Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари хонаводаҳо дар водии Вахш дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Ваҳдат, хотироти солҳои ҷанги шаҳрвандиро варақ мезанад. Агар қиссаҳои аксар сокинон аз назари ваҳшонияти солҳои ҷанг то андозае ҳамсон бошанд, боз ҳам ҳар нафар ва хонавода қиссаҳои вижаи худро дорад, ки тамоми умр дар хотирот нақш мебандад.

Зӯҳро Саидғуфронова мегӯяд, дар ҷангҳои пурдаҳшати солҳои 1990-ум бародари 30-сола ва шавҳари апааш кушта шуданд. Вале ҳоло дар баробари ин наздикон, ӯ аз ҷони як азизи дигараш ғусса мехӯрад, ки бо садоқату вафодории якумриаш то охир наздиктарин мавҷудоти ин хонавода буд. Саге, ки Алфа ном дошту, тамоми талхиҳои бесарусомониҳо, маҳрумиятҳо ва гурезагиҳои ин хонаводаро то Афғонистон кашид.

Алфа меҳрубон буд ва баробари мо гиря мекард

Дар моҳи сентябри 1992 Алфа-овчаркаи сесолаи сиёҳранги Саидғуфроновҳо хеле чолоку серҳаракат буд, бо кӯдакони маҳаллӣ бозӣ мекард ва шабонгоҳ посбони ин хонадон буд. Вақте оташи ҷанг то водии Вахш расид, дар қатори даҳҳо ҳазор сокини дигари Тоҷикистон, ин хонавода ҳам ба Афғонистон рӯ овард. Дар манотиқи шимолии ин кишвари ҳамсоя солҳои ҷанг аз рӯи ҳисобҳои мухталиф, тахминан 60 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон паноҳанда шуда буд. Алфа ҳам соҳибонашро дар ин муҳоҷирати маҷбурӣ ҳамроҳӣ кард.

Зӯҳро Саидғуфронова, ки ҳоло 67 сол дораду дар деҳаи Қизилшаҳри ҷамоати Бохтариён зиндагӣ мекунад, мегӯяд, дар ин гурезогурез аз оташи ҷанг, бо хусуру хушдоман ва кӯдаку набера ҳамагӣ 15 нафар буданд. Саги сиёҳи бародараш Абдураҳим ҳам то минтақаи Қарадум воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, бо онҳо рафт.

Ин зан мегӯяд, баъди чор-панҷ моҳ рӯзи 19 январи соли 1993 муҳоҷирон марзи Тоҷикистонро гузашта ба Афғонистон расиданд. Саг ҳам ҳамроҳи онҳо аз дарёи Панҷ саломат ба хоки кишвари ҳамсоя гузашт. Дар ин рӯз Абдураҳим қарор кард, ки ба Афғонистон наравад ва гашта ба манзилашон ба Бохтар баргашт.

Зӯҳро мегӯяд, аввал ҳамроҳи худ ба Афғонистон бурдани сагро дар як шароити бебандубориву набуди амният ва ғизо нозарур шумурданд. «Намехостам, ки саги бечораро ғариб кунам, хоҳиш кардам, ки Алфа бо як хонаводаи дигар бозпас ба қафо гардаду ба Афғонистон наравад, вале нашуд», мегӯяд хонум Зӯҳро. "Сагро гуфтам, ки бирав. Гуфтам, ки, «Алфаҷон, ба ҳамроҳии холааш бирав», вале саг худашро дар танам пахш карда гиря кард…Сагро низ ғариб кардам", мегӯяд Зуҳро Саидғуфронова.

Ин зан мегӯяд, ки гузаштани марзи Афғонистон бо гову гӯсфанд иҷоза буд, вале сагеро мисли Алфа, ки овчарка буд, гузаронидан кори осоне набуд. Вай ба ёд меорад, ки ҳатто сари ин масъала ду қумандони афғон -Камолӣ ва Халилӣ вориди баҳс шудаанд: "Мардум ҳама ҳайрон шуданд, гуфтанд, ки сагро ба мо деҳ, гуфтанд 10 халта биринҷ, даҳ халта орд медиҳем, вале фикр кардам, ки худам ғариб ҳастам, сагро ғариб намекунам. Ғам доданд, лек ман сагро надодам ба афғонҳо, ҳатто ба зӯрӣ Алфаро гирифта натавонистанд. Як зан гуфт, ки сагро мезанам, вале ман гуфтам манро зану сагамро не".

Занҷафои сагвафо - саге, ки аз ғами соҳибаш мурд

Зӯҳро мегӯяд, ки хонаводаи онҳо ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор муҳоҷирони дигари тоҷик ду соли расо дар як урдугоҳи паноҳандагон дар ҳудуди вилояти Қундуз зиндагӣ кард ва Алфа низ тамоми ин муддат бо онҳо буд. Обу ғизое, ки иинсон мехӯрд, бо ин саг ҳам тақсим мекарданд. Ба ёд меорад, ки хусуру хушдоманаш аз аввалин афроде буданд, ки дар ғарибӣ ҷон доданд ва ҳар дафъа эҳсос мекард, ки саг ҳам баробари ҳар талафоти азизон, ғам мехӯрад. Уллос мекашиду мегирист, ғамшарик буд. Дар ин байн талабгорони харидани саги хуб ҳам ҳар сари чанд омада барои саг пул пешниҳод мекарданд.

"Як афғон се рӯз моро назорат мекард, ки сагро бигирад, гуфтанд, ки саги гапгирро ба мо диҳед. Гуфтам, ки агар мусалмон бошед, сагамро нагиред. Силоҳ гирифта омаданд, ки агар сагро надиҳам, мепаронанд, гуфтам, ки инро ман дар ҷигарам гирифта мебарам, ба онҳо фаҳмондам."

Алфа нишоне аз бародари ҷавонам буд

Зӯҳро мегӯяд, баъди он, ки Абдураҳим ба хона баргашту давоми ду сол аз ӯ ҳеҷ дараке нашуд, ин хонавода ба барномаи «Хоки ватан»-и Радиои Тоҷикистон мактуб навишта, хостанд дар бораи макони будубоши бародарашон бохабар шаванд. Вале хабари нопадидшавии Абдураҳим тадриҷан хонаводаро ба ин бовар овард, ки ӯ дигар қайди ҳаёт нест.

Ҳамин гуфтумонҳову ғамҳои хонавода, ки бисёр вақт бо алами гурезагиву номуайянии зиндагӣ омехта мешуд, дар баробари аъзои оила сагро ҳам ғамзада кард. Хонум Зӯҳро мегӯяд, ҳар вақте Абдураҳимро ёд карда мегиристем, саг ҳам ба мо ҳамроҳ мешуд. Бо ҳамин ғам, мегӯяд ӯ, саг рӯзе бемор шуд. «Чанд командир хостанд сагро табобат кунанд, вале сагро ғам кушт. Гиря мекард. Саг вафодор буд, ба ғам тоб наоварда мурд".

Ба гуфтаи хонум Зӯҳро, сагро дар як теппаи канори урдугоҳи паноҳандагон ба хок супурданд. Ҷасади Абдураҳим ҳам баъди 11 моҳи бозгашт дар наздикии хона дар як ғоре пайдо шуд. Зӯҳро мегӯяд, ки ҳоло нишоне аз бародар ва саги вафодори ӯ боқӣ намондааст, чизе ҷуз хотира надорад ва ба набераҳояш достони Алфа ва ҷанги шаҳрвандиро нақл мекунад.

Водии Вахш шоҳиди аввалин даргириҳои ҷанги дохилӣ дар соли 1992 шуд. Дар ҷангҳои солҳои 1990-ум на камтар аз 100 ҳазор нафар кушта шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG