри гузаштагон яке аз анъанаҳои исломист ва бо гузашти сӣ рӯз аз замони марги Каримов ҳар рӯз тавассути баландгӯякҳо рӯҳониён дар ҳаққи ӯ тиловати Қуръон мекунанд.

Аммо ба сайёҳони дохилӣ иҷозат дода нашудааст, ки дар сари қабри Ислом Каримов ва хонааш акс бигиранд. Аз миёни сокинони одӣ Ҳусан Ҳоҷибоев, нафақахӯри 76-сола аз вилояти Намангони Узбакистон нахустин нафаре буд, ки бо дучархааш ба зиёрати қабри Ислом Каримов рафта буд. Баъди бозгашташ ба Намангон қисме аз корбарони Facebook пул ҷамъ карда, барои Ҳоҷибоев дучархаи нав ва яхдон хариданд.

Ислом Каримов аз соли 1989 то моҳи сентябри имсол раҳбари Узбакистон буд ва дар ин муддат, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони сиёсии ӯ саркӯб шуда, аз шиканҷа ва ҳангоми ҷамъоварии пахта аз меҳнати маҷбурӣ фаровон истифода шудааст.

XS
SM
MD
LG