Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардолуи Туркия ҷои Тоҷикистонро дар Русия танг кардааст


Офатҳои табиӣ ва зиёд шудани ҳосили зардолуи Туркия, ба даромади боғбонони тоҷик таъсири ҷиддӣ расонда, ба коҳиши зардолу меваи аслии содиротии Тоҷикистон сабаб шудааст. Деҳқонон аз вилояти Суғд мегӯянд, ки имсол ҳудуди 30 дарсад ҳосили худро аз даст доданд ва бинобар роҳ ёфтани маҳсулоти Туркия ба бозорҳои Русия ва поён омадани қиммати меваи тар, деҳқонони тоҷик натавонистанд ҳамон меваи ками худро бо қимати дилхоҳ дар Русия ба фурӯш бароранд.

“Мехостам аз пули зардолу хона бисозам”

Маъруф Ахунов, як боғбони 30-сола аз ноҳияи Конибодом, ки бо аҳли хонаводааш боғдорӣ мекунад, мегӯянд, ки бинобар номусоид омадани боду ҳаво, 30 дарсади ҳосилашро аз даст дод. Маъруф ба ҳисоби ҳосили соли гузашта нақша дошт, ки имсол аз фоидаи фурӯши зардолу манзили нав бунёд кунад, аммо мегӯяд акнун ин имконро аз даст додааст. Маъруф Ахунов ҳамроҳ бо оилаашон ҳудуди 3 гектар боғи зардолу доранд ва мегӯяд, солона аз ин ҳисоб зиёда аз 6 ҳазор доллар фоидаи соф ба даст меовард.

Офатҳои табиӣ ва зиёд шудани ҳосили зардолуи Туркия, ба даромади боғбонони тоҷик таъсири ҷиддӣ расонда, ба коҳиши содироти ин мева аз Тоҷикистон ба хориҷ сабаб шудааст.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, “дар вақти ҳосилбандӣ боди тунд як қисми зардолуҳои хомро резонд. Барои ҳамин, мо тақрибан қисми зиёди ҳосилро аз даст додем. Дар миёни дарахтҳо танҳо алаф мешавад ва ба ғайр аз фурӯши зардолу, мо дигар даромад надорем. Ҳоло зардолуи навъи якумро барои фурӯш омода карда истодаем ва аз ин ҳисоб аз ҳар гектар 2 ҳазор доллар фоида мегирем ва ин маблағро давоми як соли истифода мебарем. Зардолуи навъи дуюму сеюм фурӯхта, маблағи андозу обро медиҳем.”

Мақомот: Содироти зардолу ду баробар коҳиш ёфт

Мавсими ҷамъоварии ҳосили зардолу дар Тоҷикистон ҳудудан як моҳ пеш шурӯъ шуда, ҳоло ин навъи мева асосан ба хориҷ содир мешавад. Мақомоти вилояти Суғд -- минтақаи аслии содироти зардолу ба хориҷ мегӯянд, агарчӣ дар содироти зардолуи хушк тағйирот ҷиддӣ нест, аммо содироти зардолуи тар аз ин вилоят ду баробар коҳиш ёфтаааст. Тибқи омори идораи кишоварзии вилояти Суғд то 1 июни соли равон аз ин вилоят ҳамагӣ 1082 тонна зардолуи тар содир шудааст дар ҳоле, ки соли гузашта дар ҳамин давра 2607 тона мева истеҳсол шуд. Содироти зардолуи хушк низ наздики 400 тонна коҳиш ёфтааст.

Соли 2016 дар пайи ҷанҷоли Русия бо Туркия бар сари суқути ҳавопаймои низомии Русия дар фазои Туркия Маскав алайҳм Анқара таҳрим ҷорӣ кард ва меваҳои ин кишварро дар баробари маҳсулоти дигар ба бозорҳояш роҳ надод. Дар ин муддат Маскав аз кишварҳои Осиёи Марказӣх аз ҷумла Тоҷикистон даъват кард, ки меваҳояшро ба бозори Русия ворид кунад.

Баҳси Туркияву Русия ба фоидаи боғдорон анҷом шуд ва онҳо аз фурӯши меваҳо дар Русия фоидаи ҳангуфт бардоштанд. Аммо соли равон Маскав ва Анкара дубора бо ҳам дӯст шуданд ва меваҳои арзони туркӣ бозори Русияро дубора пур карда ҷойгоҳи меваҳои Тоҷикистонро танг карданд.

“Мағозаҳои Русия зардолуи моро кам мегиранд”

Пӯлод Ашуров, як соҳибкори тоҷик аз ноҳияи Ашт мегӯяд, меваҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати хушмаззагӣ метавонанд бо меваҳои давлатҳои ҳамсоя рақобат кунанд, аммо ончӣ тавони онҳо намерасад, рақобат бо меваҳои арзони Туркия аст.

Пӯлод Ашуров ахиран барои гулчин ва бастабандии зардолу барои содирот аз хориҷ бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ дастгоҳ овардааст. Ӯ бовар дорад, ки ба таври замонавӣ ва бо бастаҳои босифат ба фурӯш баровардани килоҳои зардолу ва меваҷоти дигар рақобатпазирии боғдоронро бештар мекунад.

Ин тоҷири тоҷик рӯзи 13 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “рақиби мо дар бозори Русия давлати Туркия аст, чун зардолуи пешпазак дар як вақт дар Тоҷикистон ва Туркия мепазад. Соли равон дар Туркия боғбонон бисёр ҳосили баланд ба даст оварданд ва нархи зардолуи Туркия дар бозорҳои Русия хеле поён рафт. Аз ин ҳисоб харидорон аз мо кам маҳсулот гирифтанд. Мағозаҳое Русия, ки аз мо маҳсулот мегирифтанд, ҳамаашон аз Туркия хариданд. Албатта зарари ин ба деҳқон расид, ки натавонистанд саривақт ҳамаи маҳсулоташонро фурӯшанд.”

Тоҷикистон як кишваре аст, ки ба баҳр роҳи баромадан надорад ва ягона роҳаш ба самти Русия ва кишварҳои аврупоӣ, аз тариқи Узбакистони ҳамсоя мегузарад. Деҳқонони тоҷик як сабаби паст шудани сифати маҳсулоти кишварзиро, ки барои содирот омода шудаанд, дар тафтишҳои беҳисоб ва манъшавиҳои чандрӯза дар марзи кишварҳои ҳамсоя медонанд.

XS
SM
MD
LG