Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо фарҳангии тоҷик меҳмони Узбекистон шуд. ВИДЕО


Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири фарҳанги Узбекистон ва овозхони маъруф Озодбек Назарбеков пешвоз гирифт

Дар Тошканд рӯзи 2 август бо ширкати ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистон як ҳамоише баргузор шуд, ки дар он роҷеъ ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои миёни ду кишвар сӯҳбат шуд. Ҳайати Тоҷикистон, ки бино ба иттилои вазорати фарҳанги Узбекистон аз 57 нафар иборат аст, ба хотири ширкат дар барномаҳои фарҳангии тоҷикон рӯзи 1 август вориди Тошканд шуд. Раҳбарии ин ҳайатро вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба ӯҳда дорад ва ба узвияти ҳайат инчунин раиси АИ Фарҳод Раҳимӣ, адибон Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, муовинони вазири маориф, кумитаи кор бо занон ва журналистон шомил шудаанд.

Рӯзи 2 август дар толори як меҳмонхонаи байналмилалии Тошканд мизи гирде бо ширкати рӯшанфикрони ду кишвар баргузор шуд ва дар чаҳорчӯби он мустанаде бахшида ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон таҳти унвони «Зери як бом» баргузор шуд. Қарор аст рӯзи панҷшанбе ҳайати Тоҷикистон дар мулоқоти як пресс-клуби маҳаллӣ иштирок карда инчунин аз Фарҳангистони улуми Узбекистон дидан кунад. Шом қарор аст дар меҳмонхонаи International Hotel Tashkent барномаи консертии вазорати фарҳанги Узбекистон барпо шавад.

Рӯзи 3 август ҳайати Тоҷикистон меҳмони шаҳри Самарқанд хоҳад шуд ва дар баробари дидор аз маконҳои таърихиву гулгузорӣ дар мақбараи президент Ислом Каримов, шом дар майдони Самарқанд дар як барномаи калони ҳунарӣ иштирок мекунад. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки барои ширкат дар консерти Самарқанд овозхонҳои маъруфи тоҷик Зикруллоҳ, Нигина Амонқулова, Сироҷиддин Фозилов, Афзалшоҳ Шодиев ва дигарҳо сафар мекунанд.

Барномаи сафари ҳайати ҳунармандону рӯшанфикрони тоҷик ба Узбекистон бо дидор аз хона-музеи сардафтари адабиёти советии тоҷикӣ Садриддини Айнӣ хотима меёбад.

Саҳнаи пешвози меҳмонони тоҷикистонӣ дар Узбекистонро вазорати фарҳанги ин кишвар дар як гузориши видеоӣ нашр кард:

Видеоҳои охирин

Дастурхони хоксоронаи зани тоҷик дар Иди Қурбон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG