Бо афзоиши истихроҷи тило дар Афғонистон, дар баъзе аз гӯшаҳои вилояти Бадахшони он кишвар заминаи кор ва даромад барои ҳазорон нафар фароҳам шудааст. Аммо дар канори он, нигарониҳо дар бораи тахриби дарёҳо, заминҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳои минтақа низ афзоиш ёфтааст.
Дар кони тилои "Шева", ки дар ҳудуди 50-километрии шимол-шарқи шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон, ҷойгир аст, даҳҳо мошинолот шабу рӯз ба кофтани замин дар доманаи кӯҳ машғуланд. Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", дар ин минтақа ҳазорон коргар аз минтақаҳои гуногуни Афғонистон омада ва саргарми истихроҷи тило ҳастанд.
Шуморе аз сокинони маҳал ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки истихроҷи тило ба зиндагии онҳо ва муҳити зисти минтақа таъсири манфӣ гузоштааст. Муҳаммад Амин, деҳқони 73-сола, ки дар дараи "Пули Зерибон" зиндагӣ мекунад, гуфт, пеш аз ин дарёчаи минтақа чуқур ва оби он пок буд, аммо пас аз оғози заршӯӣ, оби рӯдхона дигар барои нӯшидан ва ҳатто шустани бадан низ муносиб нест.
Ӯ мегӯяд, алафҳои канори дарё аз байн рафта ва бинобар гарду ғубор кишти зироат низ дигар имконпазир нест. Ба гуфтаи ӯ, пеш аз ин то 40 сар буз нигаҳдорӣ мекард, аммо акнун тавони нигаҳдории ҳудуди 15 сар бузро дорад.
Амин мегӯяд, замини худро дар ивази 20 ҳазор доллари амрикоӣ ба як ширкати истихроҷи тило ба иҷора дод, аммо танҳо ниме аз ин маблағро дарёфт кард ва ширкат низ пас аз поёни фаъолиятҳои заршӯӣ, ба ваъдаи худ барои бозсозии замин амал накардааст.
Қадир Муттақӣ, коршиноси умури конҳо дар ҳукумати пешини Афғонистон, мегӯяд, пеш аз истихроҷи конҳо, бояд қонунҳои шаффоф ва мушаххасе вуҷуд дошта бошад.
Вазорати маодини ҳукумати "Толибон" гуфтааст, ки дар гузашта манбаъҳои табиӣ ба таври номуназам ва бе назорати кофӣ истихроҷ мешуд, вале акнун талошҳо барои танзим ва назорат бар фаъолиятҳои заршӯӣ ҷараён дорад.
Бо вуҷуди ин душвориҳо, бинобар бекорӣ ва маҳдуд будани фурсатҳои корӣ дар Афғонистон, ҳазорон нафар аз минтақаҳои гуногуни ин кишвар барои кор ба Бадахшон рафтаанд.
Муҳаммад Оғо Хоҷахел, сокини 21-солаи Кобул, ки панҷ сол боз дар конҳо кор мекунад, гуфт, фурсатҳои корӣ дар Кобул кам аст ва ӯ дар кон ба мошинҳои калон сангу шағал бор мекунад ва аз ин роҳ моҳона ҳудуди 10 ҳазор афғонӣ (муодили 150 доллари амрикоӣ) даромад дорад.
Шафеъуллоҳ Эҳсос, сокини Ҷалолобод, низ экскватори худро аз садҳо километр дуртар ба Бадахшон интиқол додааст. Ӯ мегӯяд, истихроҷи тило дар Ҷалолобод оғоз нашуда буд ва ба ҳамин сабаб маҷбур шуд, ки мошини худро барои кор ба Бадахшон биорад. Ӯ ҳар моҳ ҳудуди 25 ҳазор афғонӣ (муодили 375 доллари амрикоӣ) даромад ба даст меоварад.
Пеш аз ба қудрат расидани "Толибон" низ ин гурӯҳ бархе конҳои Бадахшонро дар назорати худ дошт ва барои истихроҷи он аз мошинолот истифода мекард.
Ҳасибуллоҳ, сокини ноҳияи Роғистони Бадахшон дар бораи он давра мегӯяд, "аз замоне ки Толибон вулусволии Роғистонро тасарруф карданд, конҳои тилоро дар назорати худ доранд. Мардум бо мушкилоти зиёд дар онҷо кор мекунанд. Толибон аз ҳар панҷ ҳисса тило, якеро ба унвони "хумс" аз мардум мегиранд."
Аммо пас аз ба қудрат расидани "Толибон", ҳукумати ин гурӯҳ таваҷҷуҳи бештаре ба рушди фаъолиятҳои заршӯӣ нишон дод ва талош мекунад даромадҳои ҳукумат аз манбаъҳои табииро афзоиш диҳад. Абдулматин Раҳимӣ, раҳбари Раёсати маъданҳои вилояти Бадахшон гуфтааст, дар ин вилоят аз 650 то 700 ширкат сабт шудааст ва ҳазорон нафар низ бе истифода аз мошинолот ва ба таври дастӣ саргарми истихроҷи тило ҳастанд.
Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи май, аз соли 2021 ба ин тараф садҳо қарордоди истихроҷи маъдан дар Афғонистон имзо шуда, мизони рушди воқеӣ дар бахши конҳо ба таври миёна аз 25 то 30 дарсад будааст.
Раёсати маъданҳои Бадахшони Афғонистон мегӯяд, ҳукумати онҳо дар соли 2025 яксаду дувоздаҳ кило тило ҷамъ овардааст. Ин раёсат дастури баста шудани ҳудуди 225 маҳалро, ки боиси осеб ба муҳити зист шуда буданд, содир кардааст. Минтақаи "Шева" низ шомили ин минтақаҳо мешавад.
Ба гуфтаи ин мақомҳо, дар яке аз минтақаҳо, дар пайи фаъолиятҳои истихроҷи маъдан ва сипас ҷорӣ шудани селоб ва фаромадани сангҳо, як пул, чанд дӯкон ва як мактаб зери хок монда ва минтақа ба таври комил вайрон шудааст. Дар ҳамин ҳол, густариши фаъолиятҳои истихроҷи конҳо барои ҳукумати Толибон заминаи афзоиши даромад ва барои ҳазорон нафар фурсатҳои кор фароҳам мекунад.
Аммо огоҳон мегӯянд, таҷрибаи Бадахшон нишон медиҳад, ки истихроҷи сареи манбаъҳои табиӣ агар бо меъёрҳои экологӣ, риояи ҳуқуқи мардум ва назорати таъсирбахш ҳамроҳ набошад, метавонад мушкилоти ҷиддӣ барои об, кишоварзӣ, чорводорӣ ва зиндагии мардуми маҳал эҷод кунад.
Гуфтугӯ