Ҳукумати Тоҷикистон дар ним сол барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", ки ҳаёту мамот ва роҳи халосӣ аз буҳрони энержӣ меномад, чор миллиард сомонӣ (432 миллион доллар) ҷудо кардааст. Бонки Ҷаҳонӣ ҳам гуфт, 300 миллион доллар медиҳад. Харҷи ин пулҳо ва то куҷо таъмин шудани шаффофият суолҳоеро ба миён овардааст.
Хабарнигорон рӯзи 22-юми июл дар нишасти матбуотӣ дар Вазорати молия мавзӯи дурусту шаффоф харҷ шудани маблағҳоро барои бунёди "Роғун" дар миён гузоштанд. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, талош кард, собит кунад, ки дахлу харҷ зери назорати ҷиддӣ аст.
Ӯ гуфт, "ҳар сомоние, ки дар "Роғун" сарф мешавад, чанд марҳилаи мувофиқаро мегузарад. Якум, худи кормандон кори анҷомшударо ба ҳисоб мегиранд. Мо ба ғайр аз намояндагони ҶСК “Роғун” боз намояндаи фармоишгар дорем, ширкати “Tractebel Engineering S.A”, ин ширкати байнулмилалӣ аст, тамоми кору сохтмону маблағгузории иншоотро назорат мебарад.”
Ба гуфтаи вазири молия, харҷи маблағҳо аз сӯи идораи татбиқи лоиҳаҳои энергетикии назди раисҷумҳури Тоҷикистон низ назорат мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Камолиддин Сироҷиддинов, коршиноси соҳаи энергетика, ки ба Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи сохтмони “Роғун” машварат медиҳад, ба Радиои Озодӣ гуфт, назорати харҷи маблағҳои ҷудошуда аз буҷаи Тоҷикистон бояд сахттар шавад. Чун ба таъкиди ин коршинос, Бонки Ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари молӣ харҷи пулҳои худро дар нерӯгоҳ сахт назорат мекунанд.
"Лекин дар бораи маблағҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон барои сарбанд ҷудо мекунад, бояд шаффофият мустаҳкамтар шавад," – афзуд ин коршинос.
Қазияҳо атрофи пули “Роғун”
Харҷи сармояҳо дар нерӯгоҳи “Роғун” ҳар сол дар маҷлиси саҳомон баррасӣ мешавад, аммо гузоришҳои он ҳеч гоҳ расонаӣ нашудааст. Бо вуҷуди чунин назорат, ки гуфта мешавад, ҳатто Бонки Ҷаҳонӣ ҳам ба он шарик аст, дар гузашта ҷанҷолҳое дар атрофи пули “Роғун” ба миён оварда буд.
Аз ҷумла, соли 2017 маълум шуд, ки Вазорати молия 170 миллион сомонӣ пули неругоҳи “Роғун”-ро ба ширкати сӯхтрасони “Умед 88” қарз додааст. Баъди боздошти молики ин ширкат, Раҷабалӣ Одинаев, мақомот гуфтанд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи ӯ як бахши маблағҳои “Роғун” баргардонда шуд. Одинаев дар зиндон даргузашт.
Соли 2020 Оҷонси зидди фасод дар Тоҷикистон гузодод, ки дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” 124,5 миллион сомонӣ “истифодаи ғайримақсадноки пули буҷет” ошкор шудааст. Мақомот он вақт роҳбари яке аз ширкатҳои сохтмониро боздошт карданд ва гуфтанд, маблағи зарар пурра баргардонда шуд. Тасдиқи дурустии ин маълумот имконпазир нест.
Ҳамчунин мухолифони ҳукумат дар Аврупо борҳо дуруст истифода шудани саҳмияи мардумро дар бунёди “Роғун” зери суол бурдаанд. Мақомот гуфтанд, 819 миллион сомонӣ пули саҳмия дар сохтмони нерӯгоҳ харҷ шудааст.
Давлати Тоҷикистон соли 2010 дар як иқдоми нимамаҷбурӣ ба сокинон саҳмияҳои неругоҳи “Роғун”-ро фурӯхт. Ин маърака танҳо баъд аз дахолати Сандуқи Байнулмилалии Пул хотима ёфт. Мутахассисони ин созмони молии ҷаҳонӣ ҳушдор доданд, ки ҷамъоварии ин миқдор маблағ як дарсад рушди иқтисоди кишварро боздошта, сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ коҳиш хоҳад ёфт.
Харҷи ниҳоии нерӯгоҳ чӣ қадар аст?
Масъалаи дигаре, ки хабарнигорон рӯзи 22-юми июл аз вазири молия пурсиданд, болоравии арзиши сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” буд, ки аз 3 миллиард доллари соли 2008 тадриҷан ба 6 миллиард доллар расид. Маълум нест, ки ин адади охирин бошад.
Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, “арзиши ниҳоии иншоот” танҳо баъд аз поёни сохтмони нерӯгоҳ муайян мешавад. Қаблан дар Вазорати энержӣ ва захираҳои об яке аз сабабҳои афзоиши нархи тарҳро ба бозбинӣ шудани арзиши баъзе кору хидматрасониҳо пайванд доданд.
Камолиддин Сироҷиддинов, коршиноси соҳаи энергетика пешбинӣ мекунад, ки харҷи нерӯгоҳ то анҷоми сохтмон метавонад то 7 миллиард доллар афзоиш ёбад.
Ширкати аудитории "Baker Tilly Tajikistan”, узви шабакаи байнулмилалии Baker Tilly International вазъи молии "Роғун"-ро дар соли 2024 санҷидааст. Таҳқиқи он нишон додааст, ки сармояи оинномавии "Роғун" дар қиёс ба Феҳристи ягонаи давлатӣ наздики 5 миллиард сомонӣ камтар аст. Ширкат гуфтааст, маъмурияти сохтмон дар ин маврид далелҳои кофӣ пешниҳод накард.
Тибқи омори расмӣ, аз соли 2008 то августи 2025, аз ҳисоби буҷаи Тоҷикистон ва дигар манбаъҳо барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” беш аз 48 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ба қурби имрӯза панҷ миллиард доллар) ҷудо шудааст. Қарор аст сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” то соли 2035 ба анҷом расад. Мардум дар Тоҷикистон умедворанд, ки бо поёни сохтмони “Роғун” лимит ё маҳдудияти барқ аз байн меравад. Вале дақиқ нест, ки сохтмон воқеан то соли 2035 ба анҷом мерасад ё боз ба дарозо мекашад.