Қарордодҳои нав бо ширкатҳои маҳаллӣ имзо шудааст, ки шарики ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои эронӣ, чинӣ, туркӣ ва бритониёӣ ҳастанд. Қарордодҳои тилои Тахор, миси Айнаки Лугар, сурб ва оҳан дар Ғур ва Ҳирот рӯзи панҷшанбеи 31-уми август имзо шудааст.
Шаҳобиддин Диловар, вазири маъодин ва маводи сӯхти ҳукумати Толибон дар як нишасти хабарӣ дар ин бора дар Кобул гуфтааст, "имзои ин қарордодҳо Афғонистонро ба як кишвари содиротӣ ва саноатӣ табдил медиҳад".
Ӯ афзуд, "шаш миллиарду 557 миллион доллар аз сӯи онҳо сармоягузорӣ мешавад. Аз сармоягузории онҳо бубинед чӣ қадар сарват ва биноҳо вуҷуд дорад ва даромади давлат ва миллат чӣ қадар хоҳад буд. Дар сурб 20 дарсад мутааллиқ ба Иморат (Толибон ҳукуматашонро "Иморати Исломӣ" ном мебаранд) ва 80 дарсад аз онҳо хоҳад буд, 56 дарсади фоида аз тило мутааллиқ ба низом ва 44 дарсад аз онҳост..."
Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири Толибон дар баёнияе гуфт, ин қарордодҳо ҳазорон ҷойи корӣ ба вуҷуд меорад ва вазъи иқтисодии Афғонистонро ба таври чашмрас беҳбуд хоҳад бахшид.
Аммо дар ҳоле, ки ҳукумати Толибон бо таҳримҳо рӯбарӯ аст ва тиҷорати байналмилалӣ бо онҳо манъ аст ва ҳеҷ кишваре то кунун ҳукумати онҳоро ба расмият намешиносад, дар ин вазъият истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ то куҷо метавонад муваффақ бошад.
Ҷавод Нуронӣ, як коршиноси саноати маъдан дар Афғонистон ба ин бовар аст, ки омори ироашуда аз сӯи Толибон метавонад гумроҳкунанда бошад ва то вақте, ки иҷрои ин тарҳҳо оғоз нашудааст ва мумкин аст солҳо тӯл бикашад, наметавон дар мавриди арзиши иқтисодии онҳо қазоват кард.
Ӯ ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, "Толибон медонанд, ки Афғонистон конҳои зиёде дорад ва ин манбаъҳо пули нақд ҳастанд. Вале табдили онҳо ба пули нақд кори содае нахоҳад буд. Истихроҷи маъданҳо бисёр душвор ва печида аст ва ба муқаррарот, стратегия ва зерсохтҳо ва ниҳодҳои вижаи тахассусӣ ниёз дорад".
Ҳукумати Толибон аз муддатҳо пеш талош кардааст, ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷиро ба сармоягузорӣ дар саноати куҳкории Афғонистон ташвиқ кунад. Ин иқдомҳо бахше аз талошҳои ҳукумати Толибон барои рушди иқтисоди Афғонистон будааст.
Ҳудуди 80 дарсади будҷаи ҳукумати пешини Афғонистон аз кӯмакҳои хориҷӣ таъмин мешуд. Аз замони рӯи кор омадани Толибон қисми зиёди ин кӯмакҳо, ки хароҷоти хадамоти умумӣ, монанди тандурустӣ, маориф, зербиноҳо, вазоратхонаҳо ва идораҳоиҳои давлатӣ бо он таъмин мешуд, қатъ шудааст.
Толибон низ чун ҳукумати пешин умедвор аст бо истифода аз манбаъҳои кӯҳии Афғонистон бахше аз ниёзҳои молии ин кишварро таъмин кунад. Гуфта мешавад, ки вилояти Лугар дар шарқи Афғонистон соҳиби калонтарин манбаи мис дар ҷаҳон мебошад.
Афғонистон аз назари доштани тило, сангҳои қиматбаҳо, оҳан, мис ва дигар захираҳои табиӣ як кишвари ғанӣ шумурда мешавад, ки арзиши ин конҳо се триллион доллар тахмин зада мешавад.
Гуфтугӯ