Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши мина дар Рашт як захмӣ бар ҷо гузошт


Бар асари таркиши мина дар ноҳияи Рашт як ҷавони 19-сола аз пойи чапаш маҳрум шудааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки Аҳмад Қодиров – сокини деҳаи Кодараи ҷамоати Қалъаи Сурх – рӯзи 26 апрел ҳангоми гаштугузор дар чарогоҳи атроф ба минаи зеризаминӣ бархӯрда ва ҳоло дар бемористони марказии ноҳия бистарист.

Дар Тоҷикистон дар 20 соли ахир аз таркиши минаҳо 490 нафар осеб дида ва 375 нафар ҳалок шудаанд, ки 90 дарсади онҳо сокинони осоиштаанд.

Як ҳамсӯҳбати мо дар ҳукумати ноҳияи Рашт рӯзи 28 апрел гуфт, ин ҷавон донишҷӯи Коллеҷ (омӯзишгоҳ)-и касбӣ-техникии Рашт буда, ҷарроҳӣ шудааст. "Аз пойи чапаш маҳрум шуд ва дар ҷойҳои дигари баданаш ҳам захмҳои сабук ҳастанд. Вазъаш ҳоло беҳтар аст", - гуфт ӯ.

Сокинони маҳаллӣ тахмин мекунанд, минае, ки Аҳмад Қодиров аз он зиён дидааст, дар ин минтақа аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мондааст. Минтақаи Рашт дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як макони аслии даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин буд.

Ҳоло камтар аз даҳ километри мураббаъ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки минаҳояшон пурра поккорӣ нашудааст. Рашт низ як минтақаи минакоришуда дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳаст, ки ҳанӯз пурра аз мина пок нашудааст.

Аммо Тоҷикистон бар асоси як барнома тасмим дорад, то соли 2020 майдонҳои минакоришударо ба маротиб камтар кунад. Бино ба иттилои Маркази миллии Тоҷикистон оид ба поккорӣ аз минаҳо тайи даҳ соли охир 190 майдони мина дар 14 ноҳияи кишвар, ба вижа дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон поксозӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон дар 20 соли ахир аз таркиши минаҳо 490 нафар осеб дида ва 375 нафар ҳалок шудаанд, ки 90 дарсади онҳо сокинони осоиштаанд. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор минаи гуногун маҳфуз аст. Бар асари таркиши онҳо соле то 4 нафар ва беш аз он дар аксари ҳолатҳо дучори садамаҳои марговар мешаванд. Аз шумори умумии зарардидагон 30 дарсад кӯдакон ва 10 дарсадро занон ташкил медиҳанд.​

XS
SM
MD
LG