Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 кушта дар як кони ангишт дар Самангон


Волии Самангон Хайруллоҳ Анӯш
Волии Самангон Хайруллоҳ Анӯш

Мақомоти Афғонистон ҳалокати дастикам 27 ангишткан дар як кони ангишт дар вилояти шимолии Самангонро тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи мақомот, 123 ангишткани дигар ҳамчунин дар банд боқӣ мемонанд. Хабарнигори Озодӣ аз Самангон гузориш медиҳад, ки ангиштканҳо бар асари таркиши шоми ҷумъа дар кони ангишти Обхӯрак дар улусволии Рӯидуоб дар зери замин банд монданд.

Гузориши хабарнигори Озодӣ аз Самангон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00
Линки мустақим


Сухангӯи волии Самангон Муҳаммадсиддиқ Азизӣ гуфт, дар ин фалокат 20 ангишткани дигар захмӣ шудаанд.

Хайруллоҳ Анӯш, волии Самангон ба Озодӣ гуфт, ин 20 ангиштканро ҳанӯз ҳамон шоми ҷумъа, ҳамагӣ чанд соат баъд аз гирд мондани онҳо сокинони маҳаллӣ наҷот додаанд: “Бино ба иттилоъе ки ба дасти мо расидааст, ҳудуди 20 тан аз захмиёну масмумшудаҳо аз суфи маъдани рақами яки қарияи Обхӯрак наҷот дода шуданд. Вазъи 16 тани онҳо нисбатан беҳтар аст. Вале 4 нафареро, ки вазъи онҳо хеле вахим арзёбӣ мешавад, ба шаҳри Айбак, ба ба шифохонаи марказӣ, ба шифохонаи вилоятӣ интиқол доданд. Инҳоро бо кумаки сокинони маҳаллӣ аз зери кон берун кашиданд.”

Муовини раиси қувваи амнияи вилояти Самангон Мусаддиқуллоҳ Музаффарӣ гуфт, 4 тан аз наҷотдиҳандагон низ ба таври вахим ҷароҳат бардоштаанд.


Кони Обхӯрак дар 215-километрии шимоли пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул воқеъ мебошад. Дар соати таркиш ҷамъи коргарони кон беш аз 50 тан баровард мешуд. 8 тани онҳо билофосила ва ҳудуди 20 тан баъди чанд соат бо кумаки сокинони маҳаллӣ берун кашида шуда, вале 27 тан дар зери кон гирд монда, ҷон доданд.

Риояи меъёрҳои бехатарӣ як мушкили умдаи конҳои маъдани Афғонистон боқӣ мемонад. Дар вилояти Самангон низ чандин кони зуғолсанг амал мекунад, ки ба гуфтаи мақомот, истихроҷи ангишт дар ҳеҷ кадоми онҳо тибқи меъёрҳои қабулшуда сурат намегирад. Ин конҳо чандин бор шоҳиди таркишҳову гирд мондани ангиштканҳо дар зери кон шудаанд, вале ин барои бори аввал аст, ки бар асари чунин фалокат дар як кони ангишт беш аз 50 коргар гирд бимонад.

Дар моҳи декабри соли гузашта бар асари айни таркиш дар як кони ангишт дар вилояти Бағлон, низ воқеъ дар шимоли Афғонистон, 11 ангишткан ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG