Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқшиноси президент нияти бунёди Бурҷи Трамп дар Маскавро тасдиқ кард


Матбуоти амрикоӣ гуфт, ки ҳуқуқшиноси президент Доналд Трамп дар гузорише дар баробари муфаттишони Конгресс эътироф кардааст, ки воқеан ҳам Созмони Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш дар солҳои 2015 ва оғози 2016 дар Маскав нақшаҳои бунёди бурҷи Трампро баррасӣ кардааст. Ин хабар рӯзи 28 август пахш шуд.

Майкл Коҳен, ҳуқуқшиноси Трамп ва он замон мушовири калони Созмони Трамп - дар як гузориши дусаҳифагии худ ба унвонии Кумитаи иттилооти маҷлиси намояндагони Амрико навишт, ки музокираҳо то сатҳи “нияти ифтитоҳи тиҷорат” муваффақиятомез анҷомид, вале баъд “бо сабаби пеш омадани чандин далели тиҷоратӣ” ин барнома лағв шуд.

Ин хабарро оҷонсиҳои Associated Press, New York Times, ABC News ва дигарҳо нашр карда гуфтаанд, ки нусхаи гузоришро дар ихтиёр доранд. Коҳен дар гузориши худ таъкид кардааст, ки нияти бунёди Бурҷи Трамп ба маъракаи интихоботии ӯ ҳеҷ рабте надорад.

Коҳен дар гузориш гуфтааст, ки шахсан ба Трамп дар се маврид дар бораи нияти таъсиси меҳмонхонае дар Маскав хабар додааст ва моҳи октябри соли 2015 Трамп як номаро ҳам дар ин замина имзо карда буд. Коҳен гуфт, ки як имейлро ба номи сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ҳам фиристода аз ӯ дархости кӯмак кардааст. Ин амал бо машварати Феликс Сатер, як миёнараве анҷом шудааст, ки бо Кремлин робитаҳо доштаааст.

XS
SM
MD
LG