Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муллоҷонов: Барои қудратҳо дар ОМ субот муҳим аст, на шеваи раҳбарӣ


Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон то интихоботи президентии соли 2020 тағйироти куллие дар умури давлатӣ рух нахоҳад дод.

Пайдо шудани Гадоев дар Душанбе ва талош барои берун кардани “Гурӯҳи 24” аз руйхати гурӯҳҳои тундравро ин коршинос як муборизаи сиёсии қабл аз интихоботӣ ба хотири заъиф кардани мухолифин дар хориҷи кишвар медонад. Таблиғи ҷонибдорони ҳукумат аз ҳузури Шарофиддин Гадоев, як чеҳраи шинохтаи мухолифин дар Душанбе, ба гуфтаи ӯ, бештар ба фоидаи ҳукумат анҷом ёфт. Парвиз Муллоҷонов дар робита ба фазои сиёсии Тоҷикистон бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.

Чунки ҳеҷ яки ин кишварҳо намехоҳад субот халалдор шавад. Аз ҳамин нигоҳ барои онҳо муҳим нест, ки кадом низом ба кадом шакл аст. Кӣ сари ҳукумат аст ва ба кадом шева - чандон аҳамият надорад. Барои онҳо муҳим як ҳукумате бошад, ки суботро нигаҳ дорад

Даври аввал - ба фоидаи ҳукумат

Радиои Озодӣ: Яке аз масоили мавриди баррасии зиёди ду ҳафтаи ахир қазияи Шарофиддин Гадоев аст, ки мақомот мегӯянд, худаш ихтиёрӣ баргаштааст ва ҷонибдоронаш мегӯянд, рабуда шудааст. Шумо ин қазияро чӣ гуна мебинед?

Парвиз Муллоҷонов: Дар нисбати рабуда шудан ё ихтиёрӣ баргаштани Гадоев маълумоти дақиқ надорам, вале дар қадами аввал, фикр мекунам, ки ин қазия ба фоидаи ҳукумат шуд. Албатта, ӯ дар сафи мухолифон чеҳраи назаррас, шахсияти шинохта буд. Вақте ӯ дар Тоҷикистон пайдо шуд ва изҳорот дод, ин ба фоидаи ҳукумат ва то андозае бар зарари мухолифин шуд. Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки ин вокуниши байналмилалӣ, бахусус дар Аврупоро ба бор овард. Ҳукумати Ҳолланд вокуниш нишон дод ва гурӯҳҳои назаррас, дар ҳукумати ин кишвар, инчунин созмонҳои ғайридавлатии бонуфуз дар ин масъала кор мекунанд. Ин як муборизаи сиёсӣ аст, ки метавон гуфт, як даврааш ба фоидаи ҳукумат анҷом ёфт, лекин аз тарафи дигар, пас аз вокунишҳои ҷиддӣ шояд давраи дигар на ба фоидаи ҳукумат бошад.

Ҳадаф - ҷудоӣ андохтан аст

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Радиои Озодӣ: Дар гармогармии ин баҳс як гурӯҳ, ки худро собиқ ҳамсангарони Гадоев медонанд ва гуё пушаймон шуда ба ватан баргаштаанд, ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карданд, ки “Гурӯҳи 24”-ро аз руйхати созмонҳои ифротӣ берун кунанд. Бисёриҳо гумон доранд, талоши ин гурӯҳ бе машварати мақомот сурат намегирад. То куҷо қонунӣ кардани ин созмон ва ба майдони сиёсат ворид кардани онҳо ҳамчун як гурӯҳи таҳти назорат вуҷуд дорад ва ин ба ҳукумат чӣ медиҳад?

Парвиз Муллоҷонов: Фикр мекунам, ки пайдо шудани гурӯҳи ҳамном бо “Гурӯҳи 24” дар дохили Тоҷикистон имконпазир аст. Имконият вуҷуд дорад, ки ин гурӯҳро сабт кунанд. Шояд дар оянда мо созмонҳои ҳамноми созмонҳои мухолифин дар хориҷро дар дохили кишвар бубинем. Яке дар Душанбе, дигаре дар Аврупо. Номҳо як ва мавқеашон аз ҳамдигар фарқ хоҳад дошт.

Радиои Озодӣ: Бо чӣ далел чунин андеша доред?

Парвиз Муллоҷонов: Ин як раванди муборизаҳои сиёсӣ аст ва ҳадафи ҳукумат аз аввал ҷудоӣ андохтан миёни гурӯҳҳои мухолифин аст. Дар чунин ҳолат шояд баъзе аъзои дигар созмонҳои мухолифи ҳукумат майли бозгашт ба Тоҷикистонро пайдо кунанд. Фикр намекунам, ки теъдоди зиёде баргардад, вале қисми муайяне бармегардад. На ҳар кас метавонад дар ғарибӣ макону ҷойи худро пайдо кунад. Ин кори осон нест. Баъдан, дурӣ аз хонавода ва наздикон душвор аст. Онҳое, ки ҳоло дар хориҷа ҳастанд, на забонро медонанд ва на ихтисоси лозима доранд ва барои ин душворӣ мекашанд. Агар шароити мусоид фароҳам шавад, бармегарданд. Баъзеҳо идеологияи муайян надоранд, пояҳои идеологӣ надоранд, ин як роҳ барои наҷот арзёбӣ мешавад. Лекин дигарон, ки пояи идеологӣ доранд, дар чунин шароит ҳаргиз барнамегарданд.

Саҳнаи холии сиёсӣ

Радиои Озодӣ: Манзури шумо кадом шароит аст ва умуман фазои фаъолияти сиёсӣ дар Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Интихоботи соли 2015
Интихоботи соли 2015

Парвиз Муллоҷонов: Аз аввали соли 2000-уми дар Тоҷикистон таназзули ҳизбҳои сиёсӣ оғоз шуд. Аввал ҳизби сотсиал-демократ мавқеи худро аз даст дод ва фаъолияташ қариб ба поён расид. Дар соли 2015 ҳизби наҳзат баста шуд. Аз ин пеш ҳизби демократ тақсим шуду пош хӯрд. Аз соли 2015 дигар ҳизбҳои сиёсии бонуфуз дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Азбаски ҳизбҳои мухолиф вуҷуд надорад, дигар оппозитсия дар дохили кишвар нест. Гурӯҳҳоеро дар назар надорам, ки пинҳонӣ ҳастанд. Яъне, як ҷараёни маҳдудкунонӣ буд, ки соли 2015 он ба натиҷаи худ расид ва саҳнаи сиёсӣ холӣ монд.

Ду варианти интихоботи президентӣ

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле шумо саҳнаи сиёсии Тоҷикистонро холӣ унвон мекунед, ки соли оянда дар Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи президентӣ бояд баргузор шавад. Ба назари шумо, шонси аз худ дарак додани номзадҳои нав дар ин интихобот вуҷуд дорад?

Парвиз Муллоҷонов: Шояд чанд номзади ҷавонтар пайдо шавад, нисбат ба номзадҳое, ки пештар иштирок доштанд. Лекин гуфта метавонам, ки имконияти интихоб шудани онҳо кам аст. Гуфта метавонем, ки дар ҷомеаи коршиносӣ, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар як фикри умум вуҷуд дорад. Интихобот ду вариант дорад, ки ҳарду ҳам аз як нафар вобаста аст. Ё Эмомалӣ Раҳмон боз номзадии худро пешниҳод хоҳад кард ва ё фарзандашон Рустами Эмомалиро. Натиҷа аз ҳоло равшан аст. Қарори ҳукуматро намедонам чӣ хоҳад буд, вале ҳарфи коршиносон ҳамин аст. Агар ҳукумат қарори сеюме қабул кунад, шояд воқеаҳо тамоман дигар шавад. Лекин ҳамон ду вариант аст. Дар нисбат ба Озода Раҳмон ҳам ин гуна ҳарфҳо вуҷуд дорад, вале фикр намекунам, ки он ҷиддӣ бошад. Ин тахминҳои доираҳои коршиносӣ аст.

Чин ва кафолат барои сармоягузор дар Тоҷикистон

Парвиз Муллоҷонов

Соли 1960 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шуда, соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба ихтисоси шарқшинос хатм кардааст. Чанд сол ба унвони тарҷумон дар кишварҳои арабӣ фаъолият кардааст. Соли 2017 дар Донишгоҳи Базели Швейтсария рисолаи докториашро дар мавзӯи “Таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон” дифоъ кардааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Парвиз Муллоҷонов узви гурӯҳи ташаббускори дастрасӣ ба сулҳи тоҷикон буд. Солҳои ахир бештар дар бораи вазъ ва таърихи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои пасошӯравӣ пажӯҳишҳое анҷом дода, матолиби илмӣ менависад.

Ҳоло дар Амрико қарор дорад ва машғули пажӯҳиши илмӣ аст.

Радиои Озодӣ: Бо нисбатан озод шудани вазъи сиёсӣ ва реформаҳои баъди марги Каримов дар Узбекистон, хабарҳо аз саросер шудани миллионҳо доллар сармоя ба ин кишвар нашр мешавад. Тоҷикистон бинобар мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар ва ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон мавриди интиқод аст ва як сабаби ба ин кишвар ворид нашудани сармояҳо ҳамин мушкилот гуфта мешавад. То куҷо, ба назари шумо, тағйирот дар кишвари ҳамсоя метавонад ба нармиш дар сиёсати дохилии Тоҷикистон ҳам сабаб шавад?

Парвиз Муллоҷонов: Садди роҳи асосии сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон аслан фазои номувофиқи ин кишвар аст. Чӣ тавре медонам, аксари сармоягузорон парво надоранд, ки фазои демократӣ вуҷуд дорад ё надорад. Барои онҳо муҳим аст, ки сармояи онҳо аз ҷониби давлат ҳимоя шавад. Бояд суди ҳакамӣ вуҷуд дошта бошад. Шартҳои дигар вуҷуд дорад. Ҳамин шартҳо набошад, фазо набошад, сармоягузорӣ намешавад. Баъзан, ширкатҳои бузург аз хориҷ шояд меомаданд. Чуноне, ки ба Чин рафта буданд. Ҳоло он ки Чин ҳам демократӣ нест. Ба ҳар ҳол чӣ қадар ширкатҳо рафтанд он ҷо ва кор мекунанд. Лекин Чин барои онҳо як фазои мувофиқ ташкил кард. Монеаи асосӣ дар Тоҷикистон фазои номусоид аст, ки сармоягузор хавф дорад. Шикоятҳои асосие, ки аз тарафи созмонҳо ва сармоягузорон мешунавем, ин аст, ки сармоягузории онҳо дар Тоҷикистон аз тарафи давлат ҳимоя намешавад, кафолат нест.

Бузургмеҳр шояд озод шавад, аммо...

Радиои Озодӣ: Бархе бар ин назаранд, ки қабл аз интихоботи соли 2020 бинобар танқидҳои байналмилалӣ ҳукумат тағийроте барои беҳтар кардани муҳити сиёсӣ ва иқтисодӣ анҷом хоҳад дод.

Парвиз Муллоҷонов: Дар фазои пешазинтихоботӣ дар кишвар ягон дигаргунии ҷиддӣ сурат намегирад. Шароит фазои бози демократӣ дар ин шабу рӯзро намепазирад. Марҳилаи муборизаи сиёсӣ аст, марҳилаи хеле ҷиддӣ аст ва вазъ дар сатҳи ҳозира боқӣ мемонад. Шояд вазъ на бадтар шавад ва на хубтар. Ин танҳо фикри шахсии ман нест. Дар ҷомеаи коршиносӣ, ки ба мавзӯи Тоҷикистон машғуланд, дар ҳамин фикранд. Интизори дигаргунии куллӣ нестанд.

Радиои Озодӣ : Чаро ҷомеаи коршиносӣ чунин фикр мекунад?

Парвиз Муллоҷонов: Марҳилаи пешазинтихоботӣ як марҳилаи ҳассос аст. Пеш аз ҳама аз ҷиҳати иқтисодӣ, аз нигоҳи бархӯрдҳои геополитикӣ ва ин ки минтақа ором нест. Сабабҳоро ҷамъ кунем, ба чунин хулоса меоем. Шояд чанд шахсияти зиндонӣ озод шавад ва ё мӯҳлаташон кам шавад. Бахусус он афроде, ки зиндонӣ шуданашон боиси интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ шудааст. Ба монанди Бузургмеҳр Ёров, адвокати шинохта, ки мумкин озод шавад. Ин имконпазир аст. Барои Тоҷикистон беҳтар кардани рейтинг ва имиҷи байналмилалӣ хеле муҳим аст. Медонем, ки вазъи иқтисодӣ дар кишвар ва дар минтақа душвор аст. Бӯҳрони иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки он ба Тоҷикистон аз Русия омад. Дар ҳамин марҳила вайрон кардани муносибат бо Ғарб ба манфиати Тоҷикистон низ нест. Ҳар яке аз ин кишварҳо таъсири хоси худро ба минтақа доранд. Нигаҳ доштан ва беҳтар кардани имиҷи байналмилалӣ ба манфиат аст. Дар ин маврид шояд баъзе қадамҳо гузошта шавад. Вале инҳо тағийроти куллӣ нест.

Чанд омили байналмилалӣ аст. Дар Русия бӯҳрони иқтисодӣ аст, ки ба мо таъсир кард. Аз тарафи дигар, низоми иқтисодие, ки мо дорем, самарабахш нест. Чанд норасоии ҷиддӣ вуҷуд дорад. Дар ин вазъият фикр намекунам, ки ислоҳоти сиёсии ҷиддӣ ё иқтисодӣ роҳандозӣ шавад.

Ислоҳоти ҷиддӣ дар назар нест

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки кишварҳои абарқудрат таъсири хос ба кишварҳои минтақа, бахусус ба Тоҷикистон доранд. Нигоҳи ин кишварҳоро ба вазъи кунунии Тоҷикистонро чӣ гуна баҳо медиҳед?

Парвиз Муллоҷонов: Аслан, аксари кишварҳои абарақудрат, пеш аз ҳама Чину Русия ва кишварҳои таъсиргузори ғарбӣ ба сулҳу субот дар минтақа манфиатдоранд. Чунки ҳеҷ яки ин кишварҳо намехоҳад субот халалдор шавад. Аз ҳамин нигоҳ барои онҳо муҳим нест, ки кадом низом ба кадом шакл аст. Кӣ сари ҳукумат аст ва ба кадом шева - чандон аҳамият надорад. Барои онҳо муҳим як ҳукумате бошад, ки суботро нигаҳ дорад. Шояд дар баъзе мавридҳо Амрико ё кишварҳои Ғарб чанд шиори мардумсолорӣ пешниҳод кунанд, вале манфиати асосиашон нигаҳ доштани субот аст. Ин дар ҷойи аввал аст ва идеология дар ҷойи дуюм.

Дар нисбати кишварҳои Осиёи Миёна шояд таваҷҷӯҳ ва маблағгузорӣ кам шавад, вале дигар нигоҳҳо тағйир намекунад. Трамп бештар ба Аврупо ва Осиёи наздику Чин таваҷҷӯҳ дорад. Бо баҳонаи Чин бо кишварҳои ҳамсояи он то андозае таваҷҷӯҳ мекунанд, вале на он қадар зиёд. Боз ҳам масъалаи асосӣ суботи сиёсӣ дар минтақа аст, ки ҳоло ҳеҷ кишваре ба халадор кардани он хоҳиш надорад. Шеваи ҳукуматдориҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои онҳо масъалаи дуюмдараҷа аст. Вале албатта бояд таъкид кард, ки дар ҳолати поймолшавии ҳуқуқи башар дар кишвар ё дар ягон минтақаи кишвар, ҷомеаи ҷаҳонӣ ором намешинад ва ин шояд сабаби интиқоди зиёд ва ҳатто ҷорӣ кардани таҳримҳо шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG