Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон гуфт, шумори муҳоҷирони корияш 300 ҳазор кам шудааст


Маскав. Акс аз соли 2020
Маскав. Акс аз соли 2020

Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов гуфт, кишвараш тавонистааст теъдоди муҳоҷирони кории худро дар хориҷ тақрибан 300 ҳазор кам кунад.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Девон, Байсалов дар ин бора дар мулоқот бо дабири кулли Созмони байнулмилалии кор Жилбер Унгбо хабар дод.

Ба гуфтаи Байсалов, мақомоти Қирғизистон барои ин гуруҳи шаҳрвандони худ дар дохил ҷойҳои корӣ ташкил кардаанд.

"Қирғизистон имрӯз ба як макони ҷолиб барои муҳоҷирони кории байнулмилалӣ табдил ёфтааст", - афзудааст ӯ.

Пештар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ хабар дода буд, ки шумори муҳоҷирони кории ин кишвар дар хориҷ камтар шудааст.

Ба иттилои вазорат, теъдоди қирғизистониҳое, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар хориҷ буданд, 655,5 ҳазор касро ташкил додааст. Дар ҳоле ки теъдоди онҳо дар соли 2022 наздик ба 837 ҳазор буд.

XS
SM
MD
LG