Қазоқистон рӯзи 23-юми август барои порлумони наваш, Қурултой, ки бо 145 курсӣ ба ҷойи Сенат ва Маҷлиси пешина ташкил шудааст, интихобот баргузор мекунад. То ин дам Қазоқистон ба мисли Тоҷикистон порлумони иборат аз ду палата дошт. Ҳоло аз он даст кашид. Ин дигаргунӣ, ки пас аз қабули Қонуни нави асосӣ имконпазир гашт, чӣ маъно дорад ва тарафдорону мухолифон чӣ мегӯянд?
“Қарори дигар кардани номи порлумон хато буд”
Барои интихобкунандагон дар Қазоқистон номи нави порлумон ва теъдоди вакилон чандон муҳим нест. Онҳо нигаронанд, ки дигар дар Қазоқистон номзадҳои мустақил ё номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ нахоҳанд буд. Акнун 145 вакили Қурултой, яъне порлумони нави Қазоқистон, танҳо аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ интихоб мешаванд.
Аз соли 1999 дар Қазоқистон бахше аз вакилон аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ ва қисме дигар дар ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешуданд. Ҳавзаҳои якмандатиро соли 2007 барҳам дода, аммо пас аз ҳодисаҳои хунини моҳи январи соли 2022 ва дар доираи ислоҳоти сиёсӣ дубора баргардонданд. Аз он ҳамагӣ як бор ва дар соли 2023 истифода шуд. Ҳоло ин таҷриба дар Қазоқистон бори дигар поён ёфт.
"Соли 1993, вақте нахустин Қонуни асосиро қабул кардем, роҳи рушди демократиро пеш гирифтем. Аммо соли 1995 бо пешниҳоди Нурсултон Назарбоев ба самти худкомагӣ ҳаракат кардем,” – мегӯяд фаъоли иҷтимоӣ Риспек Сарсенбойули.
Ӯ афзуд, пас аз қабули қонунҳои зиёд “оҳиста-оҳиста мардумро аз дастрасӣ ба ҳокимият маҳрум карданд. Порлумони кунуниро умуман наметавон порлумони мардумӣ номид. Ҳатто қарори дигар кардани номи порлумон ба Қурултой аллакай хато буд.”
“Назорат кардани ӯ душвортар аст”
Серик Бейсембоев, ҷомеашиноси қазоқ, бар ин назар аст, ки мақомот ҳавзаҳои якмандатиро соли 2022 дар посух ба талаботи ҷомеа ҷорӣ карда буданд, то мардумро андаке ором кунанд.
“Вазифаи асосии порлумон намояндагӣ аз мардум аст. Ба порлумон бояд одамоне ворид шаванд, ки аз манфиати шаҳрвандон ҳимоят кунанд. Вакиле, ки пуштибонии интихобкунандагонро эҳсос мекунад, дигар аст. Назорат кардани ӯ душвортар аст," – шарҳ дод Бейсембоев.
Дар айни замон, баъзе аз вакилоне, ки худашон ба таври мустақил аз ҳавзаҳои якмандатӣ ба порлумони Қазоқистон роҳ ёфтаанд, ҷонибдори даст кашидан аз ин модел ҳастанд. Барои ин, далел ҳам доранд.
Абзал Купсан, яке аз онҳо, гуфт: “Вақте ҳамчун вакил аз ҳавзаи якмандатӣ корро оғоз кардам, фаҳмидам, ки ҳосили фаъолияти ҳамкорон аз ҳизбҳо бештар аст. Албатта, ман ҳамчун ҳуқуқшинос медонам, ки бояд чӣ гуна тарҳи қонунро навишт. Аммо навиштан чизи дигар аст, гузарондани он чизи дигар. Агар вакили ягон фраксия лоиҳаи худро гузаронда натавонад, ҳамҳизбонаш ин корро анҷом медиҳанд. Аммо мо, вакилони якмандатӣ, маҷбурем ҳама корро ба танҳоӣ анҷом диҳем. Боре барои қабули як тағйирот маҷбур шудам, ки ба утоқи 98 вакил сар занам.”
“Мардум ба сиёсат майл надоранд”
Дар Қазоқистон расман ҳафт ҳизби сиёсӣ аст. Яке аз онҳо, ҳизби "Адолат", ҳамагӣ моҳи майи имсол таъсис шуда, моҳи июн сабтином гардид. Ҳизби "Амонат", ки дар замони ҳукуматдории президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев "Нур Отан" ном дошт, ба "Адолат" ҳамроҳ шуд ва бо ҳамин ба фаъолияти чанд даҳааш дар саҳнаи сиёсии ин кишвар поён бахшид.
Ҷомеашинос Серик Бейсембоев мегӯяд, "интихобкунандагони одӣ байни ҳизбҳо ягон фарқе намебинанд. Ман дар донишгоҳ дарс медиҳам. Вақте аз донишҷӯён мепурсӣ, ки кадом ҳизбҳоро мешиносанд, як ё ду донишҷӯ метавонад "Нур Отан"-ро ном бараду бас. Онҳо ба сиёсат майл надоранд. Сабабаш ҳам ин аст, ки мардум солҳои зиёд эҳсос намекарданд, ки метавонанд ба сиёсат, ба қабули қарорҳо ва ба интихобот таъсир расонанд.”
Рӯзи 23-юми август сокинони Қазоқистон ҳайати аввалини порлумони нав ё Қурултойро интихоб мекунанд.
Мардуми дорои ҳаққи раъй метавонанд ба номзадҳои яке аз ҳафт ҳизб ё “зидди ҳама” овоз диҳанд, вале онҳо ба аксу наворгирӣ ва нашри варақаҳои пуркардаашон дар интернет ҳақ надоранд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ин кор барои пешгирӣ аз поймоли махфӣ будани ҷараёни овоздиҳӣ ва таблиғоти ғайриқонунӣ зарур аст ва ҳар касе онро нодида гирифт, тақрибан 280 доллар ҷарима хоҳад шуд.
Як ҳафта пеш аз овоздиҳӣ созмонҳои ҳуқуқи башар дар дохили Қазоқистон ва берун аз он аз ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ ва фишор алайҳи намояндагони расонаҳои мустақил изҳори нигаронӣ карданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ