Соли 2025 ба ривояти аксҳо
Шуморе аз таъсиргузортарин лаҳзаҳо ва муҳимтарин рӯйдодҳои хабарӣ аз манотиқи таҳти пӯшиши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ тавассути аксбардорон сабт шудааст.
5
Мардум дар 11 март аз тирезаи як бинои истиқоматӣ дар Маскав нигоҳ мекунанд, ки ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ҳадафи ҳамлаи як паҳбоди украинӣ қарор гирифтааст.
Акс аз хабаргузории "Рейтерз".
Акс аз хабаргузории "Рейтерз".
6
Игор Лосик, рӯзноманигори бахши белорусии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ пас аз озодӣ аз боздошт дар Белорус, рӯзи 11 сентябр дар Вилнюс бародараш Микитаро дар оғӯш мегирад. Игор беш аз панҷ сол аз ҳукми 15-солаи худро, ки ба иттиҳоме бо ангезаҳои сиёcm алайҳи ӯ содир шуда буд, гузаронд. Лосик ҳамроҳ бо 50 тани дигар дар пайи гармтар шудани робитаҳои Амрико ва Белорус, озод шуд. Акс аз бахши белорусии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.
7
Чойхонаи "Роҳат" дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни тахриби он дар аввалҳои моҳи март. Ин бино яке аз намодҳои маҳбуби пойтахти Тоҷикистон буд ва дар феҳрасти беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон қарор дошт. Бо ин ҳол, эътирози мадании сокинони маҳаллӣ барои наҷоти ин бино, дар миёни мавҷи сохтмонсозии ҳукумат, ки дар ҳоли дигаргун кардани пойтахт аст, ба натиҷа нарасид.
Акс аз Шаҳлои Абдуллоҳ, аз бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.
Акс аз Шаҳлои Абдуллоҳ, аз бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.
8
Як сарбози қирғиз дар канори симхори тозакашидашуда дар марзи кишвараш бо Тоҷикистон дар 14 октябр дида мешавад. Пас аз солҳо ихтилоф миёни ин ду кишвари Осиёи Марказӣ бар сари хатти марз, Душанбе ва Бишкек дар моҳи марти имсол ба созиш расиданд. Акс аз Ҷениш Айдаров, аз бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.