Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатсайри севум аз Тоҷикистон ба Узбекистон. "Сомон Эйр" ба Бухоро роҳ кушод


Ширкати "Сомон Эйр" рӯзи 6-уми август нахустини парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Бухороро анҷом дод ва ин сеюмин парвозе шуд, ки Тоҷикистонро бо Узбекистон мепайвандад.

Бо 50 доллар то Бухоро

Мусофирон мегӯянд, арзиши билети Душанбе-Бухоро 485 сомонӣ ва ё 51 доллар буда, гаронтар назар ба арзиши хатсайри Душанбе-Самарқанд аст. Арзиши билет ба самти Самарқанд тавассути ширкати "Тоҷик-эйр" ҳафтаи гузашта 300 сомонӣ ё 33 доллар, муқаррар шуда буд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар назар аст дар зудтарин фурсат парвози ҳавопаймо миёни шаҳрҳои дигари Тоҷикистону Узбекистон оғоз шаванд.

Ба гуфтаи мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон, иртиботи ҳавоӣ бо шаҳрҳои Узбекистон бо танҳо Душанбе маҳдуд намешавад ва сокинони вилояти Хатлон ҳам базудӣ метавонанд аз фурудгоҳҳои Бохтару Кӯлоб ба Узбекистон сафар кунанд.

Дилфуза Ҳикматоваи 35-сола, як сокини Бухоро яке аз мусофирони хатсайри нахустин буд. Ӯ мегӯяд, ду ҳафта пеш бо се фарзанди хурдсолаш барои аёдати падар ба Душанбе омад ва ҳамакнун дар бозгашт на аз роҳи заминӣ, балки тавассути ҳавопаймо ба Бухоро бармегардад. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки омаду рафт бо мошин тӯли солҳои ахир барояш душвор буд.

Дилфуза Ҳикматова гуфт, бо кӯдакон, хусусан фарзандони кӯчак сафар барояш ҳамеша душвор буд ва аз мошин ба мошини дигаре менишастанд ва барои аз марз гузаштан, соатҳо зери офтоб меистоданд. Вай афзуд, ҳоло хеле қулай аст ва дар 45 дақиқа ба Бухоро мерасанд ва маблағи билет бошад бо дарназардошти парвози боимтиёзи кӯдакон тақрибан баробари харҷи сафар бо мошин мешавад.

"Намедонам кӣ маро пешвоз мегирад"

Аммо сокини шаҳри Душанбе Муборак Хоҷаеваи 74-сола, ки дар Бухоро хешу ақрабои зиёд дорад ва баъди ду даҳсола аввалин бор дубора савори ҳавопаймо мехоҳад ба Узбекистон парвоз кунад, гуфт, барояш арзиши билет гарон аст. Агар духтараш пули билети парвозро тӯҳфа намекард, аз ҳисоби худ сафар карда наметавонист. Ӯ мегӯяд, бори охир 20 соли пеш дар Бухоро буд ва аз мулоқоти дарпешистода бо хешу ақрабо ҳаяҷонзада шудааст.

Хонум Хоҷаева афзуд, "намедонам, кӣ маро пешвоз мегирад, зеро дар ин 20 сол хешовандони зиёди ман фавтидаанд, вале ман натавонистам ба маросими ҷанозаашон биравам. Акнун, ки шароит фароҳам шуд, хешовандони зиндамондаамро мебинам ва чанд ҳафта меҳмони Бухоро мешавам".

Зимнан, рӯзи 28-уми июл ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" нахустин парвози ҳавопаймо миёни Душанбе ва шаҳри Самарқандро анҷом дод ва эълон кард, ки нархи билет дар ин масир ҳамагӣ 300 сомонӣ аст.

"Сомон Эйр" низ ҳафтае қабл парвозҳо ба шаҳри Тошкандро шурӯъ кард, вале нархи билет дар ин масир беш аз 680 сомонӣ мебошад. Субҳон Ҷӯраев, муовини аввали раиси ширкати "Сомон Эйр" бар ин назар аст, ки бо бештар шудани теъдоди мусофирон дар масирҳои Узбекистон, қимати билети парвоз коҳиш хоҳад ёфт.

Вай афзуд, ки ин парвозҳои нахустин мебошанд ва ҳадафи онҳо ба даст овардани фоида аз ин парвозҳо нест. Ба гуфтаи вай, ин парвозҳо танҳо ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ ва бароварда сохтани ниёзҳои иҷтимоии сокинон анҷом мешаванд. "Баъд аз ҳисобу китоби парвозҳо аввал мо қасд дорем нархи билетро боз поинтар барем. Аммо ин масъала ба теъдоди мусофирон низ бастагӣ дорад",-афзуд Субҳон Ҷӯраев.

Парвозҳо миёни дигар шаҳрҳо низ оғоз мешавад

Вале Икром Субҳонзода, раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз оғози парвозҳо дар масири Душанбе-Бухоро хушбин аст ва мегӯяд, ки бори нахуст баъд аз соли 1992, замоне, ки парвозҳо миёни Тоҷикикстон ва Узбекистон қатъ шуда буданд, ҳамакнун сокинон имкон пайдо карданд, ки ба роҳатӣ бо хешовандонашон дар ду кишвар дидор дошта бошанд. Вай афзуд, ки дар назар аст дар зудтарин фурсат парвози ҳавопаймо миёни шаҳрҳои дигари Тоҷикистону Узбекистон оғоз шаванд.

Ҷаноби Субҳонзода афзуд, дар ҳоли ҳозир ширкати "Узбекистон ҳаво йулларӣ" ва ширкатҳои ҳавоии тоҷикистонӣ мавзӯи оғози парвозҳо аз шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Тоҷикистон ба Узбекистонро баррасӣ мекунанд. Икром Субҳонзода изҳори итминон кард, ки дар рӯзҳои наздик парвозҳо дар масирҳои нави миёни ду кишвар низ шурӯъ мешаванд ва ин масъала ба имконоти ширкатҳои ҳавоӣ вобаста ба миқдори ҳавопаймояшон бастагӣ дорад.

Муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя баъд аз тақрибан 20 соли сардӣ аз баҳори соли ҷорӣ, баъд аз сафари раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев комилан дигар шуд. Дар ҷараёни ин сафар Узбекистон ва Тоҷикистон дар бораи омадурафти бевизаи сокинон барои 30 шабонарӯз тавофуқ карданд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Узбекистон ба маблағи 117 миллион доллар доду гирифт кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст. Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 66 миллион доллар маҳсулот содир карда, аз ин кишвар ба маблағи 51 миллион доллар коло ворид кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG