Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи баҳсбарангези Онишенко роҷеъ ба Тоҷикистон


Геннадий Онишенко, сартабиби беҳдоштии Русия дар баёнияи баҳсбарангезе гуфтааст, хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон барои кишвари ӯ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар ҳоле, ки чанд моҳ ба ин сӯ, ягон маврид гирифторӣ ба фалаҷ дар Тоҷикистон сабт нашудааст.

Геннадий Онишенко, ба хабаргузории давлатии “РИА Новости” гуфтааст, бо назардошти равобити наздик ва ҳамчунин сафари зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия хатари беморӣ барои ин кишвар бисёр ҷиддӣ аст. Бемории фалаҷи атфол, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон хуруҷ кард, то кунун ба бештар аз 450 нафар сироят карда ва 20 нафар, умдатан кӯдаконро куштааст.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, беморӣ дар Тоҷикистон аз густариш мондааст ва охирин мавриди сироят ҳам моҳи июл сабт шудааст. Дар Русия то кунун 12 мавриди бемории фалаҷи атфол сабт шудааст.

Бар хилофи баёнияи имрӯзааш, Геннадий Онишенко моҳи гузашта дастур дода буд, ки бо назардошти ба эътидол омадани вазъи сирояти бемории полиомелит дар Тоҷикистон ба ваксинзании шаҳрвандони ин кишвар зимни вуруд ба Русия хотима дода шавад.

Ин дар ҳолест, ки сар аз рӯзи 13 сентябр даври дигари моякӯбии кӯдакон алайҳи фалаҷ дар Тоҷикистон оғоз шудааст. Ва аз моҳи июн ба баъд дар Тоҷикистон ҳеҷ мавриди бемории фалаҷи ошкор ва сабт нашудааст.

Баёнияҳои собиқи Онишенко

Геннадий Онишенко дар гузашта низ роҷеъ бо вазъи бемории атфол дар Тоҷикистон ва эҳтимоли сирояти он баёнияҳое содир карда буд. Ва бо пешниҳоди ӯ ҳатто воридоти меваи хушки Тоҷикистон ба Русия барои як муддат манмӯъ шуд, ки бар асари он содиркунандагони мева дар Тоҷикистон зиёни фаровоне диданд.

Ҳамчунин сафари атфоли то шашсолаи тоҷик ба шаҳрҳои Русия низ ба манзури ҷилавгирӣ аз эҳтимоли сирояти ин беморӣ мамнӯъ шуда буд. Аммо ахиран ин монеъаҳо лағв шуданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи баёнияҳои Онишенко, акнун суоле, ки матраҳ аст ин аст, ки баёнияи навбатии сарпизишки беҳдоштии Русия дар бораи вазъи полиомелит дар Тоҷикистон чӣ пайомаде хоҳад дошт?
XS
SM
MD
LG