Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи Владимир Глухов - рассоми ошиқи Тоҷикистон дар Амрико

Дар шаҳри Ню-Ҷерсии ИМА давоми ду ҳафта аз 14 то 28 январи имсол намоишгоҳи наққошиҳои рассоми тоҷикистонӣ Владимир Глухов баргузор мешавад. Намоишгоҳ дар осорхонаи “Санъати русӣ” (“Russian Art”) ташкил ва 22 наққошии Владимир Глухов, ки бо илҳом аз табиату рангҳои Тоҷикистон офарида шудаанд, ба маъраз гузошта мешаванд.

Дар даъватномаи ширкат дар намоишгоҳи наққошиҳо гуфта мешавад, ки Глухов як рассоми рус ва осиёӣ буда, эҷодиёти ӯ ғанӣ аз манзараҳои зебову кӯҳу чаманҳои ватанаш аст. Наққошиҳои ӯ бозгӯи даврони гузаштаву имрӯз аст.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG