Пайвандҳои дастрасӣ

Волкер: Украина ҳанӯз барои пайвастан ба НАТО омода нест


Курт Волкер, намояндаи хоси Амрико барои ҳалли низоъ дар шарқи Украина

Намояндаи вижаи Амрико барои хатми ҷанг дар шарқи Украина мегӯяд, Киев ҳанӯз барои пайвастан ба НАТО омода нест.

Курт Волкер рӯзи шанбе дар мусоҳиба бо як телевизиони Украина гуфт, ин кишвар ҳанӯз ба марҳилае наздик нашудааст, ки даъвати узвият дар ин паймонро ба даст биорад.

"Омодагӣ барои дохил шудан ба НАТО вақти зиёдро дар бар мегирад", - афзуд ӯ. Вале айни замон муътақид аст, ки Украина барои пайвастан ба НАТО ҳамаи ислоҳоти зарурӣ, аз ҷумла ислоҳот дар бахши амниятро амалӣ хоҳад кард.

Курт Волкер хотирнишон намуд, ки тасмими ниҳоӣ дар бораи узвияти НАТО ба худи Украина тааллуқ мегирад ва Амрикову Русия ва ҳамаи кишварҳои дигар бояд онро эҳтиром кунанд.

Намояндаи вижаи Амрико дар ин мусоҳибааш аз тасмими соли 1994-и Украина ситоиш кард, ки аслиҳаи атомиро тарк намуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG