Пайвандҳои дастрасӣ

Узбекистон барои 200 нафар дар Тоҷикистон беморхона месозад


Ҳукумати Узбекистон дар ноҳияи Қубодиён, ҷануби Тоҷикистон, як бемористони дорои дусад кати хоб хоҳад сохт. Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи 12-уми август гуфт, намояндагони Узбекистон аз ноҳия дидан карда, маҳалли сохтмони бемористонро интихоб намудаанд.

  • “Ҳуҷҷатгузорӣ дар ин маврид ба анҷом расид ва, қарор аст, бунёди бемористон ба зудӣ шуруъ шавад”, - афзуд мусоҳиби мо.
Ба беморхонаи нав эҳтиёҷ доштем. Беморхонаи марказӣ чандон шароити хуб надорад.

Аз ин қабл, ҳафтаи гузашта, Зафар Файзуллозода – раиси ноҳияи Қубодиён – низ дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки бар асоси нақши куллии ноҳия бемористони нав дар назди боғи фарҳангӣ сохта мешавад. Ӯ гуфт, “масъулони идораи сохтмони Узбекистон омада, заминро қабул карданд. Рӯзҳои наздик кор оғоз мешавад.”

Зафар Файзуллозода
Зафар Файзуллозода

Бунёди бемористон дар ноҳияи Қубодиён яке аз ду барномаи ҳукумати Узбекистон аст, ки дар ҷараёни сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти имсол мувофиқат шудааст. Дар баробари бунёди бемористон дар Қубодиён, қарор аст, Узбекистон дар ноҳияи Спитамени Суғд барои 630 хонанда мактаби нав созад.

Ҳукумати ноҳияи Қубодиён мегӯяд, азбаски сохтмон ба зиммаи ҳукумати Узбекистон аст, буҷети онро ошкор карда наметавонад. Вале, ба гуфтаи мақомот, ин бемористон бо дастгоҳҳои муосир таъмин хоҳад буд.

Қубодиён, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир аст, вижагиҳои ҷуғрофиву фарҳангии худро дорад. Ин ноҳия ҳамроҳ бо Шаҳритус дар марз бо Узбекистону Афғонистон ҷойгир аст ва аз нисф зиёди сокинони ин ду ноҳия узбектаборанд.

  • Мисли дигар минтақаҳои ҳаммарз бо Узбекистон, сокинони ин навоҳӣ ҳам дар он сӯи марз хешу ақрабо доранд. Маҳдуд шудани робитаҳои миёни ин ду мардум бо сабабҳои сиёсӣ дар бист соли гузашта, додугирифт ва рафтуомади сокинони Қубодиёнро низ бо мардуми Узбекистон кам кард.

Ҳоло онҳо мегӯянд, на танҳо аз боз шудани марзҳо, балки имкони дидор бо мардуми Узбекистон шод ҳастанд. Бунёди муассисаи тиббиро сокинони маҳаллӣ “як зарурати ҳаётии худ” медонанд.

Қарор аст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба зудӣ бо як сафари давлатӣ ба Тошканд биравад
Қарор аст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба зудӣ бо як сафари давлатӣ ба Тошканд биравад

Адолат Сайфуллозода, сокини ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, мушкили муассисаҳои тиббӣ дар ин минтақа замонавӣ набудани онҳост. “Сокинони ноҳия хушҳол шуданд. Ба беморхонаи нав эҳтиёҷ доштем. Беморхонаи марказӣ чандон шароити хуб надошт. Будани як бемористони замонавӣ хеле зарур аст. Инчунин, дӯстии тоҷикону узбекҳо, хусусан узбекҳои маҳаллиро бо тоҷикон маҳкам мекунад”, - афзуд ӯ.

Қаблан Тоҷикистон ҳам эълон карда буд, ки дар шаҳри Самарқанди Узбекистон барои 640 нафар мактаб сохта, барои истифода дар ихтиёри мақомоти он кишвар хоҳад гузошт.

Тоҷикистону Узбекистон беш аз бист сол равобити тира ва мушкил доштанд. Ин равобит тирамоҳи соли 2016, баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон оддӣ шуд ва сафари давлатии ӯ дар моҳи марти имсол ба Душанбе умедҳоро барои об кардани яхи солҳо ҷамъшуда бештар кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир тарҳи созишнома дар бораи шарикии стратегӣ бо Узбекистонро низ омода кардаанд, ки интизор меравад дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд имзо шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG