Тибқи хабарҳои расида, Ҳабибурраҳмон Мансур, шаҳрдори "Толибон" дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон, кушта шудааст.
Як манбаъ дар ҳукумати "Толибон", ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, ин хабарро дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тасдиқ кард.
"Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон" бо раҳбарии Аҳмад Масъуд масъулияти ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст. Ин ҷабҳа рӯзи 13-уми август бо нашри баёнияе дар шабакаи "Х" навишт, ки дар амалиёти ҳадафманди ин ҷабҳа мошини ҳомили шаҳрдори "Толибон" ҳадаф қарор гирифт.
Ба иттилои Ҷабҳа, ин амалиёт дар 100-метрии бинои мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон анҷом шуд. Ин ҷабҳа дар мавриди чигунагии ҳамла чизе нагуфтааст.
Баъзе аз расонаҳои дигар навиштанд, ки дар ҳамла муҳофизони шаҳрдори Файзободи Афғонистон ҳам кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, аз се рӯз ба ин тараф миёни нерӯҳои ҳукумати "Толибон" ва Ҷумъахони Фотеҳ, фармондеҳи маҳаллии ин гурӯҳ дар Нусайи Дарвоз, даргириҳои сахт идома дорад.
Вилояти Бадахшони Афғонистон дар ҳафтаҳои охир шоҳиди нооромиҳо будааст.
Рӯзи 28-уми июл Забеҳуллоҳ Амирӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати "Толибон" дар вилояти Бадахшон дар масири Баҳорак-Файзобод, дар ҳамлаи ду фарди мусаллаҳи дучархасавор кушта шуд.
Чанд ҳафта пеш ҷангиёни "Ҷабҳаи сипоҳиёни меҳан" маркази ноҳияи Яфтали поёнро барои чанд соат дар ихтиёр гирифтанд.
Як ҳафта баъд аз он дар ноҳияи Зебок, ҳаммарз бо Читроли Покистон ва ноҳияи Ишкошими Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, "Ҷабҳаи озодии Афғонистон", яке аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати "Толибон", ҳамлаҳоеро ба пойгоҳҳои низомии Толибон оғоз кард.
Толибон мегӯянд, амнияти сартосариро дар Афғонистон таъмин кардаанд. Бо оғози даргириҳои пароканда дар минтақаҳои гуногуни Бадахшон, ба назар мерасад, ки ҳукумати "Толибон" ҳамакнун бо душвориҳои амниятӣ рӯ ба рӯ гаштааст.