Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалқаи хушунат дар Хатлон васеътар мешавад


Додгоҳе дар вилояти Хатлон Умед Талбаков, як сокини ноҳияи Восеъро дар хушунати хонаводагӣ муҷрим донист ва ӯро ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Сироҷиддин Нуров, додситони вилояти Хатлон, зимни суханронӣ дар иҷлоси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гуфт, ин мард хонумаш Зумратбӣ Шарифоваро мунтазам латукӯб ва таҳқир мекард.

Додситони Хатлон мегӯяд, Зумратбӣ Шарифова дигар тавони таҳаммули рафтори шавҳарашро надошт ва бо нияти худкушӣ як миқдор доруи зидди ҳашарот – «Бур»-ро истеъмол кард ва дар бемористон бистарӣ шуд. Додситонӣ, ки қазияро аз оғоз пайгирӣ мекард аз рӯи аъмоли Талбаков банди 109-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, "ба худкушӣ расонидани инсон"-ро истифода кард. Талбаков бо ҳукми суд ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Сироҷиддин Нуров, додситони вилояти Хатлон.
Сироҷиддин Нуров, додситони вилояти Хатлон.
Сироҷиддин Нуров бо таассуф гуфт, ки ин аввалину охирин мавриди хушунати хонаводагӣ нест, ки занҳоро ба худкушӣ тела медиҳад. Қабл аз ин ҳам Суҳроб Раҳматшоев, як сокини ноҳияи Шаҳритус, бо хушунати равониву ҷисмонӣ соли гузашта ҳамсарашро ба худкушӣ водор карда буд, барои 3 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои расмӣ, дар як соли ахир 33 нафар сокини вилояти Хатлон танҳо "дар натиҷаи ҷанҷоли ночизи оилавӣ" даст ба худкушӣ задаанд. Ҳамчунин гузоришҳо ҳокист, ки 14 нафари дигар "дар натиҷаи муомилаи бераҳмона ва азобу уқубат аз ҷониби нафаре" ва 17 нафар "бинобар душвориҳои муқаррарии рӯзгор", худкушӣ кардаанд.

Ба ин далел алайҳи онҳое, ки одамонро ба худкушӣ расонидаанд, 13 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Додситонӣ мегӯяд, 10 зани хатлонӣ дар натиҷаи азобу уқубат, яъне латукӯби мунтазам ва хушунати равонию ҷисмонӣ аз ҷониби шавҳар ё хушдоманашон худро ба дор овехтанд ё оташ заданд. Аз ин 10 нафар яке ҳам ҷон ба саломат набурд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00
Линки мустақим


Малоҳат Усмонова, равоншиноси маркази буҳронии «Ғамхорӣ», аз шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, воқеан, занҳои ситамкашида ба созмони онҳо маъмулан аз хушдоманҳо ё модаршӯяшон шикоят мебаранд.

Малоҳат Усмонова мегӯяд, «чанде пеш барои ба мусолиҳа овардани хушдоману келин ба хонаашон рафта будем. Хушдоман танҳо барои ин ки келинаш фармони ӯро саривақт анҷом надодааст, ӯро аз хона ронданист ва мегӯяд, то дар пеши поям сар гузошта бахшиш напурсад, аз гуноҳаш намегузарам. Вақте келин ҳавлирӯбӣ мекардааст, хушдоманаш гуфтааст, ки ба сари замин рафта, алафашро чин. Келин гуфтааст, ки ин корро пас аз рӯбучин иҷро мекунад. ин суханаш боиси хашми модаршӯяш шуда. Ҳамчунин хушдоман талаб мекардааст, ки келинаш ҳар субҳ бояд соати 4-и саҳар хеста, ҳавлӣ рӯбад, об занад, кори замин кунад, ношто тайёр кунад ва мисли ин. Келин мегӯяд, ки ҳоло намедонад чӣ тавр аз ин хушунатҳои равонӣ раҳоӣ ёбад. Вай ҳатто кӯшиши худкушӣ кардааст.»

Малоҳта Усмонова, равонишинос
Малоҳта Усмонова, равонишинос
Дар ҳамин ҳол, додситонии вилояти Хатлон аз фаъолияти сусти шуъбаҳои умури дин, кумитаи занон ва оила ва имом-хатибони масоҷиди ҷомеъ дар масъалаи пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва пойдор намудани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни зану шавҳар интиқод кард.

Аммо Раҷабалӣ Саидов, сархатиби яке аз масоҷиди ноҳияи Вахш, гуфт, дар мавриди ҳаром будани худкушӣ аз назари ислом, дар чандин намози ҷумъа мавъиза кардааст. Вай афзуд, андеша ва талоши худкуширо ислом, ки аксари кулли аҳолии Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, гуноҳи кабира медонад.

Ба таъкиди мақомоти додситонӣ, мавориди худкушӣ бо роҳи худовезӣ аз шаклҳои маъмултарини худкушӣ дар ин минтақа буда ва то кунун 98 мавриди он сабт шудааст. Ҳамчунин 16 нафар бо роҳи заҳролудшавӣ ва 13 нафар бо роҳи захмӣ кардани узвҳои бадан қасд ба ҷони худ кардаанд.

Аммо дар ҷамъ дар соли рафта дастикам 136 мавриди худкушӣ сабт шудааст, ки дар қиёс бо солҳои пешин рӯ ба афзоиш будааст.
XS
SM
MD
LG