Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ном ва афкори Си Ҷинпин ба оинномаи ҳизб илова шуд


Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин.
Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин.

Ном ва афкори Си Ҷинпин, президенти кунунии Чин ба оинномаи Ҳизби коммунисти ин кишвар илова шуд. Ин нахустин бор аз замони Мао Дзе Дун, бунёдгузори Ҷумҳурии Халқии Чин аст, ки ном ва ақидаи як раиси ҷумҳур дар дар вақти барҳаёт будани ӯ, ба оинномаи хизби ҳокими Чин илова мешавад.

Нуздаҳумин Анҷумани Ҳизби коммунисти Чин, ки ҳар панҷ сол як бор баргузор мешавад, дар охирин рӯз ном ва афкори президенти кунунӣ бо номи "Андешаҳои Си Ҷинпин дар мавриди сотсиализм бо хусусиятҳои чинӣ барои рӯзгори нав"-ро, ба оинномаи хизби ҳоким илова кард. Ақидаҳои ду раҳбари пеш аз Си Ҷинпин -- Сзян Сзэмиин ва Ху Сзинтао дар гузашта бидуни зикри номи онҳо дар Қонуни Асосии Чин, ворид карда шуда буд.

Кунгураи 19-уми Ҳизби коммунисти Чин дар ҳоле баргузор шуд, ки ин кишвар аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи озодиҳои баён ва ақида, фишор ба рӯзноманигорон, интернет ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, интиқод мешавад.

Президени Чин дар маросими ифтитоҳи ин Анҷуман гуфта буд, ки Пекин "дарҳои худро бар рӯи ҷаҳон нахоҳад баст" ва иқтисоди Чин аз гузашта бештар пазирои ҷаҳон хоҳад шуд. Ӯ дар ҳузури беш аз ду ҳазор тан аз намояндагони Ҳизби коммунист аз саросари Чин дар суханронии севунимсоатаи худ гуфт, "дарҳои боз пешрафро барои мо ҳадя хоҳад овард... мо фақат бозтар ва бозтар хоҳем шуд."

Си Ҷин Пи дар қисмати дигар аз суханрониии худ изҳор дошт, ки "сотсиализм бо вижагиҳои чинӣ вориди замонаи нав шудааст ва акнун давраи таърихии нав дар рушди кишвари мо оғоз мешавад."

Бо илова шудани номи ӯ ва ақидаҳояш ба оинномаи ҳизби ҳоким раҳбари феълии Чин дар радифи шахсиятҳое монанди Мао Дзе Дун, бунёдгузори низоми ҳоким ва Дэн Сяопин -- фарде, ки дарҳои иқтисоди Чинро кушод, қарор гирифтааст. Албатта фарқ дар он аст, ки ҳатто номи Дэн Сяопин низ то замони зинда будан, ба оинномаи ҳизб илова нашуда буд.

Рухдодҳои ҳафтаи гузашта дар ҷараёни Конгресси Ҳизби коммунисти Чин метавонад нишондиҳандаи нуфуз ва қудрати Си Ҷинпин дар дастгоҳи раҳбарии он кишвар бошад. Бисёре аз нозирон тайи рӯзҳои гузашта дар интизор буданд то бубинанд оё Си Ҷинпин дар ин рӯзҳо лақаб ва ё ҷойгоҳе монанди лақаби Мао Дзе Дун хоҳад гирифт ё на.

Мирҳат Шарифҷон, шореҳи масоили сиёсӣ дар Радиои Озодӣ мегӯяд, ки Си Ҷинпин талош мекунад, ки номи худро дар таърих боқӣ гузорад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин таҳлилгар, ӯ шояд мехоҳад дар қудрат барои солҳо боқӣ бимонад ва эътибораш мисли Дэн Сяопин бошад, ки "баъд аз Мао Дзе Дун дар рушди Чин нақши боризе дорад ва маҳз ислоҳоти Дэн Сяопин боиси рушди босуръати иқтисоди Чин шуд, ки имрӯз натиҷаашро мебинем. Ҳоло иқтисоди Чин баъд аз Амрико дар ҷаҳон дар зинаи дувум қарор дорад."

Анҷумани 19-уми Ҳизби коммунисти Чин.
Анҷумани 19-уми Ҳизби коммунисти Чин.

Як кумитаи ин ҳизб, рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми октябр тасмими худ дар бораи раҳбари ояндаи ҳизб, ки президенти оянда низ хоҳад буд, эълон хоҳад кард. Ин кумита аз ҳафт нафар иборат аст. Си Ҷинпин соли 2012 раҳбари Ҳизби коммунисти Чин шуд ва як сол баъд ба курсии президентӣ нишаст.

Анҷумани 19-уми Ҳизби коммунисти Чин дар ҳоле баргузор шуд, ки ин кишвар аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи озодиҳои баён ва ақида, фишор ба рӯзноманигорон, интернет ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, интиқод мешавад.

Чин, ки яке аз густурдатарин шабакаҳои сонсури шабакаҳои маҷозӣ дар ҷаҳонро доро аст, ба саркӯби мухолифон, вакилони дифои зиндониёи эътиқодӣ ва сиёсӣ, маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин дахолат дар умури бархе кишварҳо, аз ҷумла Тайванд, муттаҳам мешавад. Чин Тайванро як вилояти "саркаш" меномад.

Густариши ҳузури низомии Чин дар обҳои минтақа мавриди нигаронӣ ва интиқоди кишварҳои ҳамсоя мебошад. Аз сӯи дигар, бархе аз нозирон мегӯянд, дар ҳоле, ки сиёсати Амрико таҳти раҳбарии Доналд Трамп бар пояи "Аввал Амрико", пеш меравад, Ҷумҳурии мардумии Чин қасд дорад парчамдори "ҷаҳонисозӣ" шавад.

XS
SM
MD
LG