Вазорати умури хориҷии Русия аз қасди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Амрико барои тафтиши бинои консулгарии Русия дар Сан-Франсиско ва маҳалли зисти кормандонаш дар ин макони дипломатӣ изҳори нигаронӣ кард. Мақомоти ин ниҳод гуфтанд, ки амалкарди Амрико “таҳдиди рӯйирост ба шаҳрвандонаш аст”.
Мо аз самими қалб мехоҳем, ки фазои сиёсии байни ду кишвар ба ҳолати одӣ баргардад. Вале медонем, ин монанди рақси “Танго” аст, ки ду тараф бояд дар он саҳм гирад.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия, дар изҳороти рӯзи ҷумъа гуфт, қарор аст, ин бозрасӣ 2-юми сентябр анҷом шавад. Иёлоти Муттаҳида дар ҳафтаи ҷорӣ аз Русия хоста буд, ки консулгариаш дар Сан-Франсиско ва ду намояндагии тиҷоратиаш дар Вашингтону Ню-Йоркро бибандад ва барои ин то рӯзи шанбе мӯҳлат дод.
То ҳол мақомоти Вазорати умури хориҷии Амрико хабари қасди тафтиш дар бинои консулгарии Русиярро шарҳ надодаанд. Маълум нест, ки оё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воқеан, нияти бозрасиро доранд, ё хайр.
Аммо як мақоми амрикоӣ дар ҷавоби хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бинои консулгарӣ рӯзи шанбе баста шуда, Русия дигар ҳаққи истифодаи онро барои корҳои дипломатӣ ва зист надорад. “Бино баста мешавад ва фақат Вазорати умури хориҷии Амрико ба он дастрасӣ хоҳад дошт”, - гуфт ин мақоми амрикоӣ, ки нахост номаш бурда шавад.
Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо баёнгари он аст, ки хуруҷи дуд аз дудбароҳои консулгарии Русия дар Сан-Франсиско боиси ҳузури оташнишонҳо дар наздикии ин бино шудааст. Ба гузориши расонаҳои Амрико, оташнишонҳо дар ин шаҳр тасдиқ кардаанд, ки кормандони консулгарӣ дар ҳоли сӯзондани бархе аз ашё ҳастанд.
Ба гузориш телевизиони CNN, як мақоми рус дар бораи берун шудани дуд аз дудбароҳои консулгарии Русия дар Сан-Франсиско гуфтааст, "ҷои нигаронӣ нест. Қарор нест, ки Поп интихоб бишавад."
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи гузашта эълон кард, ки ба муқобили иқдомоти ахири Амрико гомҳои ҷиддӣ ва муносиб бардошта хоҳад шуд.
Лавров ҳангоми сӯҳбат бо як гуруҳи муҳасслиин дар Маскав гуфт, “раиси ҷумҳур Владимир Путин чандин бор гуфтааст, ки мо намехоҳем, дар пархош бо Амрико даргир шавем. Мо дар баробари мардуми Амрико ҳамеша роҳи дӯстиро пеш гирифтаем ва ҳоло ҳам барои манфиатҳои худ ба ҳамкории босамар ҳозир ҳастем. Мо аз самими қалб мехоҳем, ки фазои сиёсии байни ду кишвар ба ҳолати одӣ баргардад. Вале медонем, ин монанди рақси “Танго” аст, ки ду тараф бояд дар он саҳм гирад. Вале барои ман чунин менамояд, ки тарафи Амрико якҷониба рақси “Брейк данс”-ро анҷом медиҳад.”
Талаби Амрико барои бастани консулгарии Русия дар Сан-Франсиско ва ду намояндагии тиҷоратиаш дар Вашингтону Ню-Йорк баъди он эълон шуд, ки рӯзи 28-уми маскав аз ИМА талаб кард, шумори ходимони дипломатиаш дар Русия бояд то 455 нафар коҳиш ёбад. Ин тасмим бояд то 1-уми сентябр иҷро мешуд.
Ин дуругросткуни дигараш боз пайдо шуд. У сарбоз набуд, у афсар буд гуфта гаштаи ту. На сарбозу на афсар буд...
Э хайрият, ки гуфти. Акнун фахмидем, ки вай афсар бурдааст. Кариб буд, ки мо унвони кахрамониро ба сарбоз медодем.
Кори дуруст кардед хоҳарҷон ба як порча хоки ватан ягон чиз намеарзад ,ба модар хизмат кардан ин алакай аҷри бузург .Мо дар яке аз давлатҳо зиндаги дорем ,ки ягон камбуди надорем локин ҳар руз ватанро ёд мекунем ,ҳар руз дуо мекунем ,ки тез барои якта хона кор кунему ба ватан бозгардем ,ҳаммаи бародаронро гуфтаниям ,ки бозгарданд ҳаммаш хуб мешавад .Озоди озод бошед .
Аз Убайди Зокони: «Рубохеро пурсиданд,ки дар гурехтан аз саг чанд хилла дори? Гуфт: - аз сад зиед бошад, аммо бехтараш ру ба ру нашави «
Он нафаре ки ба ахолии Ишкобод барои телефон мурочиат кард у сарбоз набуд. У афсари дидбонгохи сархади буд. У танхо барои марказ хабар додан омада буд на ба раиси махаллаи туву раиси чамоати ту.