Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ду тир задааст." Кушта шудани як ҷавон аз сӯйи афсари ВКД дар Ванҷ

Саломатшо Ғалчаев
Саломатшо Ғалчаев

Саломатшо Ғалчаев, сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ, аз сӯйи як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кушта шудааст.

Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шаби 17 ба 18-уми март дар деҳаи Рохарв рух дод. Талошҳои мо барои дарёфти назари мақомот то кунун бенатиҷа буд.

Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки аз қазия огоҳ аст, моҷаро гуё бар сари робитаи афсари ВКД бо як духтари мактабхон сар задааст.

"Духтар дар синфи даҳум мехонад ва хешованди ҷавони кушташуда аст. Шаб, баъди намози таровеҳ, ҷавон аз қазия хабардор шуда, бо афсар бар сари кирдори ахлоқии ӯ вориди ҷанҷоли лафзӣ мешавад. Афсар бо туфангча ба қисми поёни шиками Ғалчаев ду тир задааст," – афзуд ӯ.

Пайкар ё ҷасади Саломатшо Ғалчаевро пас аз ташхис дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ рӯзи 18-уми март дафн кардаанд.

Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, маросими видоъ ва дафни Саломатшо Ғалчаев бо ҳузури раиси ноҳияи Ванҷ ва роҳбарони мақомоти қудратӣ ва зери чораҳои сахти амниятӣ гузашт.

"Мақомот ба ҳеч касе иҷозаи аксу наворгирӣ аз маросимро надоданд," -- гуфт мусоҳиби мо.

Ҳоло, ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ дар ноҳияи Ванҷ, афсаре, ки дар қатли ҷавони 34-сола гумонбар аст ва духтари мактабхону модараш дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ дар боздошт қарор доранд.

Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо дар ҳукумати ноҳияи Ванҷ, афсари гумонзад дар посгоҳи Қушунҳои дохилӣ хидмат мекард ва сокини ноҳияи Ванҷ нест. Ин посгоҳ дар даромадгоҳи ноҳия Ванҷ қарор дорад. Ӯ пештар дар яке аз қисмҳои низомии Қушунҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ кор кардааст.

Аз Саломатшо Ғалчаев панҷ фарзанд мондааст.

XS
SM
MD
LG