Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯс бошад, духтур бошад


Коллеҷи тиббии шаҳри Душанберо омӯзгорону муҳассилин нимшӯхиву нимҷиддӣ даргоҳи бахткушо ном мебаранд. Ба ин даргоҳ ҳар рӯз то 5 хостгор ё заноне меоянд, ки барои писарони худ арӯси таҳсилдида ва пизишк мекобанд. Омӯзгорони коллеҷ мегӯянд, агар посбон ва панҷараҳои атрофи муассиса набошад, хостгорон дар ҷараёни дарс низ то синфхонаҳо хоҳанд омад.

Олга Шарипова
Олга Шарипова

Модароне, ки дар ҷустуҷӯи арӯси сазовор ва таҳсилкарда ба назди муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ меоянд, ба интихоби духтарон дар атрофи коллеҷ қонеъ нашуда, барои дарёфти маълумоти дақиқ дар бораи духтар ва хонаводаи ӯ ба омӯзгорон муроҷиат мекунанд.

Олга Шарипова, сармутахасс дар умури тарбия ва раиси шӯрои занону духтарони Коллеҷи тиббии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, “аз моҳи сентябр сар карда, омадани хостгорҳо шурӯъ мешавад. Вақте муроҷиат мекунанд, аввал мепурсам, ки бо кадом мақсад келин мекунед? Оё медонед, ки духтар дар соҳаи тиб мехонад ва таълим дар ин соҳа осон нест? Шумо шароите доред, ки келинатон хонад? Аксарият модароне ҳастанд, ки худашон дар ягон ҷо кор намекунанд, таҳсил накардаанд, келини хондагӣ интихоб мекунанд.”

​Дар миёни хостгорон духтароне бартарият доранд, ки дар курсҳои болоӣ ва дар бахши буҷавӣ таҳсил мекунад. Соҷида Зиёдова, мудири факултаи кори момодоягӣ дар Коллеҷи тиббии Душанбе, гуфт, барои аксар хостгорон хислафту рафтори онҳо муҳим аст. “Дар бораи қаду қомат ҳозир чандон намепурсанд. Бештар мехоҳанд, ки феълу рафтори хуб дошта бошад. Донову кордон бошад. Талабот ба чунин духтарон бештар аст”, - афзуд ӯ.

Талоши издивоҷ бо духтарони таҳсилдида ва хушхарид шудани онҳо дар ҳолест, ки дар гузашта интихоби духтарони таҳсилкарда ва аслан бегона чандон маъруф набуд. Эҳтиёҷ ба келинҳои пизишкро бештар ба он вобаста медонанд, ки ҳоло хонае нест, ягон узви он беморие надошта бошад.

Малоҳат Ҳусейнова
Малоҳат Ҳусейнова

Малоҳат Ҳусайнова, донишҷӯи соли дувуми Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, яке аз арӯсонест, ки бахташро дар ҳамин таълимгоҳ пайдо кард. Хушдоманаш ӯро дар назди дарвозаи коллеҷ диду писанд намуд. “Рости гап, аз пеши коллеҷ мегузаштам, ки маро дида пурсиданд, оё дар ҳамин коллеҷ мехонам. Ман гуфтам, бале. Суроғаамро пурсиданд. Баъд хостгор фиристоданд, бо писарашон шинос шудам, ба якдигар маъқул шудем. Тӯй кардем. Хушдоманам худашон ҳамшира ҳастанд ва мехостанд, ки келинашон ҳам корманди соҳаи тиб бошад”, - нақл кард Малоҳат.

Хонаводаи шавҳар ба таҳсили Малоҳат зид нестанд ва, баръакс, ба гуфтаи ӯ онҳо мехоҳанд дар дарсҳо фаъол бошад ва қафо намонад. Духтароне, ки ба ин шева аз Коллеҷи тиббӣ арӯс интихоб мешаванд, баъд аз тӯй ҳам таҳсилу зиндагии онҳо аз ҷониби масъулини муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон назорат мешавад. Соҷида Зиёдова, мудири факултаи кори момодоягӣ мегӯяд, “ҳолате буд, ки духтарро келин карданду шавҳараш ба идомаи таҳсили ӯ мухолифат намуд. Мо ӯро даъват кардем, аз рӯзгори худ мисол оварда, домодро ба роҳи рост бурдем. Ӯ розӣ шуд, ки арӯсаш хонданро идома диҳад.”

​Як модаре, ки ҳамроҳаш дар назди Коллеҷи тиббӣ ҳамсӯҳбат шудем, мегӯяд, 3 келин дорад ва ҳама соҳибмаълумотанд. Ӯ ва писараш мехоҳанд, ки арӯси навбатӣ пизишк бошад. Аз як сӯ барои зарур будани пизишк дар ҳар хонавода ва аз сӯи дигар ба гуфтаи ин модар ҳоло ба як мард пеш бурдани зиндагӣ мушкил шудааст. “Барои он духтари дар соҳаи тиб таҳсилкардаро интихоб мекунем, ки ягон касаливу беморӣ шавад, дигар духтур намекобем. Аз худат ҳаст. Шабу нимашаб, ки касал шудӣ, кумакат мекунад”, - гуфт ӯ.

Духтароне, ки таҳсил дар макотиби оливу миёнаи махсусро интихоб кардаанд, зарурати дарёфти касб ва манфиати он дар ҳама гуна вазъияти рӯзгорро дарк мекунанд. Чизи нави дигаре, ки масъулини муассисаҳои тиббӣ мушоҳида кардаанд, ин аст, ки дар вохӯриҳои масъулини коллеҷ бо волидони донишҷӯён, на танҳо падару модари онҳо, балки акнун хушдоман ва ё шавҳари духтарон ба унвони афроди наздики онҳо ширкат карда, аз ҷараёни омӯзиш огоҳ мешаванд.

Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ беш аз 6 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, ки ҳудуди 4 ҳазор нафари онҳо духтаранд. Ба гуфтаи ҷомеашиносон, ниёз ба аъзои коргар дар хонаводаҳо волидон ва ҳам фарзандонро водор кардааст, ки духтари таҳсилдидаро келин интихоб кунанд.

XS
SM
MD
LG