Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизориҳои мардуми Ворух аз сафари Эмомалӣ Раҳмон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Исфара сафар мекунад ва қарор аст бо мардуми Ворух -- ҷамоати ҳамсарҳад бо Қирғизистон, мулоқот намояд. Ворух аз ҷумлаи минтақаҳоест, ки сари ҳар чанд вақт дар онҷо муноқишаҳои марзӣ сар мезанад. Эмомалӣ Раҳмон бори ахир соли 1993 ба Ворух сафар карда буд.

Мардуми ҷамоати Ворух мегӯянд, ки аз ҳафтаи гузашта ба ин тараф омодагӣ ба пешвози раиси ҷумҳур ҷараён дорад. Мақомот мегӯянд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара байни рӯзҳои 20 то 25 июл сурат мегирад ва ӯ дар онҷо бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот мекунад.

Ворух ба истиқболи президент омода мешавад

Як мақоми ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 15-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назар аст дар Исфара мулоқоти президенти Тоҷикистон бо Сооронбой Ҷеенбеков сурат гирад ва ба дунболи он Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати Ворух меравад ва бо сокинони деҳаҳои наздимарзӣ мулоқот мекунад.

Як масъул дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара рӯзи 15-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло омодагӣ барои сафари президент ҷараён дорад. "Мо хонаҳоро сафед карда истодааем, роҳҳоро мумфарш карда истодаем, мардум бо хушҳолӣ сафари Ҷаноби олиро интизоранд. Умедворем ҳамаи масъалаҳо бо хубӣ анҷом меёбанд",- афзуд ин манбаъ.

Сокинони ҷамоати Ворух низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки интизори сафари президент ҳастанд ва умедворанд баҳсҳо ва танишҳое, ки тайи солҳо дар мавзеъҳои марзӣ бо қирғизҳо сар мезанад, ҳалли худро пайдо мекунанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон сафари раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков ба минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасдиқ, аммо аз ифшои ҷузъиёт дар ин бора худдорӣ кард.

Намояндаи ин дафтар гуфт, барномаи гуфтугӯи президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли баррасӣ аст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, бо наздик шудани санаи сафар, ҷузъиёти он нашр хоҳад шуд.

Ҳалли масоили марзӣ --мавзуи меҳварии гуфтугӯи ду президент

Дар ҳоле, ки мақомоти ду кишвар ба таври расмӣ ҳозир нестанд мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбековро дар Исфара шарҳ диҳанд, вале манобеи наздик ба мақомоти тоҷик мегӯянд, масъалаи ҳалли қитъаҳои баҳсии марз мавзӯи калидии гуфтугӯи руасои ду кишвар аст.

Як мақом дар шаҳри Исфара, ки аз гуфтугӯҳои байни ҳайатҳои ду кишвар огоҳ аст, бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайатҳои ду ҷониб феълан машғули омодасозии санадҳое ҳастанд, ки бояд барои имзо ба Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков пешниҳод шаванд. Ба гуфтаи манбаъ, ташхиси марз масъалаи аслии гуфтугӯ рӯи мизи комиссияи муштараки байниҳукуматӣ аст, ки сари он кор рафта истодааст.

Як мақоми дигар дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз қабл як ҳайати мутахассисони харитасоз аз ин ниҳод аз шаҳри Исфара баргаштанд. Ба гуфтаи манбаъ, ин гурӯҳи мутахассисон масъалаи харитасозӣ дар минтақаҳои ҳаммарзро баррасӣ карданд.

Ҳар ду манбаи Радиои Озодӣ бо ишора ба мулоқоти руасои ду кишвар дар минтақаҳои баҳсӣ таъкид карда гуфтанд, ҷонибҳо ба тавофуқи ҷиддӣ дар масъалаи марзӣ даст ёфтаанд. Аммо ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ин тавофуқ дар сатҳии болои ҳукуматҳои ду кишвар ниҳоӣ шудааст.

Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи бештар аз мақомоти баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон бенатиҷа буд. На дар дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон касе ҳозир нашуд дар ин бора расман суҳбат кунад.

Мақомоти расмӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ рафъи мушкилоти истифода аз об, замину роҳ ва чарогоҳҳоро ба ҳалли ниҳоии таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, аломатгузорӣ шудани хати марз ба ин ҳама мушкилот ва ҷанҷолу даъво хотима хоҳад дод.

Мушкилоти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Решаи мушкилоти аслӣ дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмате калони хати марз мебошад, ки аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст. Мақомоти ҳарду тараф мегӯянд, ки мушкил дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад.

Аксари баҳсҳои марзӣ дар хати сераҳолии марз, аз ҷумла дар сарҳади ноҳияҳои Исфараву Ботканди Тоҷикистону Қирғизистон сар мезанад ва асосан ба масъалаи дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо рабт мегирад.

Хати марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст, ки то кунун 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашуда, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG