Пайвандҳои дастрасӣ

Як сол гузашт. Ҷасадҳои минаҷӯён ёфт нашудааст


Илҳомҷон Сафаров сокини деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Хешовандони як минарӯби тоҷик, ки соли гузашта дар натиҷаи як садама кушта шуд, мегӯянд, то кунун ҷасади ӯро наёфатаанд ва “модарашон то ҳол ба умед аст, ки писарашро пайдо мекунанд.

Манучеҳр Сафаров бародари Илҳомҷон Сафаров, ки тақрибан як сол пеш дар натиҷаи афтодани мошинашон дар рӯдхонаи Панҷ бенишон шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади бародарашро, ки дар 32-солагӣ риштаи умраш канда шуд, то кунун пайдо накардаанд.

“Тамоми соҳилҳоро кофтем, ҷойҳоеро, ки об худаш хориҷ мекунад, лекин пайдо накардем. Модарам то ҳол ба умед аст, ки рӯзе фарзандамро меёбанд, ман худам рӯҳи Илҳомҷонамонро мебинам” – гуфт Манучеҳр ба Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи Манучеҳр, Илҳом соҳиби зану ду фарзанди хурдсол буд, ки ҳоло дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.

Рӯзи 30-уми июни соли 2016 дар садамаи фалокатбори мошини кормандони дафтари Фонди швейтсарии поккории минаҳо дар Душанбе, ду нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ҷон доданд ва се минаҷӯ дар рӯдхонаи Панҷ ғарқ шуданд.

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда, ҷасади яке аз кормандони созмон Гулмурод Ҷӯраев, сокини ноҳияи Рӯдакиро аз соҳили рӯдхонаи Панҷ пайдо карда ва ба наздиконашон баргардонданд. Вале ҳанӯз ду ҷасадҳои Абдурозиқ Қурбонов, сокини Восеъ ва Илҳомҷон Сафаров, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро то кунун пайдо накардаанд.

Мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро маҷро ба он тарафи соҳили рӯдхонаи Панҷ ба Афғонистон бурда бошад. Вале ҳукумати ноҳияи Дарвоз бо муроҷиат ба мақомоти ноҳияҳои ҳаммарзи Афғонистон хостааст, дар сурати пайдо кардани ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон, онҳоро хабардор кунанд.

Мошини «Тойота»-и панҷ корманди дафтари Фонди швейтсарии барчидани минаҳо ҳангоми бозгашт аз маъмурият аз Вилояти Худмухтори Бадахшон дар шоҳроҳи Хоруғ-Қалъаихум-Кӯлоб дар наздикии деҳаи Курговади Дарвоз ба мошине бархӯрда, аз баландии 35 метр ба рӯдхонаи Панҷ афтодааст.

Дар натиҷа, табиби гурӯҳ Машраф Абдураҳмонов ва ронанда Ғаффор Солиев дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд. Абдурозиқ Қурбонов, Илҳомҷон Сафаров ва Гулмурод Чориев бо мошин дар дарё ғарқ шуданд. Аз миён танҳо ду нафар зинда монданд.

Минаҷӯёни тоҷик
Минаҷӯёни тоҷик

Фонди швейтсарии поккории минаҳо дар Душанбе мегӯяд, минаҷӯёни бенишоншудаи тоҷик аз мутахассисони варзидае буданд, ки дар пайдо ва хунсо кардани садҳо минаву поккории ҳазорон метри мураббаъ майдонҳои маргбор дар Тоҷикистон саҳм доштаанд.

Бунёди швейтсарии барчидани минаҳо аз соли 2003 дар Тоҷикистон ба поксозии майдони минаҳо машғул аст ва кормандонаш то кунун даҳҳо ҳазор метри мураббаъро аз мина ва дигар маводи тарканда пок кардаанд. Минаҳое, ки аз замони ҷанги шаҳрвандӣ мерос мондаанд ва ё дар марзи Тоҷикистону Узбакистон кошта шудаанд, то кунун 353 нафарро кушта ва 446 нафари дигарро маъюб кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG