Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи президентии Мексика номзади зан пешсаф аст


Шаҳрдори Мехико Клаудия Шейнбаум дар интихоботи президентии Мексика пешсаф аст. Маркази миллии интихоботии Мексика гуфтааст, бар асоси ҳисобҳои аввалия, Шейнбауми 61-сола зиёда аз 57,28 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.

Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, ба Рақиби Шейнбаум ва намояндаи эътилофи мухолифи "Нерӯ ва қалб барои Мексика" Ксочитл Галвес беш аз 30 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд.

Президенти Мексика Андрес Мануэл Лопес Обрадор эътироф кард, ки дар давоми 200 соли истиқлоли кишвараш бори нахуст як зан раҳбарии онро бар зимма мегирад.

Клаудия Шейнбаум яке аз бандҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии худро мубориза бо ҷинояткорӣ номида буд.

Интихоботи ахири президентӣ дар таърихи Мексика бузургтарин шумурда шуда, дар он беш аз 98 миллион раъйдиҳанда иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG