Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи “Бахти Тошкандӣ” дар додгоҳ шуруъ шудааст


Бахтиёр Қудратуллоев, машҳур бо лақаби “Бахти Тошкандӣ”
Бахтиёр Қудратуллоев, машҳур бо лақаби “Бахти Тошкандӣ”

Додгоҳе дар Тошканд, маркази Узбекистон, рӯзи 3-юми июн ба муҳокимаи намояндаи олами ҷиноӣ Бахтиёр Қудратуллоев, машҳур бо лақаби “Бахти Тошкандӣ” ва 36 нафари дигар оғоз кардааст.

Бино ба наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, мурофиа ба таври боз гузашта, Қудратуллоев ба суолҳо посух медиҳад.

Дар курсии айбдорӣ 37 кас, аз ҷумла Ихтиёр, писари Бахтиёр Қудратуллоев, нишастаанд. Қудратуллоеви 27-сола ба "Тамаъҷӯии гуруҳӣ ба маблағи махсусан калон" муттаҳам аст ва ба ӯ бар асоси ин банд то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.

Пештар гуфта мешуд, ки баррасии парвандаи "Бахти Тошкандӣ" 29-уми май оғоз мешавад, аммо бо сабабҳои номаълум ба таъхир афтод.

Хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон хабар дода буд, ки Қудратуллоеви 52-сола ба "Қасдан расондани осеби ҷисмонии вазнин, ки боис ба марг шудааст”, “Қасдан расондани осеби ҷисмонии сабук”, “Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ”, “Тамаъҷӯӣ”, “Сохтакории аснод”, “Қаллобӣ”, “Ташкили созмони ҷиноӣ” ва “Пулшӯӣ” муттаҳам мешавад.

Ба гузориши расонаҳои Узбекистон, Бахтиёр Қудратуллоев моҳи декабри соли 2023 дар Тошканд дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG