Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳаёт ба шумо чӣ халал мерасонад?


Дар ҳаёт ба шумо чӣ халал мерасонад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Агар дар сӯҳбатҳои хоса аз шумори аксари мардуми Тоҷикистон суол кунед, ки дар роҳи рушди зиндагии шумо садде ҳаст ва ё дар рӯзгори шумо касе ва ё чизе халал мерасонад?, ҳатман аз мушкилот лаб мекушоянд. Аммо назарпурсиҳо ҳокӣ аз он аст, ки маҳз ҳамин мардуми саропо дар мушкил печида дар пурсишҳои расмӣ ҳатман худро онгуна ба намоиш мегузоранд, ки ҳеҷ мушкиле онҳоро домангир нест ва касе ва чизе ба онҳову ба зиндагии онҳо халал намерасонад. Зоҳиран мардум медонанд, ки бо ошкор кардани мушкилоти рӯ ба рӯяшон масъалае ҳал намешавад ва аз ин рӯ, тавре ҳам ки яке аз ҳамсӯҳбатони «Озодӣ» гуфт: «Даҳони баста сад тило.» Аммо боз ҳам теъдоде аз мардум шикоят мекунанд, ки фасодзадагии ҷомеа, мушкилоти иқтисоду молиявӣ аз саддҳои бузерге аст, ки дар роҳи рушди зиндагии онҳо қарор гирифтааст. Афроде ҳам аз нафарони хосе ном мебаранд, ки дар зиндагии онҳо халал ворид кардаанд, аммо боз ҳам дар ошкор кардани исми мушаххас худдорӣ мекунанд. Шояд шумо ошкор кунед, ки ба зиндагии шумо чӣ ё кӣ халал мерасонад?

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG