Соли 2012 ҳаводиси мухталифе рӯй дод, ки дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷаҳон таъсир гузошт. Аксҳое, ки дар ин ҷо гирдоварӣ шудаанд, рӯйдодҳои хотирмони солро бо забони тасвир бозгӯ мекунанд.
Соли 2012 ба ривояти аксҳо
13
Раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бори дуюм савганди президентро ёд мекунад. 17 феврал, Ашқобод (AFP/Igor Sasin)
14
Шаҳрвандони Афғонистон дар Ҷалолобод ба нишони эътироз аз оташзании саҳифаҳои Қуръон дар яке аз пойгоҳҳои НАТО дар Афғонистон раҳпаймоӣ карданд. 22 феврал (Reuters/Parwiz)
15
Ин шаҳрванди Эрон барои раъйдиҳӣ омодагӣ мебинад. Санадҳои ӯ бояд нахуст сабтином шаванд. Теҳрон, 2 март (Reuters)
16
Владимир Путин дар муроҷиат ба тарафдоронаш шоми 4 март дар майдони Манежная дар Маскав ашки чашмонашро пинҳон намедорад. Ӯ дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд (Reuters/Denis Sinyakov)