Пайвандҳои дастрасӣ

Арӯсони тоҷик: Ҷабри шавҳар кам шуд, ҷабри хушдоман афзуд. ВИДЕО


Бархе аз занони тоҷик, ки аз хонаводаи шавҳар норозӣ ва афсурда берун шудаанд, на аз ҳамсар, балки аз аъзои хонаводаи ӯ – модару падар ва хоҳару бародар – шикоят доранд. Як таҳиқоти созмони "Интернешнл Алерт" дар Тоҷикистон муайян кардааст, ки сеяки хонавайронии арӯсон маҳз бо сабаби фишори аъзои оилаи шавҳар сурат гирифтааст.

"Фақат баҳона меҷуст"

Ҳар вақте ҳомила мешудам, пеш аз таваллуд бо ман ҷанҷол мекард ва бо як баҳонае маро ба хонаи модарам мефиристод. Барои одитарин гап ва ё бемории фарзандон ҳам ҷанг мекард. Бо суханҳои қабеҳ таҳқир менамуд, ки маро дидан намехоҳад

Дилшодаи 30-сола яке аз ин арӯсҳост. Ӯ ҳашт моҳ боз бо ду кӯдакаш дар хонаи волидон зиндагӣ мекунад. Дилшода рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, «пас аз ҳашт соли таҳаммули хушунати ҷисмониву равонӣ аз сӯи хушдоман, хонаи шавҳарро тарк кард».

Ин зани ҷавон аз шавҳар шикоят надорад, чун ҳар рӯз ба назди зану фарзандонаш меояд. Дилшода мегӯяд, бо ҳамсараш бар пояи ишқу муҳаббат оиладор шудаву тамоми талошро ба харҷ додааст, то дили хушдоманро ёбад. Аммо ҷанҷолҳои, ба гуфтаи ӯ, беасоси хушдоман ва таънаву маломат, ягона келини хонаводаро бо ду кӯдак аз дар берун кард. Дилшода мегӯяд, дар баробари зиндагии пур аз мушкил, арӯси хонадонро ҳеҷ гоҳ дар манзилашон сабт накарданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

“Эродҳои хушдоманам аз рӯзҳои аввали оиладорӣ оғоз шуда буд. Фақат баҳона меҷуст. Ба кори хона айб мегирифт. Дар ҳоле ки ман духтари ноболиғ набудам. Таҳсилдидаву коргар будам ва барои ҳама хандаовар аст, ки духтар рӯбучини хона ва либосшӯиро наметавонад. Ҳар вақте ҳомила мешудам, пеш аз таваллуд бо ман ҷанҷол мекард ва бо як баҳонае маро ба хонаи модарам мефиристод. Барои одитарин гап ва ё бемории фарзандон ҳам ҷанг мекард. Бо суханҳои қабеҳ таҳқир менамуд, ки маро дидан намехоҳад", - гуфт ӯ.

36 дарсад гуфтаанд, ки аз хушдоман ҷабр дидаанд

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад аз шавҳар ҷудо шуда, фарзандонашро зиндаятим кунад. Писари калониаш 4-сола аст ва ҳар шом омадани падарро интизор мешавад. Вале худи Дилшода қарор кард, ки дигар ба хонаи хушдоман барнагардад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ин мушкил танҳо хоси Дилшода нест. Аксари заноне, ки баъд аз ҷанҷол бо наздикони шавҳар ба хонаи падар баргаштаанд, мегӯянд, арӯси хонадон дар чашми онҳо як хидматгор аст ва онҳо фикр мекунанд, ҳақ доранд ба ӯ ситам кунанд. Аксари арӯсони ҷавон дар пурсиши созмони «Интернешнл Алерт» аз фишору муомилаи бади хушдоманҳои худ шикоят кардаанд. Дар таҳқиқоте, ки миёни 200 сокини чаҳор деҳаи Хатлону Суғд анҷом шудааст, 36 дарсади ҷавонзанҳо гуфтаанд, модарони ҳамсаронашон бо онҳо муомилаи баду дағалро раво мебинанд.

Шаҳрибону Шонасимова, намояндаи созмони “Интернешнл Алерт” дар Тоҷикистон, рӯзи 9-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин пажӯҳиш дар ду моҳи ахир анҷом шуда, аз се як ҳиссаи пурсидашудаҳо гуфтанд, дар зиндагӣ ҳадди имкон як бор гирифтори хушунати ҷисмониву равонӣ ва ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Шонасимова гуфт, аксари арӯсҳое, ки дар пажӯҳиш аз хушунати хушдоманҳо шикоят кардаанд, занони ҷавони аз 18 то 35-сола буданд. Вай гуфт, “зӯровариву хушунат танҳо аз латту кӯб иборат нест. Мутассифона, занон ҳаминро хушунат медонанду бас. Фишори равонӣ, иқтисодӣ, зӯроварии ҷинсӣ ва дашному таҳқир ҳам хушунат нисбат ба занон дониста мешавад”.

"Бештари занон хушунатро кори маъмулӣ медонанд"

Шаҳрибону Шонасимова
Шаҳрибону Шонасимова

Ба гуфтаи Шаҳрибону Шонасимова, мушкили аслии занони ҷавон дар деҳот таҳаммули худи онҳо дар баробари хушунату зӯроварӣ аст. «Чун бештари маврид занон хушунатро як кори маъмулӣ қабул мекунанд», - гуфт Шонасимова ва афзуд, “ҳадафи тадқиқоти мо ин нест, ки занон дар оила мақоми болотар аз шавҳар дошта бошанд, аммо талош мекунем, дар оила баробарӣ риоя шавад ва занҳо ҳуқуқи худро донанд.”

Таҳлилгароне, ки дар чунин пажуҳишҳо иштирок карда, бо занони ҷавон суҳбатҳо анҷом додаанд, мегӯянд, бисёре аз арӯсҳо мехоҳанд, лаззати зиндагии ширинро дар оғӯши ҳамсарони худ бичашанд, вале дахолати дигар аъзои оилаи ҳамсар ба зиндагӣ онҳоро нороҳат ва асабонӣ мекунад. Аз сӯи дигар, мушкилоти иқтисодӣ ҳам яке аз умдатарин омили сар задани хушунат дар хонаводаҳо гуфта мешавад.

Дар як пурсиши сарироҳии хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аксарият гуфтанд, ки келинҳо бояд “пуртоқат» ва муҳимтар аз ҳама “фармонбардор”-и хонаводаи шавҳар, махсусан хушдоманҳо бошанд.

Касе сабр кард, бурд мекунад?

Хонум Хайриннисо, ки худ модарарӯси ду келин аст, гуфт, сирри зиндагии хубу осоишта дар пуртаҳаммул ва сабур будани арӯсҳост. Вай мегӯяд, келинҳо бояд ба тамоми каму беши зиндагӣ сабр дошта бошанд ва ба бовари ӯ, “ҳар духтаре, ки тоқат мекунад, бурд хоҳад кард”.

Аммо равоншиносон мегӯянд, дар бархе ҳолат, маҳз талоши ҳифзи оила ба ҳар қимат метавонад боис ба осеби рӯҳии зан шавад. Шаҳрибону Шонасимова, намояндаи созмони “Интернешнл Алерт” гуфт, пажуҳиши онҳо муайян кардааст, ки ҳар нафари чаҳорум ё 24 дарсади пурсидашудаҳо аз афсурдагӣ ва мушкили иқтисодиву хушунати хонаводагӣ ҳадди ақал як дафъа фикри худкуширо кардаанд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, бо шиддат гирифтани мушкилоти молӣ дар оилаҳо, тангдастии домодҳои ҷавон дар харидани манзили ҷудогона барои оилаи худ, зиндагии чандин нафар дар зери як бом мизони моҷарову даъвоҳои хонагиро бештар мекунад. Дар бисёр ҳолатҳо, маҳз арӯс – духтари ҷавоне, ки ба ин хона келин шудааст, дар ҳолати ҷабрдида мемонад, чунки на ҳама аъзои хона ҳуқуқи баробари ӯро ба зиндагии комил эътироф мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG