Пайвандҳои дастрасӣ

Си Ҷинпин барои панҷ соли дигар раҳбари Чин интихоб шуд


Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин президенти кунунии ин кишвар Си Ҷинпинро бори дигар раҳбари ин ҳизб интихоб кард. Вай ҳамчунин бори дигар раҳбари Комиссияи марказии низомӣ, баргузида шуд. Си Ҷинпин ҳамакнун барои панҷ соли дигар дар мақоми раиси ҷумҳури Чин, боқӣ мемонад.

Дар поёни Анҷумани 19-уми Ҳизби коммунисти Чин аъзои нави Бюрои сиёсии ин ҳизб эълон шуданд. Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти Чин аз ҳафт нафар иборат аст ва президент Си Ҷинпин ва нахуствазири он кишвар Ли Кэсян дар миёни онҳ мебошанд.

Ҳизби коммунисти Чин дар ҳоле раҳбарони худро интихоб кард, ки ин кишвар аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи озодиҳои баён ва ақида, фишор ба рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, интиқод мешавад.

Анҷумани Ҳизби коммунист яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ дар Чин ба шумор меравад ва ҳар панҷ сол як бор баргузор мешавад. Си Ҷинпин соли 2012 раҳбари Ҳизби коммунисти Чин шуда буд ва як сол баъд ба курсии президентӣ нишаст.

Интихоби дигарбораи Си Ҷинпин ба мақоми раҳбарии Ҳизби коммунисти Чин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта ном ва афкори ӯ ба оинномаи ин ҳизб илова шуд. Ин нахустин бор аз замони Мао Дзе Дун, бунёдгузори Ҷумҳурии Халқии Чин аст, ки ном ва ақидаи як раиси ҷумҳур дар дар вақти барҳаёт будани ӯ, ба оинномаи ҳизби ҳокими Чин илова мешавад.

Сотсиализми чинӣ

Нуздаҳумин Анҷумани Ҳизби коммунисти Чин, ки ҳар панҷ сол як бор баргузор мешавад, дар охирин рӯз ном ва афкори президенти кунунӣ бо номи "Андешаҳои Си Ҷинпин дар мавриди сотсиализм бо хусусиятҳои чинӣ барои рӯзгори нав"-ро, ба оинномаи хизби ҳоким илова кард. Ақидаҳои ду раҳбари пеш аз Си Ҷинпин -- Сзян Сзэмиин ва Ху Сзинтао дар гузашта бидуни зикри номи онҳо дар Қонуни Асосии Чин, ворид карда шуда буд.

Президени Чин дар маросими ифтитоҳи ин Анҷуман гуфта буд, ки Пекин "дарҳои худро бар рӯи ҷаҳон нахоҳад баст" ва иқтисоди Чин аз гузашта бештар пазирои ҷаҳон хоҳад шуд. Ӯ дар ҳузури беш аз ду ҳазор тан аз намояндагони Ҳизби коммунист аз саросари Чин дар суханронии севунимсоатаи худ гуфт, "дарҳои боз пешрафро барои мо ҳадя хоҳад овард... мо фақат бозтар ва бозтар хоҳем шуд."

Си Ҷин Пи дар қисмати дигар аз суханрониии худ изҳор дошт, ки "сотсиализм бо вижагиҳои чинӣ вориди замонаи нав шудааст ва акнун давраи таърихии нав дар рушди кишвари мо оғоз мешавад."

Интиқодҳо аз Чин

Ҳизби коммунисти Чин дар ҳоле раҳбарони худро интихоб кард, ки ин кишвар аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи озодиҳои баён ва ақида, фишор ба рӯзноманигорон, интернет ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, интиқод мешавад.

Чин, ки яке аз густурдатарин шабакаҳои сонсури шабакаҳои маҷозӣ дар ҷаҳонро доро аст, ба саркӯби мухолифон, вакилони дифои зиндониёи эътиқодӣ ва сиёсӣ, маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин дахолат дар умури бархе кишварҳо, аз ҷумла Тайванд, муттаҳам мешавад. Чин Тайванро як вилояти "саркаш" меномад.

Густариши ҳузури низомии Чин дар обҳои минтақа мавриди нигаронӣ ва интиқоди кишварҳои ҳамсоя мебошад. Аз сӯи дигар, бархе аз нозирон мегӯянд, дар ҳоле, ки сиёсати Амрико таҳти раҳбарии Доналд Трамп бар пояи "Аввал Амрико", пеш меравад, Ҷумҳурии мардумии Чин қасд дорад парчамдори "ҷаҳонисозӣ" шавад.

Чин ва Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Чинро як шарики муҳими стратегӣ меноманд. Ин кишвар, бахусус дар давраи раҳбарии Си Ҷинпин, ки аз Тоҷикистон ҳам дидан кардааст, ба тарҳҳои зиёди инфрасохториву истеҳсолӣ сармоягузорӣ кардааст. Гардиши солонаи молу коло миёни ин ду кишвар ба 2 миллиард доллар баробар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG