Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони роҳи Исфара-Ворух идома дорад ё қатъ шудааст?


Раиси вилояти Суғд мегӯяд, ки таъмири ягона роҳи байни Исфара-Ворух идома дорад ва қатъ нашудааст. Вале ҷониби Қирғизистон мақомоти тоҷикро муттаҳам мекунанд, ки "худсарона ба таъмири роҳ оғоз кардаанд". Онҳо мегӯянд, феълан таъмири роҳ боздошта шудааст.

Таъмири роҳи Исфара-Ворух, ки бахше аз он аз ҳудуди Қирғизистон мегузарад, рӯзи 18-уми июн боиси баҳс миёни сокинони наздимарзии ду кишвар шуд. Мақомоти шаҳри Исфараи Тоҷикистон гуфтанд, сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканди Қирғизистон монеи таъмири асосии шоҳроҳи Исфара-Ворух гаштаанд.

“Ягон проблема нест, роҳ мумфарш мешавад”

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, сохтмони роҳи Исфара-Ворух идома дорад ва маблағи таъмири он низ аз ҷониби ҳукумати вилоят ҷудо шудааст. Ба таъкиди Раҷаббой Аҳмадзода, бояд панҷ километр роҳ мумфарш карда шавад. "Сохтмони роҳ ҷараён дорад, мумфарш мекунем. Ягон мушкил нест", --афзуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилояти Суғд хабарҳоро дар мавриди муқобилияти сокинони минтақаи наздимарзии Қирғизистон барои таъмири роҳ рад кард. Ин дар ҳолест, ки пештар мақомоти шаҳри Исфара аз норозигии сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканди Қирғизистон ба таъмири асосии шаҳроҳи Исфара-Ворух хабар дода буданд.

Қирғизистон: “Тоҷикистон худсарона амал кард”

Мақомоти тоҷик дар ҳоле ба идомаи таъмири роҳи Исфара-Ворух таъкид мекунанд, ки ҷониби Қирғизистон ин амалро нодуруст хонд.

Масъулони дафтари матбуотии нерӯҳои сарҳадии Қирғизистон рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “мақомоти Тоҷикистон худсарона ба мумфаршкунии роҳи Исфара-Оқсой-Ворух шуруъ карданд.”

Қушунҳои сарҳадии Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба он муттаҳам мекунад, ки давоми як соат роҳро дар ин минтақа баста, ба дархости марзбонон низ итоат накарданд. Иддаое, ки ҷониби Тоҷикистон онро рад мекунад.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон дархости марзбонони қирғизро дар бора қатъи корҳои корҳои сохтмонӣ рад карданд, ки боис ба муноқишаи кӯчак шуд. Баъд аз баргузор кардани мулоқоти марзии ду ҷониб корҳои сохтмонӣ мутаваққиф карда шуд”, -- афзуд манбаъ.

Дар Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, феълан музокироти сохторҳои қудративу интизомӣ ва мақомоти маҳаллии ду кишвар идома дорад.

Таъмири роҳ: Манбаи нави муноқишаи марзӣ?

Сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон даъво пеш овардаанд, ки минтақаи бунёди роҳ баҳсӣ мебошад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, макони бунёди роҳ пурра қаламрави Тоҷикистон мебошад.

Дар кул, се рӯзи ахир марзи Исфараи Тоҷикистон бо вилояти Ботканди Қирғизистон гирифтори моҷароҳое шудааст. Рӯзи гузашта як сокини ҷамоати Ворух гуфт, гурӯҳе аз сокинони вилояти Ботканд боми иқоматгоҳи онҳоро дар чарогоҳи баҳсбарангез дар марз оташ задаанд.

Аз кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон дар ин бора шарҳе нарасидааст ва расонаҳои Қирғизистон, ки доир ба ҳар моҷаро дар марз гузориш медиҳанд, дар ин бора чизе нанавиштаанд.

Дар ҳамин ҳол Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мегӯяд, муовинашро барои фаҳмидани вазъ ба марз фиристод ва “феълан вазъ ором аст”. Аҳмадзода афзуд, "санҷиш гузарондем, маълумот дорем, ягон проблема нест дар онҷо".

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб 519 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои таъйину аломатгузоринашуда гоҳ-гоҳ ҷангу даъвову кашмакаш барои обу чарогоҳу замин рух медиҳад ва ба хунрезӣ ҳам кашидааст.

Дар муноқишаи рӯзҳои 13-14 марти имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон куштаву беш аз 20 кас маҷрӯҳ шуданд. Минтақаҳои баҳсии марз асосан дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаку вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG