Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Солеҳзода: "Маҳмуд Худойбердиев дигар дар Узбекистон нест"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон гуфт, тибқи маълумоте, ки онҳо доранд, Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги фирорӣ “дигар дар қаламрави кишвари ҳамсояи Узбекистон нест”.

Пеш аз он ки мо ин қадар созишномаҳо дар миёни ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон ба имзо расонидем, ин масъаларо аллакай дида баромада будем. Мо коркард кардем. Дар ҳама ҷабҳа. Имрӯз мо ҳеҷ ҳавфу хатар аз ин давлати ҳамсоя надорем

Маҳмуд Худойбердиев, полковники ошӯбгар ва даҳҳо ҷонибдораш баъди чанд исёни мусаллаҳона дар солҳои 1990-ум, бино ба бархе хабарҳо, дар Узбекистон паноҳ бурда буд. Дар феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯ дар Тоҷикистон исми даҳҳо ҷангандаи собиқи узви гурӯҳи Худойбердиев ҳамоно ҳифз шудаанд.

Бо хуб шудани равобити сиёсии миёни Тоҷикистону Узбекистон баъди даргузашти президент Ислом Каримов, бархе ин саволро дар миён мегузоштанд, ки шояд Душанбе аз Тошканд истирдоди Худойбердиевро тақозо кунад.

"Бо Узбекистон мавзӯи ҳалношуда намондааст"

Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон рӯзи 25 июл дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ дар робита бо эҳтимоли ба Тоҷикистон истирдод шудани Худойбердиев аз Узбекистон посух дод. Ӯ гуфт, ки миёни ду кишвар “мавзӯи ҳалношуда боқӣ намондааст, вале Маҳмуд Худойбердиев дигар дар Узбекистон нест”.

Вай гуфт: “Дар бораи худи Маҳмуд Худойбердиев ҳаминро мо гуфта метавонем, ки аз Ҷумҳурии Узбекистон берун шудааст, лекин ҳозир маълумоти аниқу дақиқ надорем. Аз рӯи баъзе маълумот, дар Туркия аст, аз рӯи маълумоти дигар дар дигар давлатҳо аст. Бисёр вақт дар муолиҷа аст. Ман фикр мекунам, он таҳдидҳое, ки мо доштем, бо ҳамин кӯшишу талошҳои ду марди бузург - Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон – ҳамин таҳдидҳо аз байн рафт”.

Мавзӯи Маҳмуд қабл аз имзои созишномаҳо баррасӣ шуд

Ба иттилои ин мақоми полис, Тоҷикистон бо Узбекистон мавзӯи Маҳмуд Худойбердиевро “қабл аз имзои созишномаҳо матраҳ карда буд”. Манзури ӯ моҳи марти соли ҷорӣ аст, ки дар ҷараёни нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Тоҷикистон рӯзи 9 марти соли 2018 миёни ду кишвар 27 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд ва ин қарордодҳо ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳо – аз фарҳанг то сиёсати иқтисодро дар бар мегиранд. Солеҳзода гуфт:

“Пеш аз он ки мо ин қадар созишномаҳо дар миёни ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон ба имзо расонидем, ин масъаларо аллакай дида баромада будем. Мо коркард кардем. Дар ҳама ҷабҳа. Имрӯз мо ҳеҷ ҳавфу хатар аз ин давлати ҳамсоя надорем”.

Ҳамзамон Искандар Солеҳзода гуфт, ки нафароне, ки ҳамроҳи Маҳмуд Худойбердиев соли 1997 буданду он замон тахминан 30 сол доштанд, ҳоло синнашон ба ҷое расидааст. Вай гуфт, бар асоси баъзе хабарҳо, аъзои собиқи гурӯҳи Худойбердиев, ки ҳоло синнашон ба ҷое расидааст, дар хориҷ, бархе дар Русия бо соҳибкорӣ машғул ҳастанд. Солеҳзода гуфт, ки агар Худойбердиев дар қаламрави кишвари ҳамсоя мебуд, “ахбор зуд паҳн мешуд”.

Соли 2015 акси ҷонибдорони Худойбердиев дар шаҳри Қӯрғонтеппа пайдо шуданд
Соли 2015 акси ҷонибдорони Худойбердиев дар шаҳри Қӯрғонтеппа пайдо шуданд

Вай гуфт: “Агар дар ҳамон ҷо мешуд гурӯҳаш, се кас ё панҷ нафар, ба мо ҳам ахбор меомад, ки Маҳмуд Худойбердиев дар ҳамон ҷо ҳузур дорад. Лекин нест. Ҳамин қадар мардум меравад, хусусан, мардуми Шаҳритуз, Қабодиён – сокинони марзӣ... ҳамаашон мешиносанд, ҳама медонанд, тарафдор буданд... То имрӯз ягон маълумот нест”.

Искандар Солеҳзода нахустин мақоми интизомии Тоҷикистон аст, ки дар мавзӯи будубоши сарҳанги ошӯбгари солҳои 1990-ум изҳори назар мекунад. Вале бархе дигар мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки худи парвандаи Худойбердиев ҳеҷ гоҳ мутаваққиф нашудааст ва Душанбе ин шахсро барои содир кардани ҷиноятҳои сангин ҷустуҷӯ дорад.

Тоҷикистон Худойбериевро набахшидааст

Дар ҳамин ҳол, як мақоми дигари баландпояи интизомӣ гуфт, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ парвандаи Худойбердиевро набастааст ва мавзӯи талаби истирдоди ӯ пойбарҷост.

Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон 25-уми июл дар шарҳи макони эҳтимолии будубоши сарҳанги ошӯбгар гуфт, ба ин савол бояд мақомоти тафтишотӣ посух бидиҳанд. Қаҳҳоров гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчунон истирдоди вай ба Душанберо аз мақомоти Узбекистон тақозо дорад, зеро Худойбердиев ҷиноятҳои сангине содир кардааст”.

Ба гуфтаи Қаҳҳоров, исми Маҳмуд Худойбердиев наметавонад ба феҳристи афроди мавриди афв шомил шавад, чун ӯ дар содир кардани ҷиноятҳои сангин гумонбар мешавад. Инчунин, ба гуфтаи ӯ, ҷиноятҳои содиркардаи ӯ ба гурӯҳи парвандаҳое шомил намешавад, ки бо сабаби гузашти вақт ё кӯҳна шуданашон таҳқиқи парванда мутаваққиф мешавад. Ӯ гуфт: “Ҷиноятҳои вазнини вобаста ба терроризму одамкушӣ афв намешаванд”.

Соли 2015 дар вилояти Хатлон дубора аксҳои сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев ва тарафдорони ӯ насб шуда, аз мардум дархост шуд, ки дар боздошти ин афрод кӯмак кунанд. Он замон як мақоми интизомӣ гуфт, ки чандин собиқ узви гурӯҳи Худойбердиев дар озодӣ ба сар мебаранд.

Полковник Маҳмуд Худойбердиев, аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ буд, ки баъди пирӯзии ин гурӯҳ дар ҷанги соли 1992 фармондеҳии як бригадаи махсуси артиши Тоҷикистон дар водии Вахшро бар ӯҳда дошт. Аммо ӯву ҷонибдоронаш бори аввал соли 1996 ва бори дувум соли 1997 муқобили ҳукумат шӯриш бардошта, тамоми водии Вахш то ағбаи Фахробод ва дар исёни дувум ҳатто қисматҳое аз водии Ҳисор бо шумули корхонаи алюминсозии Турсунзодаро зери назорати худ оварданд. Баъди шикасти исёни дувум дар тобистони соли 1997 ӯву ҷангиёнаш ба Узбакистон фирор карданд.

Худойбердиев дар моҳи ноябри соли 1998 ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард, вале боз шикаст хӯрда, маҷбур шуд боз ҳам ба Узбакистон фирор кунад.

Бовар мерафт, ки ӯву аксари ҷангиёнаш дар Узбакистон паноҳ бурдаанд, вале Тошканд ҳеҷ гоҳ инро эътироф ё инкор накардааст.

XS
SM
MD
LG