Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Келинҳои таваллуди 2000-ум мӯд шудааст"


Шаҳнози 29-сола ҳанӯз дар 16-солагӣ ва бо амри волидон издивоҷ карда, шавҳарашро бори аввал зери чодар дид. Ӯ мегӯяд, падараш подабон буду модараш хонанишин. Соли 2004, вақте ҳамсинфонаш дар яке аз мактабҳои шаҳри Турсунзода синфи 9 мехонданд, ӯ оиладор шуд.

Шаҳноз исми воқеии ин духтар нест, ба хотири ошкор нашудани исмаш хост бо ҳамин ном қиссаи ӯро бозгӯ кунем. Шаҳноз, як сокини шаҳри Турсунзода, мегӯяд, баъди хатми синфи 6 дигар ба мактаб нарафт. Ҳамсари ӯ як хеши дурашон буд ва ӯ то издивоҷ домодро надида буд.

Сарватмандон ҳам ба хотири бегона накардани сарвату дороии худ ба синну соли духтарон аҳмият намедиҳанд. Муборак Муқимӣ

Волидони бебизоати духтар, бо умеди ин ки баъди издивоҷ зиндагии фарзанд ва ҳамин тавр рӯзгори онҳо беҳтар мешавад, Шаҳнозро бо ҷавони аз ӯ 9 сол бузургтар никоҳ карданд. Ӯ мегӯяд, барои волидон “муҳим набуд, ки ман ба издивоҷ омодаам ё не”.

Модари танҳо дар ...18-солагӣ

Пас аз ду соли зиндагӣ Шаҳноз аз шавҳар талоқ гирифт ва бо як писар ба хонаи падар баргашт. Замоне, ки ҳамсолони ӯ акнун мактабро хатм мекарданд ва барои таҳсилу зиндагии ояндаашон нақша мекашиданд, Шаҳноз аллакай як модари танҳо буд. Сабаби аз ҳам ҷудо шудани ӯ, ба гуфтаи ин ҷавонзан - таънаи шавҳару хушдоман ва хоҳаршӯ буд, ки ҳамеша бо ӯ ҳамчун ба “як хизматгор” бархурд мекардаанд. “Шавҳарам кор намекард, аммо модараш маро мегуфт, ки шавҳарат кор намекунад, аз куҷо нон мехурӣ? Маст мешуд, доим маро мезад, писарамро зад. Ҳатто бо корд ҳам зада буд”, - гуфт Шаҳноз.

Шаҳноз инак 12 сол аст бешавҳар аст. Ҳоло барои ба даст овардани маблағ ва пешбурди зиндагии худу яккаписараш дар хонаи ҳамсояҳо тамизкориву ошпазӣ мекунад ва гоҳҳо аз роҳи фурӯши шириниҳо ҳам маблағ ба даст меорад. Ҷавонзан аз ин афсус мехӯрад, ки хатту савод надорад, то дар донигоҳ таҳсил кунад ва ҷои кори хуб ёбад.

Ҳоло духтарони мисли Шаҳноз дар Тоҷикистон кам нестанд, ки бо сабабҳои иқтисодӣ, зери фишори хонавода ваё аз тарси бешавҳар монданд бармаҳал издивоҷ мекунанд.

41 ҳолати издивоҷҳои бармаҳал

Мақомоти интизомии кишвар, аз ҷумла вазорати умури дохила мегӯянд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 41 ҷинояти ба шавҳар додани духтарони ноболиғро сабт кардаанд. Ин омор нисбати як соли пеш се дарсад зиёд аст. Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, издивоҷи духтарони ноболиғ бештар дар минтақаҳои Хатлону Суғд ошкор шуда, парвандаи волидони онҳо ба додгоҳ рафтааст.

ЮНИСЕФ соли 2007 по пахши ин акс издивоҷи марди 40 са арӯси 11-сола дар Афғнистонро маҳкум кардааст
ЮНИСЕФ соли 2007 по пахши ин акс издивоҷи марди 40 са арӯси 11-сола дар Афғнистонро маҳкум кардааст

Онҳое, ки қонунро нақз мекунанд, бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол, ё ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ муҷозот мешаванд.

Модари арӯси 16-сола: Духтарам хушбахт аст

Яке аз ин волидон - Дилафруз Саидова, сокини ноҳияи Восеъ аст. Ин модар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду моҳ пеш духтари 16-солааш оила барпо кард. Дилафрӯз Саидова тавҷеҳ дошт ва танҳо ба хотире ба издивоҷи духтари ноболиғаш розӣ шуд, ки дар шароити мушкили молӣ қарор дошт ва наметавонист чаҳор фарзандро дар танҳоӣ “саришта” кунад. Ин модар гуфт, шавҳараш дар Русия аст ва соле танҳо як маротиба ба назди онҳо меояд, худаш дар бунгоҳи тиббӣ кор мекунад ва аз саҳар то шом барои таъмини зиндагӣ берун аз хона аст.

“Аввалаш шароити хуб надоштем, дуюм ин ки вақте фаҳмидам, ки духтарам бо писари ҳамсоя ҳамдигарро дуст медоранд, нахостам, ки миёни мардум гапи зиёд шавад. Духтари ман 16-сола буду мактаб намехонд. Вақте барои ин ба суд муроҷиат кардам, ки ба таври истисноӣ иҷозаи издивоҷро диҳанд, онҳо ба зуди розӣ нашуданд ва мо туй кардем”.

Саидова мегӯяд, бо ин ки духтараш хеле ҷавон издивоҷ кардааст, “вале зиндагии хуб дорад”. Вай дар посух ба ин суол ки то куҷо духтари 16-солаи ӯ барои хонадорӣ омода буд, гуфт: “Ман, ки ҳамеша дар кор будам, тамоми кори хонаро мекард, хурок мепухт. Фикр намекунам, ки кор дар зиндагӣ проблема шавад”.

Ин модар ҳоло ба саволҳои тафтишот посух мегӯяд. Ӯ мегӯяд, арӯсии духтар бидуни қайди ЗАГС ва танҳо бар асоси никоҳи мусалмонӣ сурат гирифт. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон як соли охир муқаррароти сабти арӯсиҳо ҳам хеле шадид шуда, танҳо дар паи ақди никоҳи расмӣ дар сохторҳои давлатӣ, намояндаи рӯҳоният ҳақ дорад никоҳи ҷавононро ба расмият дарорад. Дар акси ҳол, рӯҳонӣ ҳам гунаҳгор мешавад.

Қонун шадидтар шуд, тафаккур тағйир наёфт

Дар Тоҷикистон соли 2010 синни издивоҷ як сол боло бурда шуд ва духтарон аз 18-солагӣ ҳаққи барпо кардани оиларо ба даст оварданд. Мақомот ҳам гуфтанд, ки ин тағйирот пеш аз ҳама бо ҳадафи ҳифзи ҳуқуқи духтарҳо роҳандозӣ мешавад, ки тавонанд дар синни балоғат ва огоҳона оила барпо карда аз арӯсиҳои бармаҳал ҷилавгирӣ шавад. Як далели дигараш ҳам ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ва мусоидат дар таҳсили духтарон буд. Ҳамчунин дар кишвар танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва он ҳам бо иҷозати додгоҳ никоҳ бо афроди зери 18-ро иҷозат медиҳанд. Дар ҳолати ятиму нимаятим будани духтарҳо додгоҳҳо ба таври истисноӣ ба арӯсии духтарҳои 17-сола иҷозат медиҳанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи зан мегӯянд, бо вуҷуди ташдид шудани қонунгузорӣ, никоҳҳои барвақтӣ ҳамоно ба мушоҳида мерасанд ва бархе ҳамин охирҳо “келин кардани духтарони соли таваллудашон 2000-ум ба истилоҳ "муд" меноманд”.

Сарватмандон ҳам ба ин кор мераванд

Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи зан мегуянд, мушкили аслии издивоҷҳои бармаҳали духтарон, танҳо ба шароити моливу камбизотӣ рабт намегирад. Муборак Рустамзода, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид "Малолаи тоҷик" ном гирифта, ҳоло ба тарғиби таҳсили духтарон дар Тоҷикистон машғул аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои ахир издивоҷҳои бармаҳали духтарон дар хонаводаҳои доро ҳам бештар мушоҳида мешавад.

Чун, ба гуфтаи ӯ, аксари сарватмандон ба хотири бегона накардани сарвату дороии худ ба синну соли духтарон аҳмият намедиҳанд. Муборак мегуяд, дар ҷараёни кору фаъолияташ бо заноне вохурааст, ки дар гузашта ноболиғ хонадор шуда баъди чанд соли зиндагӣ бо ду ё се фарзанд аз шавҳарони худ ҷудо шуда баъди чунин сарнавишти хеш барои идомаи таҳсил иқдом кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ издивоҷҳои бармаҳалро ҳамчун нақзи ҳуқуқи духтарони наврас арзёбӣ карда мегӯянд, чунин издивоҷҳо ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани онҳо интиқод мекунанд. Илова ба ин, издивоҷҳои бармаҳал ба зеҳну равони духтарҳо таъсири манфӣ гузошта, онҳоро аз хурдсолӣ зери бори масъулияти оиладорӣ, муносибат бо хешовандони ҳамсар ва гирудорҳои хонаводагӣ мегузорад. Ҳолатҳои дучори хушунат шудани ин гурӯҳи духтарҳо ҳам, ки як сабабаш ноомодагӣ ба равобити ҷинсӣ ва ҳаёти оилавӣ мебошад, кам нест.

20 ҳазор арӯсии бармаҳал дар як рӯз

Мутахассисони соҳаи тиб ҳам мегуянд, ҷисми занҳое, ки бармаҳал издивоҷ мекунанд, ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ барои наслофарӣ пурра омода нест ва ҳомила шудан барои саломатии ӯ хатар дорад ва зани ҳомила метавонад ба душвориҳои зиёд рӯбарӯ шаванд.

Дар як гузориши муштараки созмони бритониёии «Save the Children» ва Бонки ҷаҳонӣ бо номи “Издивоҷҳои бармаҳалро хотима диҳед: Қонуни издивоҷҳои бармаҳал ва маҳдудиятҳои он”, ки дар остонаи "Рӯзи байналмилалии духтарон" нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳар рӯз дар ҷаҳон 20 ҳазор духтаре, ки тибқи қонунҳои миллии кишварҳояшон синашон барои издивоҷ нарасидааст, ба шавҳар дода мешаванд.

Дар солҳои гузашта, издивоҷҳои бармаҳал дар Тоҷикистон низ ба таври қобили мулоҳиза ҷой дошт. Дар гузориши соли гузаштаи Созмони бритониёии "Наҷоти кӯдакон", дар Тоҷикистон аз миёни духтарони 20-24-солаи оиладор, 12 дарсадашон то 18-солагӣ никоҳ кардаанд.

XS
SM
MD
LG