Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигаргуниҳои Қирғизистон ба сиёсати минтақа чӣ таъсир дорад?


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Дар Қирғизистон корзоре бо номи “Ҳизби сотсиал-демократ – бидуни Отамбоев” дар ҳоли шакл гирифтан аст.

  • Фаъолони ҳизби ҳоким аз вилоятҳои гуногуни кишвар дар минтақаҳои худ анҷумани ҳизбро бо талаби хориҷ кардани Алмосбек Отамбоев аз Ҳизби сотсиал-демокорати Қирғизистон, ки феълан роҳбари он аст, баргузор намуданд.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Қирғизистон ду инқилоб рух дод ва се дафъа ба таври мусолиматомез ҳукумат иваз шуд, сӣ маврид комилан ва ё қисман ҳайати ҳукумат бо шумули нахуствазир тағйир кард

Замоне тарафдори ашаддӣ ва ҳоло роҳбари фраксияи Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон дар порлумон Исо Омурқулов то кунун бо фаъолони ин ҳаракат дидор кардааст. “Ӯ андешаи моро дар мавриди ин ки ҳизб моли як нафар нест, пуштибонӣ кард. Розӣ шуд, ки бояд анҷумани навбатиро дар Бишкек бо иштироки намояндагони минтақаҳо баргузор кунем. Ва мутмаин аст, ки аксари аъзо низ дар порлумон моро тарафдорӣ мекунанд”, - гуфт ба рӯзноманигорон ташаббускори ин ҳаракат Сагинбек Абдураҳмонов.

Дар ҳамин ҳол, президенти пешин Отамбоев кишварро 22-уми октябр тарк карда ва ба Маскав рафтааст. Дар ҳизб он замон гуфта буданд, ки роҳбари он ба ҳеч куҷо фирор накардасст ва рӯзи 28-уми октябр ба Бишкек бармегардад.

Тасмим дар мавриди хориҷ кардани президенти пешин ва роҳбари феълии ҳизб талоши аввалин дар ин кишвар нест. Таҳаввуллоте, ки дар Қирғизистон иттифоқ меафтад, ҳамеша пояҳои сиёсии минтақаро ба чолиш мекашад. Дар мавриди чигунагии ин чолишҳо болои ҳамсояҳо Радиои Озодӣ аз коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ суол кард.

Шояд фоидаи бештар бошад

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷики муқими Бишкек бар ин назар аст, ки он чӣ бар сари президенти пешин Отамбоев мегузарад, ҳатман дар доираи нухбагони кишварҳои минтақа ба эътибор гирифта мешавад. “Раҳбарони кишварҳо ин фарояндҳоро дар худ меозмоянд ва ба мушоҳида мегиранд, ки атрофи Отамбоев чӣ мегузарад. Онҳо бори дигар дар доираҳои худ метавонанд бигӯянд, ки набояд қудратро раҳо кард ва ба тамоми тавон бояд ба он часпид”, - бовар дорад рӯзноманигор.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Бо вуҷуди ин, ба назари ӯ, ҳодисаҳои Қирғизистон ба шуури сиёсии шаҳрвандони кишварҳои дигар таъсири бузурге намерасонад. Мамадшоев мутмаин аст, ки дар ин росто кишвари фазосози минтақа Узбекистон аст ва аз он ки дар ин кишвар чӣ мегузарад, вазъияти минтақа сахт бастагӣ дорад.

Бояд гуфт, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Қирғизистон ду инқилоб рух дод ва се дафъа ба таври мусолиматомез ҳукумат иваз шуд, сӣ маврид комилан ва ё қисман ҳайати ҳукумат бо шумули нахуствазир тағйир кард, ҳафт бор Қонуни асосӣ ва ду бор шакли идораи давлат низ дигар гардид.

“Қудратгароӣ дар минтақа решадор мешавад”

Сулаймон Шоҳзода, номзади илмҳои сиёсӣ ва муқими Амрико ба тағйироти сиёсии мусбати бисёре дар Қирғизистон ишора мекунад. Аммо, ба назари ӯ, “тамоюли умумиминтақавии рӯ овардан ба қудратгароӣ дар минтақа таъсири ин тағйиротро дар кишварҳои дигар камранг мекунад.”

“Нухбагони Қирғизистон аз лиҳози намуна будан барои минтақа хеле пеш рафтанд, аммо тамоюли умумиминтақавии рӯ овардан ба қудратгаройӣ дар минтақа мушоҳида мешавад, ки таъсири ин тағйиротро дар доираи ҳамин кишвар нигоҳ медорад”, - шарҳ дод ин сиёсатшинос.

Ин дидгоҳро ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ, сиёсатшинос аз Узбекистон Рафаэл Сатторов низ изҳор мекунад.

Ӯ гуфт, “замони он ки ҳаводиси рухдода дар Қирғизистон метавонист ба андозае дар шуури сиёсии мардум дар кишварҳои ҳамсоя асар бигузорад, гузаштааст. Ду инқилоби рухдода ҳеч таъсире нагузошт, ҳол он ки ҳукумати Узбекистон он замон шадидан нигарон буд. Ҳатто интихоботҳои Қирғизистон ва нахустин бор берун рафтани сардори ин давлат баъди тамом шудани маъмурияташ дар таърихи Осиёи Марказӣ бар асоси Қонуни асосӣ, таъсире расонидан натавонист. Ин гуфтумонҳо метавонист дар аввали солҳои дуҳазорум воқеият дошта бошанд, аммо ҳоло не.”

Ба гуфтаи сиёсатшинос Игор Шестаков дар Бишкек, раванди афзоиши ҳадди аксари озодиҳои демократӣ дар Қирғизистон ҳанӯз дар замони Аскар Акаев таъйин шуда буд, ки кишварро “Ҷазираи демократия” номида буд.

“Он замон Қирғизистон на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ аз лиҳози ҳизбҳо ва сиёсатмадорони мухолиф пешоҳанг буд. Ҳеч монеаи хос барои фаъолияти мухолифини ҳукумат вуҷуд надошт”, - изҳор дошт Шестаков.

Ин сиёсатшинос омилҳои гуногунеро ба сифати камрангии нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон ном мебарад. Дар Тоҷикистон, мутмаин аст ӯ, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз дар вуҷуди шаҳрвандон ҳаросе боқӣ мондааст, ҳама гуна мубориза метавонад ҳамон ихтилофҳоро такрор кунад. Дар робита ба Қазоқистон сиёсатшинос мегӯяд, ки дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ намегузоранд, ки вазъи сиёсӣ бад шавад.

XS
SM
MD
LG