Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути кӯтоҳмуддати як ноҳия дар Бадахшон ба дасти мухолифони Толибон

Шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон Афғонистон.
Шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон Афғонистон.

Мақомҳои ҳукумати Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон тасдиқ карданд, ки маркази вулусволӣ ё ноҳияи Яфтали Поён шоми ҷумъа барои чанд соат ба дасти як гурӯҳи мусаллаҳ афтодааст.

Эҳсонуллоҳ Комгор, сухангӯи фармондеҳии амнияти Толибон дар Бадахшон, ба расонаҳо гуфтааст, ки як гурӯҳи мусаллаҳ бо истифода аз рухсатии шуморе аз кормандони баландпояи амниятӣ, шабҳангом бар фармондеҳии амнияти ноҳияи Яфтали Поён, ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои амниятии Толибон пас аз чанд соат ба маҳал омаданд ва онҳоро ақиб ронданд. Сухангӯи фармондеҳии амнияти Толибон дар Бадахшон, ин афроди мусаллаҳро "ғайримасъул" хонд.

Ҳамчунин як манбаъ дар ҳукумати Толибон, ки нахост номаш дар гузориш гирифта шавад, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки як гурӯҳи мусаллаҳ ба маркази ноҳияи Яфтали Поён ҳамла карда, барои чанд соат назорати ин марказро дар ихтиёр доштанд. Шуморе аз манбаъҳои маҳаллӣ низ тасдиқ кардаанд, ки афроди мусаллаҳ миқдоре аз силоҳҳо ва таҷҳизоти Толибонро бо худ бурдаанд.

Ин нахустин бор дар 5 соли ҳокимияти Толибон бар Афғонистон аст, ки як гурӯҳи мусаллаҳ барои муддате назорати маркази як ноҳияро дар даст мегирад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ видеоҳо ва аксҳое нашр шудаанд, ки афроди мусаллаҳро дар бозори ноҳияи Яфтали Поён нишон медиҳад ва ба назар мерасад шуморе аз воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти Толибон дар ихтиёри онҳо қарор дорад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ наметавонад ба таври мустақилона дурустии ин аксу наворҳоро тасдиқ кунад.

Манбаъҳои Толибон иддао кардаанд, ки шуморе аз афроди мусаллаҳ боздошт, шуморе кушта ва амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани дигар афрод идома дорад.

Аз сӯи дигар, як гурӯҳи мусаллаҳ бо номи "Ҷабҳаи сипоҳиёни меҳан", ки мегӯяд ба тозагӣ таъсис ёфтааст ва бо ин ҳамла аз мавҷудияти худ дарак дод, бо нашри баёнияе гуфт, нерӯҳои ин ҷабҳа амалиёти "ҳамоҳанг ва кӯбанда"-ро дар ноҳияҳои Ёвон, Роғистон ва Яфтали Бадахшон анҷом додааст.

Ин ҷабҳа иддао кардааст, ки дар натиҷаи ин амалиёт, ноҳияи Яфтали Поёнро "ба таври комил аз тасарруфи Толибон хориҷ карда ва онро озод намудааст". Дар эъломия омадааст, ки шуморе аз нерӯҳои Толибон ба асорат даромада ва силоҳ, муҳимот ва таҷҳизоти низомии Толибон ба дасти нерӯҳои ин ҷабҳа афтодааст.

Ба навиштаи расонаҳои мустақили Афғонистон, раҳбарии ин гурӯҳро шахсе бо номи Абдулқаюм Маланг, ба ӯҳда дорад. Пас аз ин ҳодиса, Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати Толибон, ба ноҳияи Яфтали Поин рафтааст.

Пас аз ин ҳодиса, Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати Толибон, ба ноҳияи Яфтали Поён рафтааст.
Пас аз ин ҳодиса, Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати Толибон, ба ноҳияи Яфтали Поён рафтааст.

Ин нахустин бор дар наздик ба панҷ соли ҳокимияти Толибон бар Афғонистон аст, ки як гурӯҳи мусаллаҳ барои муддате кӯтоҳ назорати маркази як ноҳияро дар даст мегирад. Вулусволӣ ё ноҳияи Яфтали Поён ҳудуди як соат аз шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон фосила дорад.

Толибон ҳамеша иддао кардаанд, ки амнияти сартосариро дар Афғонистон таъмин кардаанд. Аммо ин ҳодиса пурсишҳоеро матраҳ кардааст, ки аз даст рафтани муваққати назорати маркази ноҳияи Яфтали Поён, метавонад нишонаи як таҳдиди амниятӣ барои ҳукумати онҳо бошад. Толибон дар солҳои гузашта гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ ва низомии худро дар дохили Афғонистон ба шиддат саркӯб кардаанд.

Вобаста

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG