Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фалокат дар кони ангишти Қарағанда


Дар кони Шахтински вилояти Қарағандаи Қазоқистон фалокат рух дод, ки бар асари он 5 ангишткан дар зери замин монданд.

Ба гуфтаи Наталия Ким, сухангӯи вазорати ҳолатҳои фавқулъоддаи Қазоқистон, ҳангоми фалокат дар кони ангишт 100 нафар ва аз ҷумла дар ҷои фурӯравии ангишт 5 кас машғули кор буданд. То ин вакт 95 ангишткан ба рӯи замин бароварда шудаанд. Алъон зарардидагон пайдо карда нашудаанд. Сарнавишти 5 ангишткан номаълум аст.

Владимир Божко, вазири ҳолатҳои фавқулъоддаи Қазоқистон, дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, ангиштканҳо дар ҳолати истифодаи таҷҳизоти махсуси муҳофизавии хеш то ба 5 соат зинда монда метавонанд.

Вале бегоҳии душанбеи 2 июн раҳбарияти «ArcelorMittal Темиртау», ки кони ангишти Қарағандаро соҳибӣ мекунад, бо пахши баёнияе иброз дошт, эҳтимоли ба ҳалокат расидани ангиштканҳоро хабар дод.

Ҷиҳати муайян кардани сабаби рух додани фалокат ва бартараф кардани оқибатҳои он комиссиюни вижа таҳти сарварии вазири ҳолатҳои фавқулъоддаи ин кишвар созмон дода шудааст. Дар маҳалли фалокат 9 дастаи ситоди марказии низомии хадамоти наҷотбахши Вазорати ҳолатҳои фавқулъоддаи кишвар ва 2 гурӯҳи хадамоти ёрии фаврии тиббӣ машғули амалиётанд.

Тавре аҳли назар ва масъулини хадамоти ҳолатҳои фавқулъоддаи Қазоқистон мегӯянд, дар ин кишвар ва ба вижа дар кони ангишти Қарағанда чунин фалокатҳо, ки боиси талафоти ҷонӣ мегарданд, бисёр рух додаанд. Аз ҷумла, моҳи январи соли равон бар асари фалокат дар кони ангишти Абайи ин шаҳр 30 ангишткан ҷони хешро аз даст доданд. Моҳи март низ дар кони ба номи Костенкои вилояти Қарағанда фалокат рух дод, вале тавонистанд ки ҳамаи 136 ангиштканро зуд ба рӯи замин бароранд. Тирамоҳи соли 2005 бошад, ба асари таркиш дар кони ангишти Қарағанда 41 ангишткан ба ҳалокат расида буданд.

Дар маҷмӯъ дар Қазоқистон, тавре вазири ҳолатҳои фавқулъоддаи кишвар гуфт, дар чаҳор моҳи соли равон шумораи зарардидагони ҳолатҳои фавқулъоддаи табиӣ ва ғайра назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 дарсад афзуд ва зарари молӣ аз ин офату фалокатҳои фавқулъодда беш аз 18 маротиба боло рафт. Вазири ҳолатҳои фавқулъоддаи Қазоқистон ҳамчунин афзуд, ки алъон бояд ниҳодҳои марбутаи вазорат бо таҷҳизоту мошинҳо ва дигар воситаҳои техникии замонавӣ ҷиҳозонида шаванд. Зеро имрӯз ағлаби мошинҳову таҷҳизот кӯҳна шудаанд ва бо онҳо наметавон ба таври муассир алайҳи фалокатҳои гуногун ва бартараф кардани оқибатҳои онҳо мубориза кард.

XS
SM
MD
LG