Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поккории марзи Тоҷикистону Узбекистон аз мина оғоз шуд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамроҳ бо мақомоти Узбекистон ба поккории минтақаҳо аз мина дар марзи ду кишвар шурӯъ кардаанд. Корҳои минарӯбӣ дар навбати аввал аз қитъаҳои марзӣ дар ҳудудҳои ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон, ки бо вилояти Самарқанди Узбекистон ҳаммарз аст, шурӯъ шудааст.

Узбекистон аз тарси ҲИУ марзҳояшро минагузорӣ кард

Ин амалиёт умедвории сокинони манотиқи наздимарзиро дар заминаи амну безарар шудани сарҳад бо Узбекистон бештар кардааст. Узбекистон охири солҳои 1990-ум гуфт, ки хавфи убури марз кардани ҷангҷӯёни гурӯҳҳои ифротии Ҳаракати Исломии Узбекистон онҳоро водор мекунад дар марз бо Тоҷикистон мина ҷойгузорӣ шавад.

Соҳибназарон мегӯянд, баъд аз минрӯбии ин минтақаҳо, сокинон имкон пайдо мекунанд, ки дар ин сарзамин озодона гаштугузор карда, чорвои худро бичаронанду кишоварзӣ кунанд.

Вале мақомот мегӯянд, беш аз 80 нафаре, ки аз мина кушта шуданд, афроди мулкӣ ва сокинони маҳаллӣ буданд. Шурӯи поккории минаҳо дар марз яке аз тақозоҳои калидии ҷониби Тоҷикистон баъди хуб шудани равобити сиёсӣ бо Узбекистон будааст.

Рӯзи 8-уми октябр масъулини нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шурӯи корҳо дар амри поккории марз аз минаро тасдиқ карданд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки таърихи дақиқи шурӯи корҳои безараркунии қитъаҳои марзиро гуфта наметавонад, вале муҳим ин аст, ки кор шурӯъ шудааст.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин бора афзуд, "наметавонам дақиқ бигӯям, ки раванди минрӯбӣ дар ин минтақа дирӯз оғоз шудааст ё имрӯз. Вале дақиқ ин аст, ки ин раванд нахуст дар ноҳияи Панҷакент шурӯъ шуд. Қабл аз оғози ин раванд ба ҳайати муштараки ҳукуматӣ барои минрӯбии манотиқи марзӣ бо Узбекистон намояндаҳои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, вазорати мудофиа ва Маркази миллии зидди минаҳо шомил шуда буданд ва онҳо харитаи минтақаҳои минкоришуда аз сӯи Узбекистонро баррасӣ кардаанд".

Улуғхоҷаев гуфт, дар ин раванд хеле муҳим аст, ки сокинони минтақаҳои наздимарзӣ битавонанд бидуни ҳарос дар ин минтақаҳо гаштугузор кунанд.

"Хатари минаҳо дигар "моли таърих" шуд"

Хабари оғози раванди минарӯбӣ дар марзи Тоҷикистону Узбекистонро дар охири ҳафтаи гузашта нахуст Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар ҷараёни як конфронси муштарак бо таҳлилгарони сиёсии Узбекистон эълон кард.

Нишасте, ки бо ҳадафи барпо кардани ҳамкориҳои наздиктар миёни марказҳои таҳқиқотии ҳукуматии ду кишвар барпо шуд, дар баробари масоили мавриди ҳаллу баррасӣ, аз ҷумла, ба минакорӣ шудани марз ҳам муроҷиат кард. Худойбердӣ Холиқназаров гуфт, баъди ин мафҳуми мина бояд аз зеҳни мардуми ҳарду тарафи марз зудуда шавад:

Худойбердӣ Холиқназаров.
Худойбердӣ Холиқназаров.

"Ман ҷузъиёти ин равандро наметавонам бигӯям. Танҳо бояд зикр кунам, ки раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Узбекистон тасмим гирифтаанд даҳшату хатароти минаҳо аз зеҳни мардум ба пуррагӣ фаромӯш карда шавад. Ҳукумати ду кишвар низ ҳоло талош доранд ин тасмими раҳбарони Тоҷикистону Узбекистонро иҷро кунанд. Аҳолии ду кишвар дигар набояд аз хатари мина ҳарос дошта бошанд. Ин дигар моли таърих шуд."

Садҳо кушта ва захмии минаҳо дар марз

Сокинони бархе манотиқи Тоҷикистон даҳшати таркиши мина ва паёмадҳои онро аз солҳои 1990-ум замони ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ ва баъди он шоҳид шудаанд. Ба иттилои Маркази миллии зидди минаҳои Тоҷикистон, дар бист соли ахир дар минтақаҳои минакоришудаи кишвар, ки умдатан дар марзҳои Тоҷикистон воқеъ ҳастанд, 374 шаҳрванд кушта шуда, ҳудуди 500 нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштаанд. Агар минаҳо дар марз бо Афғонистон дар даврони шӯравӣ ва бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангиёни ифротгаро ҷойгузорӣ шудааст, дар марз бо Узбекистон ин кор солҳои охири ҷанги дохилии Тоҷикистон анҷом гирифт.

Тошканд он замон гуфт, ки аз вуруди нерӯҳои мухолифи узбек ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ аз Афғонистон ба водии Фарғона нигарон аст. Вале дар аксари хабарҳои расмии таркиши минаву қурбон шудан ва осеб дидани мардум сухан аз сокинони маҳаллӣ – кӯдакон, чӯпонон ва дигар афроди мулкӣ мерафт. Ба унвони мисол, танҳо дар ҷамоати Сурхоби ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд аз як деҳа дар солҳои 2006 ва 2007 - 6 нафар куштаву чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Салимбой 11 сол пеш як пой ва чашмашро аз даст дод

Салимбой Носирови 42-сола, сокини ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд баҳори соли 2007 ҳангоми чаронидани мол дар як минтақаи ҳаммарз бо Узбекистон бо мина бархӯрд ва аз як пойу як чашмаш маҳрум шуд. Тафтишоти ин ҳодиса ба натиҷа расид.

Дар хулосаи тафтишот гуфта шуд, ки ҳарчанд сокинони ҷамоат аз минкорӣ шудани марз огаҳӣ доштанд, Носиров аз беэҳтиётӣ ба минтақаи мамнӯъ қадам гузоштааст. Ҳоло Салимбой Носиров бо асобағал мегардад ва аз нуқсони ҷисмониаш азият мекашад, зеро ҳатто барои хондани китоб маҷбур аст танҳо аз як чашмаш истифода кунад.

Вай хабари оғози минрӯбӣ дар марз бо Узбекистонро ҳам бо хурсандӣ ва ҳам бо таассуф қабул кард, зеро, ба гуфтааш, агар ин амр дар оғози солҳои 2000-ум сурат мегирифт, шояд ҳоло зиндагии пурраву хушбахте дошт ва аз иҷрои ҳама кори сангин мебаромад.

Барчидани минаҳо пас аз гармии равобити Душанбе ва Тошканд

Минакорӣ шудани марз ба оғози марҳилаи рӯ ба сардӣ овардани равобити миёни Тоҷикистону Узбекистон рост омад. Мақомот дар Тоҷикистон борҳо гуфтанд, ки бо гузашти даҳу понздаҳ сол аз ҷанг ҳам кишвари ҳамсоя омода нест харитаи ҷойгузорӣ шудани минаҳоро бо ин кишвар тақсим кунад. Шароити ҳалли ин масъала танҳо баъди вафоти нахустин президенти Узбекистон Ислом Каримов дар соли 2016 ба миён омад.

Дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе раисони ҷумҳури Тоҷикистону Узбекистон тасмим гирифтанд то поёни соли 2019 ҳамаи минтақаҳои минкоришудаи марзиро поксозӣ кунанд. Ба иттилои Маркази минрӯбии Тоҷикистон, то соли гузашта дар кишвар ба ҷуз аз минтақаҳои марзӣ бо Узбекистон, боз 10,3 ҳазор километри мураббаи замин дар водии Рашту минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон ба унвони минтақаҳои хатарзои минадор боқӣ монда буданд.

Соҳибназарон мегӯянд, баъд аз минрӯбии ин минтақаҳо, сокинон имкон пайдо мекунанд, ки дар ин сарзамин озодона гаштугузор карда, чорвои худро бичаронанду кишоварзӣ кунанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, барои Тоҷикистони камзамини беш аз 10 ҳазор километри муррабаъ мазореъ масоҳати қобили мулоҳизаи замин дониста мешавад. Бахусус, ки бештаре аз ин мазореъ барои киштукор мувофиқ дониста мешавад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG