Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтиёти Узбекистон барои "ҳаром" номидани "криптовалюта" узр пурсид


Раёсати фатвои Идораи мусулмонони Узбекистон изҳороти худро дар бораи манъ будани тиҷорати “криптовалюта” дар Ислом аз сомонааш пок карда, узр пурсидааст.

Дар раёсат гуфтанд, изҳороти мазкур дар натиҷаи беэҳтиётӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.

“Лоиҳаи суолу ҷавобҳо бо сабабҳои техникӣ ва беаҳамиятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст”, - омадааст дар хабари раёсат

Ба иттилои манбаъ, сардори Раёсати фатвои Идораи мусулмонони Узбекистон Нуриддин Холиқназар ва муовинонаш дар ҳоли ҳозир ба зиёрати Хонаи Худо рафтаанд ва “корҳои илмӣ-тадқиқотӣ” дар ин замина ҳанӯз ба поён нарасидааст.

Қаблан Раёсати фатвои Идораи мусулмонони Узбекистон дар як изҳорот гуфта буд, ки тиҷорати криптовалюта ба талаботи шариати Ислом ҷавобгӯ нест ва мусулмонон то ҳалол эълом шудани он бояд аз харидуфурӯшаш худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG