Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гӯшаи бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-ро ба соҳибкорони узбекистонӣ доданд


Бозори "Ҳоҷӣ Шариф"-и шаҳри Бохтар. Акс аз бойгонӣ

Ба зудӣ 20 соҳибкори узбекистонӣ дар як гӯшаи бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба кор оғоз хоҳанд кард. Мақомоти вилояти Хатлон гуфтанд, ки барои тиҷорати ин афрод “се гектар замин ҷудо шудааст”.

  • Бозори “Ҳоҷӣ Шариф”, ки соли 2011 фаъол шуд, барои кори 14 ҳазор соҳибкор пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии он беш аз даҳ гектарро дар бар мегирад.
Онҳо маҳсулоти тавлиди кишвари худро мефурӯшанд. Тоҷирони тоҷик маҳсулотро аз Чину Туркия ва минтақаҳои дигар ворид мекунанд, ки бо харҷи роҳкиро нисбатан гарон меафтад

Мақомоти вилояти Хатлон гуфтанд, гӯшаи соҳибкорони узбекистонӣ “Бозори Дӯстӣ” ном хоҳад гирифт. Як манбаъ дар ҳукумати вилоят рӯзи 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта як ҳайати расмӣ аз Самарқанд аз ин бозор дидан карда ва барои идомаи кор қарордод имзо намудаанд.

Аз техника то маводи ғизоӣ

Шараф Сангов, муовини раиси Утоқи савдои вилояти Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “онҳо маҳсулотеро, ки дар Самарқанд ва минтақаҳои дигари Узбекистон тавлид мешавад, ба инҷо оварда мефурӯшанд. Ва, қарор аст, маҳсулоти вилояти моро ба Узбекистон ҳам баранд.”

Дар Утоқи савдои вилояти Хатлон гуфтанд, маҳсулоти Узбекистон баъди ташхис ба “Бозори Дӯстӣ” ворид мешавад. Ин маҳсулот аз техника, маҳсулоти ғизоӣ ва қолину маҳсулоти дастӣ иборат будааст.

Масъулони бозори “Ҳоҷӣ Шариф” хабари ҳамкорӣ бо тоҷирони узбекистониро тасдиқ карданд. Ҳабибулло Валиев, як масъули бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои шарикони кориашон аз Узбекистон се гектар замин ҷудо кардаанд, ки дорои даҳҳо дӯкони муосир аст.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, тоҷирони узбек дар хобгоҳи назди бозор зиндагӣ карда ва мисли бақияи соҳибкорон пули иҷораи дӯкон ва андозро пардохт хоҳанд кард.

Рақобати нобаробар?

Ифтитоҳи гӯшаи соҳибкорони узбек дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф” бархе аз сокинони минтақаро барои дастрасӣ ба маҳсулоти нисбатан арзон умедвор кардааст. Аммо бархе коршиносон мегӯянд, агар соҳибкорони Узбекистон молҳои худро бо нархи арзонтар пешниҳод кунанд, тоҷирони тоҷик зиён хоҳанд дид ва эҳтимол ба ин рақобат тоб наоранд.

Як ҳамсуҳбати мо гуфт, “онҳо маҳсулоти тавлиди кишвари худро мефурӯшанд. Тоҷирони тоҷик маҳсулотро аз Чину Туркия ва минтақаҳои дигар ворид мекунанд, ки бо харҷи роҳкиро нисбатан гарон меафтад. Бояд коре кунанд, ки якдигарнофаҳмӣ нашавад.”

Анваршоҳ, соҳибкори 49-солаи бозори “Ҳоҷӣ Шариф”, гуфт, аллакай хабари дар паҳлӯяшон ҷо гирифтани соҳибкорони узбекистонӣ ба онҳо расидааст. Аммо ӯ бовар дорад, ҳамон тавре ки бисёриҳо ҳадс мезананд, маҳсулоти Узбекистон дар ин бозор чандон арзон нахоҳад буд.

“Онҳо ҳам барои ворид кардани борашон боҷи гумрукӣ пардохт мекунанд. Андоз медиҳанд, пули иҷора мепардозанд. Ва он ҳатман ба нархи маҳсулоташон зам хоҳад шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, чандон нигарон нестем. Баръакс, бо омадани онҳо харидорони бозор зиёд мешаванд”, - гуфт ӯ.

"Додугирифт то ба 220 миллион доллар расидааст"

Маҳсулоти тавлиди Узбекистон, аз либос гирифта то мошину мусофиркашонҳо, беш аз як сол боз ба бозорҳои Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Дар шимоли кишвар як маркази тиҷоратии Узбекистон ҳам фаъол аст, ки намунаҳои маҳсулоти тавлиди он кишварро ба намоиш гузоштааст. Вале бори аввал аст, ки худи соҳибкорони узбекистонӣ дар як бозори Тоҷикистон ба тиҷорат мепардозанд.

Тоҷикистону Узбекистон беш аз бист сол равобити тира ва мушкил доштанд. Дар ин муддат додугирифти ду ҳамсояи девор ба девор ба нуқтаи поинтарин расида буд.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки додугирифт дар нуҳ моҳи имсол бо Узбекистон ба тақрибан 220 миллион доллар расидааст. Мақомоти ду кишвар ният доранд, ки ин рақамро солҳои наздик ба як миллиард доллар расанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG