Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Қирғизистон: "Ҳалношуда мондани хатти марз боиси ихтилоф мешавад". ВИДЕО


Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири роҳ надодан ба муноқишаҳои марзӣ ва ҳам ҷилавгирӣ аз хушунатҳо ҳукуматҳо бояд шароити зиндагии мардумро беҳтар карда, масоили ҳалношудаи марбут ба аломатгузории марзи муштаракро ҳал кунанд.

Дар сар задани муноқишаҳои марзӣ ҷониби севум ҳам манфиатдор аст. Аз ин рӯ шароити зиндагии сокинони наздимарзиро беҳтар бояд кард

Ҷениш Рустенбеков, сафири нави Қирғизистон, ки як моҳ пеш эътимодномаашро ба президенти Тоҷикистон супурдааст, мегӯяд, таърихи муноқишаҳои марзии миёни сокинони деҳоти ду кишвар аз замони шӯравӣ маншаъ мегирад. Ба гуфтаи ӯ, аксар моҷароҳо марбут ба мушкили дастрасии мардум ба обу замин, чарогоҳҳо ва дигар захираҳои моддӣ аст, вале ҳама гуна хушунат метавонад ба манфиати гурӯҳҳои сеюм бошад.

"Давлат бояд ба мардум шароити дуруст фароҳам кунад"

Ӯ рӯзи 4 апрел дар ҳошияи як нишасти минтақавӣ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарду ҷониб бояд коре бикунанд, то ба тавсеаи низоъ ва дахолати “дасти сеюм” роҳ надиҳанд.

Ҷаниш Рустенбеков дар ин бора гуфт:

"Дар сар задани муноқишаҳои марзӣ ҷониби севум ҳам манфиатдор аст. Аз ин рӯ шароити зиндагии сокинони наздимарзиро беҳтар бояд кард. Ман чанде пеш дар он ҷо будам. Ҳарчанд шароит барои зиндагӣ кардан вуҷуд дорад, вале бояд хубтар кард. Бояд давлат ба мардум шароити хуби зиндагӣ фароҳам кунад, ба об дастрасӣ дошта бошанд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Рустенбеков ҳарчанд "нисфи зиёди хатти марзӣ муайян шудааст, вале минтақаҳои мушшахасношуда ҳамчунон вуҷуд доранд, ки рустои Ворух аз ҷумлаи онҳост”. Ба эътиқоди вай, муноқишаҳо миёни сокинон танҳо дар минтақаҳое сар мезананд, ки хатти марзиаш то ҳол муайян карда нашудааст.

Зимнан, Ҷениш Рустенбеков моҳи гузашта дар оғози даргириҳои миёни сокинони наздимарзии ду кишвар дар як мусоҳибааш бо бахши Қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек гуфта буд, ки роҳе, ки сохтмонаш мавриди эътирози ҷониби Тоҷикистон шуд, дар “қаламрави Қирғизистон ҷойгир аст ва он бояд ҳатман сохта шавад”.

Дар пайи муноқишаи 13-14 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳ кушта шуда, беш аз 20 нафар, аз ҷумла 3 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд. Ин моҷаро баъди он сар шуд, ки сокинони деҳоти Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Ботканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Сокинони деҳоти марзӣ мегӯянд, ки ҷониби Қирғизистон ҳамингуна тирамоҳи порсол монеи сохтмони лӯлаи обе барои сокинони Ворух шуданд ва дар натиҷа, бино ба баҳсӣ будани макони сохтмони лӯлаи об корҳо мутаваққиф мешавад. Баъди ин бунёди Оғохон, ки маблағгузори ин тарҳ буд, гуфт, то муддати ҳал шудани баҳсҳо иҷрои ин тарҳ мутаваққиф мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон ба сари масъалаи марз бармегарданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Музокирот ва протоколи муштарак

Ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд маҳз ҳамин масоили марбут ба аломатгузорӣ шудани қитъаҳои баҳсии сарҳадиро рӯзҳои 5 ва 6 апрел дар Душанбе баррасӣ кунанд. Қарор аст ба Душанбе ҳайате ба раҳбарии муовини нахуствазири Қирғизистон Ҷениш Разоқов сафар кунад, ки давоми 5 рӯз – аз 14 то 18 март бо ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим дар Ворух музокирот барпо карданд. Дар протоколи имзошуда, ки онро ҷонибҳо «ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб» арзёбӣ карданд, гуфта шуд, ки баъди ин посгоҳҳои марзӣ аз марз бардошта шуда, дар деҳоти тоҷикиву қирғизие, ки моҷаро бархост, патрули низомӣ ба намояндагӣ аз ҳарду ҷониб назорат мебарад.

Тасмими дигар ин шуд, ки сокинони ҳарду кишвар ба сохтмони қитъаҳои ҳаётан зарур барои рафтуомади бемамонеаи шаҳрвандонашон иҷоза медиҳанд. Як қарори дигари муҳим ин шуд, ки додситониҳои кулли ду кишвар бо таъсиси гурӯҳи муштараки таҳқиқотӣ бар асоси 7 моддаи ҷиноӣ ҳодисаҳои марз, аз ҷумла куштор ва ҳамлаҳои сокинони деҳотро таҳқиқ мекунанд ва ваъда доданд, ки омилони ин ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Вале муҳимтарин баҳс – аломатгузорӣ шудани қитъаҳои баҳсии сарҳади ду кишвар бояд дар ҷараёни музокираҳои байниҳукуматӣ ҳаллу фасл шавад.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 4 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан вазъият дар минтақаҳои марзии ду кишвар комилан ором аст ва ҷонибҳо тибқи тавофуқоти ахир назорат ва таъмини амният дар минтақаҳои аҳолинишини марзиро анҷом медиҳанд.

Наврӯзи ормонҳо. Гузориши вижа аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:07 0:00

"Гузашт бояд аз ҳарду ҷониб бошад"

Аммо Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили сиёсии тоҷик бар ин назар аст, ки Тоҷикистон дар баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон гузаштҳои зиёде кардааст ва минбаъд ҷониби Қирғизистонро зарур аст, ки барои таъмини субот дар ин минтақа ба гузашҳое розӣ шавад. Вай афзуд:

“Аз соли 2002 ба ин тараф ҷониби Тоҷикистон гузаштҳои беҳисобе кардааст ва Бишкек тавонист дар ин муддат куллия тарҳҳои сохтмони роҳҳо дар ин минтақаро анҷом диҳад. Вале дар посух Тоҷикистон ба ҳеҷ гузашти Бишкек дар масоили баҳсҳои марзӣ даст наёфт.

Вақте сокинони рустоҳои марзӣ ба мисли Воруху Хоҷа Аъло эътироз мекунанд, ин ба он маънист, ки ин минтақаи мавриди баҳс аст. Вале, чаро фақат ҷониби Тоҷикистон гузашт мекунад. Агар Бишкек ҳадафи таъмини субот дар ин минтақаро дошта бошад, пас, бояд ба гузаштҳое розӣ шавад. Дар акси ҳол, ин муноқишаҳо метавонад ба ҷанге анҷом ёфта, хунрезие сурат бигирад”.

Мисли ин, дар Қирғизистон ҳам сиёсатмадорон ва таҳлилгарону фаъолон ба ҳифзи манфиатҳои миллии кишвари худ пойфишорӣ мекунанд. Гурӯҳҳои саргарм дар Қирғизистон баъди муноқишаи марзиву анҷоми музокираҳо ҳатто муовини нахуствазири ин кишвар Ҷениш Разоқовро дар «ҷосусӣ ба манфиати Тоҷикистон» муттаҳам карданд, вале таҳқиқи сохторҳои ҳифзи қонун, ки бо дархости парлумон анҷом шуд, ин иттиҳомотро беасос унвон кард.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.

Дар ҳамин ҳол Ҷениш Рустенбеков гуфт, ки 5 ва 6 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории комиссияи байниҳукуматӣ дар робита ба таъйин ва аломатгузории хатти марзӣ баргузор мешавад. Мақомоти баландпояи Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар соли ҷорӣ созишнома дар бораи таъйини хатти марзӣ имзо хоҳад шуд. Вале сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар ин замина иттилое надорад.

Азим Иброҳим: Дар Ворух патрули муштарак амал хоҳад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG