Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани танфурӯш: “Мардҳоро ҷарима накунед” ВИДЕО


Дарди дили як зани танфурӯш: “Мардҳоро ҷарима накунед”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00

Дарди дили як зани танфурӯш: “Мардҳоро ҷарима накунед”

Пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон барои муҷозоти мардоне, ки аз “хидмат”-и занони сабукпо истифода мебаранд, дар як ҳафтаи гузашта бо вокунишҳои мухталиф рӯ ба рӯ шуд. Агар бархе аз ин иқдом ҳимоят карда, онро барои боло бурдани ахлоқи ҷомеа муҳим донистанд, бархеи дигар гуфтанд, ки ба ҷои ин беҳтар аст ҷойҳои кории муносиб офарида шавад.

Чанд дафъа хостам, ба рӯбучини хона ё нигоҳубини кӯдакон машғул шавам, аммо касе хадамоти маро қабул накард.Вале вақте дар дар рӯзнома менависам, ки маҳс мекунам, ҳама занг мезананд.

Дар ин қатор бархе аз занони танфурӯш низ изҳори назар карданд. Яке аз онҳо бидуни ифшо кардани ном ва намоиш додани чеҳраи худ рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим кори онҳоро, ки ягона манбаи даромадашон аст, аз байн мебарад. “Танҳо ҳамон вақт мардонро ҷарима банданд, ки барои ба мисли ман барин занҳо ҷойи кор ташкил кунанд. Мо аз ҳисоби мардон зиндагиамонро пеш мебарем. Онҳоро ҷарима кунанд, занҳои танфурӯш чӣ кор мекунанд? Зиндагиамонро аз куҷо пеш мебарем”, - суол гузошт ӯ.

Ин мусоҳиби мо гуфт, ки ҳаждаҳсолааст ва ду сол қабл ба ин “кор” машғул шуд. Замоне, ки ба иддаоаш ӯро аз хонаи шавҳар ва аз хонаи волидон ронданд. Ӯ гуфт, “маро дар 17-солагӣ ба шавҳар доданд. Хеле ҷавон будам ва барои зиндагӣ омода набудам. Иқрор мешавам, ки аз дастам коре намеомад, ҳатто одитарин ғизоро таҳия карда наметавонистам. Аз хушдоман зиёд гап мешунидам. Оҳиста-оҳиста суханҳои ӯ ба шавҳарам таъсир карданд ва як рӯз ҷанг шуда, маро дар шаби зимистон аз хона пеш карданд.”

Назари мардум. Видеои тарафдорон ва мухолифони муҷозоти мардони "сабукпо":

Назари сокинон ба муҷозоти мардони "сабукпо"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Ин зан гуфт, ки давоми ду сол озору шиканҷаи зиёд дидааст ва омодааст, ки дар ягон ҷой кори муносиб кунад ва ё зиндагии худро бо марде бипайвандад. Ба саволи инки чаро натавонистааст то ин дам тарки ин кор кунад, гуфт, “чанд дафъа хостам, ба рӯбучини хона ё нигоҳубини кӯдакон машғул шавам, аммо касе хадамоти маро қабул накард.Вале вақте дар дар рӯзнома менависам, ки маҳс мекунам, ҳама занг мезананд. Дигар инки ман кор накунам, пули иҷораи хона хонаро кӣ хоҳад супурд?”

Додситонии кулли Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта пешниҳод кард, барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, ҷазо таъйин шавад. Ин пешниҳод дар шакли тарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон навишта шуда, қарор аст, дар аввали соли 2018 ба порлумон ирсол гардад.

Фаррух Рауфов, муовини сардори як раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “ин лоиҳа барои пешгирӣ аз фоҳишагӣ ва тарбияи ахлоқии ҷомеа равона шудааст. Ҷарима ва ҳабси маъмуриро дар назар дорад.”

Соли 2015 порлумон қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тағйир дод ва ба онҳое, ки ба танфурӯшӣ машғул мешаванд, аз 10 то 20 нишондиҳанда, яъне аз 500 то 1000 сомонӣ ҷарима таъйин кард. Ҳоло маълум нест, ки тарҳи пешниҳодӣ барои таъйини ҷазо барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мебаранд, дар порлумон қабул мешавад, ё не аммо бидуни шак, пешниҳоди мазкур аз тарафи ҳомиёни ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон истиқбол хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG