Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки Маскав талаботи Амрикоро дар заминаи бастани се намояндагии дипломатиаш дар хоки Иёлоти Муттаҳида санҷида баъдтар дар ин замина посух хоҳад дод. Лавров рӯзи 1 сентябр гуфт, ки Маскав баъди омӯзиши вазъ посух хоҳад дод. Ӯ тақрибан баъди як шабонарӯзи пахши талаби Департаменти давлатии ИМА посух дод, ки гуфтааст, то 2 сентябри имсол бояд консулгарии Русия дар Сан-Франсиско ва намояндагиҳои тиҷоратии Русия дар Вашингтон ва Ню-Йорк баста шаванд.

Ин изҳорот дар паи он пахш шуд, ки рӯзи 28 июл Русия аз ИМА талаб кард, ки шумори ходимони дипломатиаш дар Русия бояд то 455 нафар коҳиш ёбад. Ин тасмим бояд то 1 сентябр иҷро мешуд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ин талабот вокуниши Маскав ба ташдиди маҳдудиятҳои ИМА зидди Русия дар паи мудохилаи Маскав ба ҷараёни интихоботии Амрико дар соли 2016 мебошад. Ҳарчанд Лавров ИМА-ро дар иқдомҳои муҷозоткунандаи ҷавобӣ муттаҳам кард, вале ба таври мустақим на президент Доналд Трамп ва на маъмурияти онро гунаҳгор накард, балки бо ишора ба президенти собиқ Баарак Обама гуфт, ки Русия хостори равобити беҳтар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG