Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 арӯс аз бадмуомилагиву хушунати равонии хушдоманҳояшон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба созмонҳои иҷтимоии вилояти Хатлон шикоят кардаанд. Дар шикоятҳои арӯсҳо, аз ҷумла гуфта шудааст, ки дар пайи бадмуомилагии хушдоманҳо, мавриди латукӯби шавҳарони худ қарор мегиранд. Бархе аз арӯсони ноумедшуда дар хонаи падарҳои худ, дигарҳо зери бори фишору хушунат зиндагиро дар зери як бом бо ҳамсару хушдоманҳо, идома медиҳанд.

Як достони "ҷанҷол"-и келину хушдоман

Дар як соли ахир ба созмонҳои иҷтимоии воқеъ дар минтақаи Қӯрғонтеппа, беш аз 2000 зан аз вуҷуди хушунат дар хонаводаашон, шикоят кардаанд.

Яке аз онҳо Гулнора Дӯстматова, сокини 26-солаи деҳаи Қиёти ноҳияи Қубодиён аст. Ин модари як тифли боғчараву дигаре ширхор, дар пайи ҷанҷолҳои пайдарҳам даъво карда, чанд моҳ пеш ба хонаи падари худ баргашт. Вай мегӯяд, тобу тоқати азоби хушдоманро бардошта натавонист, чунки бо баҳонаҳои ҷузъӣ, ҳамеша моҷаро барпо мекард. Ба гуфтаи ӯ, хурдагирии хушдоман ба тарзи муносибат ва тарбияи фарзандон, мавзӯи тамизкориву озодагӣ, пайваста боиси эҷоди даъво дар хона мешуд. Вай гуфт, пайваста гапи бад мешуниду асабонӣ буд.

Гулнора Дӯстматова
Гулнора Дӯстматова

Тоқати ӯ рӯзе тоқ шуд, ки даъвои навбатӣ сари афтодани кӯдак сар зад: "Кӯдакамро аз боғча оварданд, ки афтид ва сару рӯяш пур аз хун шуд. Барои ҳамин хушдоманам бо ман ҷанг кард ва ман ҳам асабӣ шудаму ҷанг кардам. Гуфтам, ки “шумо кордор нашавед, кори худатонро кунед”. Ӯ низ асабӣ шуд ва маро дашномҳои бад кард".

Гулнора Дӯстматова мегӯяд, ки ба хотири ҳифзи оилааш аз шавҳар ҷудо нашуд, вале ҳамчунин қарор кард, ки дигар ба хонаи хушдоман барнагардад. Ҳоло бо машварати мақомоти маҳаллӣ ва бо кӯмаки пулии ҳамсари муҳоҷираш, дар паҳлӯи замини хушдоман хона месозад. Панҷ моҳ аст ҳамсари Гулнора дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст. Ин зани ҷавон мегӯяд, ки қомати хушдоманашро аз дур мебинад, вале дигар намешунавад, ки чӣ фармон ва чӣ мегӯяд.

"Келин бояд хушдоманро эҳтиром кунад"

Дар навбати худ, хушдоманаш Ҳанифа Зиёдалиеваи 57-сола мегӯяд, ки як зани озодаву тозакор аст ва тозагиро дӯст медорад. Вақте кӯдакҳоро бо либоси чиркин медид, арӯсро ҷанг мекард, ки озодагии фарзандонро риоя кунад. Дар пайи як моҷаро бо арӯс, ки аз ҳоли бадаш ба падар телефонӣ шикоят кардааст, телефони дасти арӯсро ба замин зада шикастааст.

Ҳанифа Зиёдалиева
Ҳанифа Зиёдалиева

Ҳанифа Зиёдалиева мегӯяд, ки келинҳо бояд хушдомани худро эҳтиром кунанд ва фармонбардори хушдоман бошанд: "Хушдоманро бояд эҳтиром кунад, гапашро гӯш кунад, мехоҳам, ки ҳурмат кунаду хизмат намояд. Дар хонаи ман ҳама шароит ҳаст, ширу ҷурғот низ дорем, гуфтам, ки келин азоб накашад, писарашро ба боғча додам."

Дар ҳоле, ки зиндагии Гулнора Дӯстматова баъди мудохилаи мақомоти маҳаллӣ як андоза ором шудааст, хонаводаҳои зиёди дигар ҳамарӯза дар шароити даъвову ҷангу ҷанҷол ба сар мебаранд.

Кӣ гунаҳкор -- келинҳо ё хушдоманҳо?

Хосият Забирова
Хосият Забирова

Хосият Забирова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки шоҳиди ҳодисаҳои зиёде шудааст, ки маҳз хушдоманҳо гунаҳгори хонавайронии фарзандон ва асабонияти ҳамешагии арӯсонашон мешаванд. Забирова гуфт, ки ҳолатҳои зиёде ҷой дорад, ки ин моҷароҳо бо гуноҳи келинҳо ҳам рух медиҳад:

"Ҳолате буд, ки хушдоман гунаҳгор аст. Вале келинҳо низ бегуноҳ нестанд, ҷангу ҷидол мекунад ва хушдоманро бадном мекунад. Духтарҳои ҷавонро ба шавҳар медиҳанд, шавҳарон баъди ду-се моҳ ба муҳоҷират мераванд ва онҳоро танҳо мемонад. Келинҳо аз танҳоӣ ва дурии шавҳар асабонӣ мешавад ва ба насиҳати хушдоман тоб намеоранд."

Таҷрибаи "талх"-и Қубодиён аз хушунат

Мавзӯи мубориза бо хушунати хонаводагӣ бо иштироки хушдоман ва келинҳоро мақомоти Қубодиён ҷиддӣ гирифтаанд. Соли 2015 додгоҳи Хатлон ду келинро аз хонадони Азимовҳо дар Қубодиён барои куштори бераҳмонаи модарарӯс дар маҷмӯъ ба 43 соли зиндон маҳкум кард. Ин шояд даҳшатноктарин ҳодисаи қатли модари шавҳар дар даҳсолаҳои охир буд.

Дар додгоҳи Хатлон Ойгул Пардаева ва Сафаргул Хоҷаева – барои қатл, оташ задан ва ба дарёи Кофарниҳон партофтани ҷасади модарарӯс Нозигул Азимова дар декабри соли 2014 маҳкум шуданд. Онҳо гуфтанд, ки модари шавҳаронашон пайваста дар кори хона дахолат ва хурдагирӣ мекард ва муҳити хонаро барои онҳо тоқатфарсо карда буд. Баъди ин ҳодиса мақомот талош мекунанд сари вақт ба хонаводаҳои “мушкилзо” рафта аз вуқӯи фоҷеаҳои дигар пешгирӣ кунанд. Баробар бо онҳо, созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ҳам бо занҳо кор мекунанд.

Шикоятҳо аз хушунат

Сайёра Маҳмадова, яке аз фаъолони ҳуқуқи зан мегӯяд, дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 зани ҷавон аз бадмуомилагии хушдоманҳо ба созмонҳои ҷамъиятӣ шикоят кардаанд. Яке аз машваратҳои созмонҳо ин аст, ки қурбониёни хушунат ба ҳеҷ сурат хомӯш набошанд ва дар бораи мушкили худ ба мақомоти дахлдор, пулис ва созмонҳои кор бо занон муроҷиат кунанд. Вале дар аксар машваратҳо ба занҳо талқин мешавад, ки таҳаммул ва роҳҳои созандаи муросову муомиларо пайдо кунанд, то ки оилаи худро ҳифз кунанд.

Аммо дар бархе ҳолатҳо, маҳз талоши ҳифзи оила ба ҳар қимат метавонад боиси осеби равонии зан шавад. Равоншиносон мегӯянд, дар бархе ҳолатҳо беҳтар аст, ки занҳо таҳаммул накунанд ва агар илоҷи дигар набуд, ҷудо шуда аз пайи зиндагии худ шаванд.

Дар бисёр ҳолатҳо, равобити фармонфармоёнаи модари писар ба ҳамсараш, ки тибқи одати қабулшудаи қадима арӯсро “як хидматгори хона” мебинанд, боиси зулму зӯргӯӣ аз болои келин мешавад. Арӯсҳо аз субҳ то шом масъули иҷрои тамоми корҳои хона, таҳияи ғизову нигоҳубини фарзанд мебошанд ва дар бархе ҳолатҳо аз ин сӯиистифода мешавад.

Чаро хушунат?

Аз тарафи дигар, бисёр арӯсҳо мехоҳанд лаззати зиндагии ширинро дар оғӯши ҳамсарони худ бичашанд ва аз дахолати дигар аъзои оилаи ҳамсар ба зиндагиву вақту кори худ нороҳат ва асабонӣ мешаванд. Мушкилоти иқтисодиву молӣ яке аз муҳиимтарин омилҳои сар задани хушунат дар хона мешавад.

Дар як соли ахир ба созмонҳои иҷтимоии воқеъ дар минтақаи Қӯрғонтеппа - "Ғамхорӣ", "Дилафрӯз", "Ҳамроз", "Маҳбуба", "Бонувони фардо" ва "Хайрхоҳи занон" беш аз 2000 зан аз вуҷуди хушунат дар хонаводаашон шикоят кардаанд. Аз миёни онҳо 316 нафарашон хушдоманҳоро муқассири бадбахтиҳои худ номидаанд ва дар 539 ҳолат аз шавҳарон домангир шудаанд. Дар ҳолатҳои боқимонда аъзои дигари хонавода ба унвони манбаи хушунат дар оила номбар шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG