Ҷасминаи Шириншоҳ (Ятимзода), сокини 21-солаи деҳаи Даштаки ҷамоати Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз рӯзи 13 август аз тири силоҳбадастон аз самти Афғонистон дар дохили ҳавлиаш ба ҳалокат расид.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандони ин зан изҳори ҳамдардӣ кард ва аз мақомоти ноҳияи Дарвоз хост, ба онҳо кумак кунанд ва тарбияи кӯдаки хурдсолашро зери назорат гиранд.
Дар як соли охир бар асари он чӣ мақомоти Тоҷикистон тирандозӣ аз самти Афғонистон гуфтаанд, чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам рӯзи 14-уми август ба ҷониби Афғонистон нота ё ёддошти эътирозӣ фиристодааст. Ин Вазорат аз Толибон хост, "масъаларо ҷиддӣ дарк карда, дахлнопазирии сарҳади давлатии Тоҷикистонро риоя намояд ва барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои муассир андешад".
Абдуқаҳҳори Балхӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон дар баёнияе дар шабакаи Х гуфт, "бархе гурӯҳҳои фурсатталаб ахиран кӯшидаанд то дар бахшҳое аз вилояти Бадахшони Афғонистон бесуботӣ эҷод кунад, ки ҳадафи он халалдор кардани амнияти минтақа ва хадшадор кардани эътимод миёни Толибон ва Тоҷикистон аст".
Ӯ бо ибрози таассуф аз кушта шудани ин шаҳрванди Тоҷикистон, ба хонаводаи ӯ ва мардуми Тоҷикистон тасаллият гуфт.
"Ҳифзи амният, субот, асли ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияи арзии кишварҳо" пойбанд аст ва иҷоза нахоҳад дод, касе аз хоки Афғонистон барои эҷоди беназмӣ ва бар ҳам задани амният истифода кунад",-гуфтааст сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон.
Вокуниши ҳукумати Толибон ба ҳодисаи Дарвоз дар ҳоле сурат мегирад, ки аз наздик ба як ҳафта миёни нерӯҳои ин гурӯҳ ва афроди вобаста ба Ҷумъахон Фотеҳ, як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, дар ноҳия ё вулусволии Нусайи Дарвози Бадахшони Афғонистон даргириҳо идома дорад. Ин вулусволӣ дар рӯбарӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон қарор дорад.
Дар як соли охир бар асари он чи мақомоти Тоҷикистон тирандозӣ аз самти Афғонистон гуфтаанд, чандин нафар куштаву захмӣ шуданд. Аз ҷумла, шаби 26-уми ноябри соли 2025 дар як ҳамла ба қароргоҳи корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон 3 шаҳрванди Чин кушта шуданд. Рӯзи 30-юми ноябри ҳамон сол дар ҳамла аз самти Афғонистон ду роҳсози чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷон бохтанд. Захмиҳо низ буданд.
Гуфтугӯ