Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Антонов: Маскав ба тасмимҳои Вашингтон оромона посух хоҳад дод


Анатолий Антонов
Анатолий Антонов

Сафири нави Русия дар Иёлоти Муттаҳида Анатолий Антонов рӯзи чаҳоршанбе баробари расидан ба Вашингтон гуфт, ки дар посухи қатъ шудани фаъолияти муассисаҳои дипломатии кишвараш дар Амрико, бо шумули консулгарии умумӣ дар Сан-Франсиско, мақомоти Русия бидуни ҳангома амал хоҳанд кард. "Бояд оромона ва ҳирфаӣ бархӯрд кард", - навиштааст хабаргузории РИА Новости аз қавли Антонов.

Пеш аз ин, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар гуфтугӯи телефони бо Рекс Тиллерсон, Котиби давлатии Амрико аз иқдоми Вашингтон изҳори таассуф кард.

Рӯзи 31 август ИМА аз ҳукумати Русия талаб кард, ки фаъолияти консулгариаш дар Сан-Франсискоро қатъ кунад ва ҳузури дипломатҳояш дар Вашингтон ва Ню-Йоркро коҳиш диҳад. Амрико гуфтааст, ки ин талаб бояд то 2 сентябр иҷро шавад.

Иқдоми ахири Вашингтон посух ба тасмимҳои чанде пеши Русия аст. Моҳи июл дар ҷавоб ба таҳримҳои нави Конгресси Амрико алайҳи Русия, Маскав ба коҳиши теъдоди кормандони дипломатии ИМА аз 755 то 455 нафар пофишорӣ кард.

XS
SM
MD
LG