Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба мошинҳои борбари Тоҷикистон сабукӣ дод. ВИДЕО


Ҳукумати Узбекистон муҳлати убур ё транзити мошинҳои борбари Тоҷикистонро аз қаламрави ин кишвар то 5 рӯз дароз кардааст. Дар гузашта ронандаҳои мошинҳои борбари Тоҷикистон ҳақ доштанд, ки ҳамагӣ се рӯз дар ҳудуди Узбекистон бимонанд, вагарна барои ҳар як рӯз 70 доллар ҷарима мешуданд.

  • Ронандагон гуфтанд, баъд аз гармшавии муносибат, ҳаққи истифодаи роҳҳои Узбекистон барои мошинҳои боркаши Тоҷикистон низ аз 850 доллари пешина то 350 доллар поин оварда шудааст. Онҳо мегӯянд, агар вақти бозгашт низ аз тариқи Узбекистон биоянд, он вақт ҳамагӣ 200 доллар хоҳанд супурд.
Дар сурати аз меъёр бештар мондани мошини боркаш дар қаламрави якдигар ронанда бояд далели беморшавии худ ё вайрон шудани мошинро пешниҳод кунад. Дар ин сурат ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон аз ситонидани ҷарима худдорӣ мекунанд

“Мошин вайрон шуд ва ночор ҷарима супоридам”

Тасмими дароз кардани муҳлати ҳаракат аз қаламрави Узбекистон бештар онҳоеро шод кардааст, ки дар солҳои гузашта барои нақзи ин муқаррарот муҷозот шудаанд. Мурод Ҳасанов, ронандаи мошини боркаш, чанд сол пеш бо 10 тонна зардолу аз шимоли Тоҷикистон тариқи Узбекистон озими шаҳри Барнаули Русия буд. Вале баъд аз чанд соати ворид шудан ба ҳудуди Узбекистон муҳаррики мошинаш вайрон шуд ва ночор тӯли тақрибан як ҳафта онро таъмир кард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Транзит тавассути Узбекистон осонтару арзонар хоҳад шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Он замон мошинҳои боркаши Тоҷикистон муваззаф буданд, ки дар се рӯз қаламрави Узбекистонро тарк кунанд. "Вақте хостем ба Қазоқистон гузарем, марзбонҳо ҳудуди 300 доллари амрикоӣ ҷарима бастанд. Гуноҳам ин буд, ки мошин вайрон шуд ва ман аз вақти муайяншуда зиёдтар истодам", - нақл кард ӯ рӯзи 20-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ин ҳарфҳои Мурод Ҳасановро ҳамкасбаш аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Маҳмадалӣ Тошпӯлодов низ тасдиқ мекунад. Ӯ бештар меваҳои хушки Тоҷикистонро ба Русия ва кишварҳои дигар мебарад.

“То як моҳ бимонӣ ҳам, касе эрод намегирад”

Маҳмадалӣ Тошпӯлодов
Маҳмадалӣ Тошпӯлодов

Тошпӯлодов мегӯяд, дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ҳоло вазъият дар Узбекистон ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст ва борҳо шудааст, ки ҳатто дар сурати 10-15 рӯз дармондани онҳо дар ҳудуди он кишвар касе нуктагирӣ намекунад.

Маҳмадалӣ Тошпӯлодов 20-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло агар то як моҳ дар қаламрави ин кишвар бимонед, мушкил нест. Қаблан агар аз се рӯз дер мекардед, барои ҳар як рӯз 70 доллар ҷарима месупоридед. Ҳоло монеае дар ин замина намондааст”.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии “Узтаг”, бар асоси як қарори ҳукумати Узбекистон нақлиёти борбари Тоҷикистон иҷозаи ҳаракат аз тариқи 18 хатсайри байналмилалии ин кишварро ба даст овардааст. Қаблан мошинҳои борбари Тоҷикистон ҳақ доштанд, ки танҳо тавассути се масир аз қаламрави Узбекистон убур кунанд.

Мақомоти тоҷик: Мошинҳои борбар аз Узбекистон 15 рӯз ҳақ доранд

Сайфулло Қодиров
Сайфулло Қодиров

Сайфулло Қодиров, муовини сардори раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 20-уми декабр гуфт, ҳанӯз нусхаи қарори нави Узбекистон ба дасти онҳо нарасидааст. Вале ӯ гуфт, ҳам Тошканд ва ҳам Душанбе бар пояи як созишномаи дуҷониба тасмим гирифтаанд, ки мӯҳлати транзити мошинҳои боркаши якдигарро тамдид кунанд.

“Феълан нақлиёти борбари хориҷӣ, аз ҷумла, Узбекистон аз ҳаққи то 15 рӯз дар ҳудуди Тоҷикистон монданро доранд. Ҳамчунин ҳарду кишвар тасмим гирифтанд, ки дар сурати аз меъёр бештар мондани мошини боркаш дар қаламрави ҳамдигар ронанда далелҳои беморшавии худ ё вайрон шудани мошинашро пешниҳод кунад. Дар ин сурат ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон аз ситонидани ҷарима худдорӣ мекунанд”, - шарҳ дод ӯ.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар 11 моҳи имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми интиқоли борҳо ба хориҷи кишвар, умдатан тавассути транзит аз қаламрави Узбекистон 9 дар сад азоиш ёфтааст.

Мақомот мегӯянд, ки имтиёзҳои нави ҷониби Узбекистон имкон хоҳад дод, ин нишондод боз ҳам афзоиш ёбад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG